1-уми урдибиҳишти соли 1389, ки мутобиқ бо 21-уми апрели соли 2010 мебошад, дар Иҷлоси шоирони ҷаҳон дар Шероз аз сӯйи ниҳодҳои фарҳангии дохилӣ ва хориҷӣ ба унвони Рӯзи Саъдӣ номгузорӣ шудааст.
Ва имсол ин санаи муборак мутобиқ бо 20-уми апрел мебошад, ки ба ин муносибат Маҳфили андешаварзӣ ва зеҳнии «Хирадманд» бори савум доир ба мавзӯи «Мазмун ва мундариҷаи китоби «Гулистон» ва шарҳи ҳоли мухтасари Шайх Саъдии Шерозӣ» дар деҳаи хушманзару босафои Моҷарми кӯҳистони Нурато баргузор гардид.
Дар ин нишасти дӯстона дастаҳои мунтахаби донишомӯзон аз нуҳ мактаби кӯҳпоя – аз деҳаҳои Порашт, Ӯхм, Моҷарм, Синтаб, Соб, Эҷ ва Сойхурд барои гузарондани бозии интеллектуалӣ ва хониши шеъру қироати матн аз муҳтавои китоби «Гулистон» ва ашъори Саъдии Шерозӣ гирдиҳам омаданд. Дар маҳфили мазкур муаллимону сарварони мактабҳо, вакилони Маркази миллию фарҳангии вилояти Дизах, устодони шеъру сухан, аз ҷумла, шоир Абдулло Субҳон, нависанда Юнуси Имомназар, рӯзноманигорон Тӯхтамиши Боқӣ, Анорбой Шодипур, Раҳимшоҳ Шарифзода, Фаридуни Фарҳодзод ширкат варзиданд.
Дар воқеъ, пири хирад, шоиру ҳакими дурандеш Саъдии бузургвор бо офаридани ин китоби пандуахлоқии худ чӣ қадар дақиқу хушбинона пешгӯйӣ кардааст, ки ҳар гуна гул ё дастагул хушку нобуд шуда меравад, аммо гулистони ӯ доиман бо бӯйи хуши худ, яъне бо мазмуни ҳикматомезу тарбиявии худ зинда асту боқӣ мемонад. Бояд ҳар яки мо бидонему дарк кунем, ки Саъдӣ инсони одӣ нест, балки ӯ муаллими муаллимон, беҳтарин шоири ғазалсаро, файласуфе дар ҳаёти инсонӣ аст, ки дар омӯзишу парвариши аҳли башар саҳми босазо дорад ва мероси ӯро на фақат мардуми эронитабор, балки тамоми ҷаҳон мехонанду ба он арҷ мегузоранд. Чунончи, ин байтҳояш машҳури ҷаҳон шудааст, ки ахлоқу асли одамиятро ифода мекунад:
Банӣ одам аъзои
якдигаранд,
Ки дар офариниш зи
як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад
рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад
қарор.
Ту, к-аз меҳнати дигарон
беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд
одамӣ!
Дар идомаи маҳфил, се давраи бозии интеллектуалӣ доир гардид. Дастаҳои хирадҷӯйи ҳар як мактаб бо тартиб аз қуттии савол баргаҳои пурсишро гирифта дар ҳар се марҳила пас аз 4-5 дақиқаи омодагӣ ба саволҳо посух доданд. Ҷойи зикр аст, ки ҳар як савол аз муҳтавои китоби маъруфи «Гулистон» тартиб дода шуда буд.
Дар ин сабқат дастаи рақами 46 аз мактаби деҳаи Ӯхм ба ҷойи сеюм, дастаи рақами 13 аз мактаби деҳаи Порашт ба ҷойи дуюм ва дастаи рақами 43 аз деҳаи Эҷ ба ҷойи якум сазовор дониста шуда-нд.
Нишасти фарҳангию мусобиқаи зеҳнӣ бо ду номинаи дигар идома пайдо кард. Нахуст, нуҳ нафар донишомӯз аз нуҳ мактаб дар саҳни идонаи мактаб саф ороста бо тартиб аз ҳикоятҳои «Гулистон» ба тарзи ифоданок қироат карданд. Дар ин сабқат донишомӯзи мактаби рақами 38 (аз деҳаи Синтаб) Тӯхтагули Амондухт дебочаи «Гулистон»-ро бо маҳорати хос ва салису дилнишин бозгӯй намуда, дар байни ҳамтоёни худ дастболо гардид.
Номинаи дуюм – хониши ифоданоки шеър хеле ҳаяҷонангез ва пурталош гузашт. Доварон аз байни нуҳ нафар донишомӯз се нафарро ба ҷойи якум пешбарӣ карданд. Дар натиҷа, лозим омад, ки аз байни донишомӯзон Фарзонаи Халил, Дилрабои Саломатуллоҳ ва Субҳидами Анорбой беҳтарин шеърхон баргузида шавад. Ин масъулият ба дӯши шоир Абдулло Субҳон вогузошта шуд. Пас аз шеърхонии такрорӣ шоир аз ҳар се бо изҳори ризоят сухан гуфт ва азбаски Фарзона ба лафзи умумифорсӣ ва хеле дилнишину ҷаззоб шеърхонӣ кард, ӯро аз ҳама бартар донист. Раёсати маҳфил, ба таври истисно, ҳам Фарзона ва низ Дилраборо ба хотири қироати дурусту ҷолибашон ба ҷойи аввал муфтахар ҳисобид ва ба ҳар ду Тақдирномаю ҷоизаҳои омодашударо супорид.
Дар доираи маҳфили андешаварзӣ ва зеҳнии «Хирадманд» донишомӯзони мактаби миёнаи Моҷарм рақсу бозиҳои ҷаззоби худро намоиш доданд, овозхони шинохта Икроми Худойназар аз оҳангҳои дилрабои худ сароид, рӯзноманигор Раҳимшоҳ Шарифзода суханронӣ карда, туҳфаҳои фиристодаи устоди калом, зодаи кӯҳистони Нурато Қироншоҳ Шарифзодаро ба дасти ширкаткунандагони маҳфил расонид. Сарвари маҳфили «Хирадманд» Юнуси Имомназар бо суханронии худ ба ҷамъомади фарҳангӣ ва интеллектуалӣ ҳусни хотима бахшид. Ӯ, аз ҷумла, Рӯзи ҷаҳонии Саъдиро дубора ёдовар шуда изҳор намуд: «Камина аз фурсат истифода бурда, аз тамоми маъмуриятҳои мактабҳои кӯҳпоя, ба хусус, аз мудирони мактабҳо, масъулони маърифат ва маънавият, омӯзгорони забон ва адабиёт, ки аз рӯзҳои нахустин инҷониб ин лоиҳаи моро дастгирӣ мекунанд ва барои баргузории маҳфили китобхонии «Хирадманд» ҳамаҷониба ёрӣ мерасонанд, изҳори сипос мекунам. Тавре ки мегӯянд, як даст бесадост, як нафару ду нафар ҳеч гоҳ аз уҳдаи баргузории ин гуна барномаҳо намебарояд... Азбаски мо бо ҳам дӯсту бародар, ҳамфикру ҳамбол ҳастем, тавонистем маҳфилҳои худро доир кунем ва бешак, мақсади ҳамаи мо якест: бештар босавод кардани фарзандон, боло бурдани савияи дониш ва завқу шавқи донишомӯзон ба китобхонӣ ва ба ин восита, салису пок нигаҳ доштани забони модарӣ, мустаҳкам намудани дӯстии байни ҷамоаҳои мактабӣ ва хонандагон. Гирди ҳам омадани чилу панҷ – панҷоҳ нафар донишомӯз ва доир ба мавзӯи омӯхтаи худ қувваозмоӣ кардани онҳо ва низ ҳифз кардани шеъру пораҳои матнӣ ва бо маҳорат бозгӯйӣ кардани онҳо аз ниҳояти алоқаю муҳаббати бепоёни онҳо ба забони ноби модариамон гувоҳӣ медиҳад.
Дар поён мудири мактаби Моҷарм инсони худшиносу олиҳиммат Асалбойи Акабой ва ҳамкорони ӯ тамоми ширкаткунандагони маҳфилро ба сайру тамошои доманакӯҳҳои деҳаи зебоманзари Моҷарм, ба хусус, зиёрати Арчаи якуним- ҳазорсолаи он даъват кард.
Холбикаи НУРНАЗАР,
омӯзгори забону адабиёти тоҷики мактаби №43
Суратгир: Раҳимшоҳ ШАРИФЗОДА.