ДАР КОРХОНАИ МАҲАЛЛАИ ТЕМИРҚОВУҚ

Ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов аз филиали корхонаи хусусии «Premiyer textile», ки воқеъ дар маҳаллаи «Темирқовуқ»- и ноҳияи Нурато буда, беш аз 100 нафар машғул ба фаъолияти кори доимӣ мебошанд, дидан кард.

Корхонаи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти газвор тахассусонида шудааст. Маҳсулоти тайёри трикотажи корхона ба Русия экспорт мешавад.
Дар айни ҳол маъмурияти корхона бо соҳибкорони Туркия барои роҳандозии корҳои тиҷоратӣ гуфтушунид мебарад. Ният доранд, ки экспорти маҳсулоти тайёри трикотажро ба Туркия низ ба роҳ монанд, ҳудуди фаъолияти корхонаро васеъ намоянд. Зимни роҳандозии ҳамкорӣ ҷойҳои нави корӣ пайдо гардида, банднокии аҳолии бекор бо шуғли доимӣ таъмин карда мешавад.
Ҳокими вилоят аз ҶММ «Nyrota qorakol naslchilik» низ дидан кард ва бо рафти чораю тадбирҳои зидди касалиҳои чорво, беҳдошти насл ва афзунсозии самараноки он шинос гардид.
Дар ҶММ «Nurota qorakol naslchilik» 800 сар чорвои майдаи шохдор ва бузҳои тибетии аз Русия овардашуда парвариш карда мешавад. Соли 2018 ба ҶММ 1400 сар бузи тибетӣ оварда буданд, ҳоло он ба 2500 сар расидааст. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН, хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: