Шунидам аллаи модар паси гаҳвора тоҷикӣ,
Шунидам аллаи модар паси гаҳвора
тоҷикӣ,
Салиси ҳар каломи аллааш ҳамвора
тоҷикӣ.
Навои хонадон афганда андар хони
алвонам,
Тановул кардаме ҳар луқмаи нонпора
тоҷикӣ.
Кушодам дидагон, бар гӯши ман омад
санои дил:
Ки гаштам ошиқи шайдои ду рухсора
тоҷикӣ.
Ҳавои ишқи қалб афтода бар авҷи фари
дилбар,
Шудам гирди сари кошонааш сайёра
тоҷикӣ.
Сухан ширин бигуфтӣ сар ба сар дури
дарӣ суфтӣ,
Ба нозу ишваи мастона, эй маҳпора
тоҷикӣ.
Ғазал гуфтам ба мадҳи нозанинони ватан
чандон,
Сурудам сӯзи дил чун булбули овора тоҷикӣ.
Сари санги мазорам менависад мухлисе
рӯзе,
Ду шаҳбайти баёзам бо дили садпора
тоҷикӣ.
Малик КАБИРОВ.
Забони модарӣ
Ҷон фидо созам ба алфози дарӣ,
Баҳри фарҳангу забони модарӣ.
Ҳар сухан, ҳар ҳарфи он як санъат аст,
Як забони хоси аҳли ҷаннат аст.
Меваи хубу гуворо бошад он,
Аз азал машҳури дунё бошад он.
Аз забони Рӯдакии покзод,
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ба ёд.
Ҳофизу Саъдию Румӣ ҷовидон,
Дурру гавҳар резад аз ашъорашон.
Он забони илми Сино будааст,
Аз азал зӯру тавоно будааст.
Форсию ҳам дарию тоҷикӣ,
Дар ҳама давру замон буда яке.
Ин забон монанди баҳри бекарон,
Дурру гавҳар буда дар қаъраш ниҳон.
Ин гуҳарҳо шеъру алфози дарӣ,
Дилнишин чун аллаҳои модарӣ.
Лафзи тоҷикии мо поянда бод,
То ҷаҳон боқист, гӯям: зинда бод!
Ӯғулой ҶӮРАБОЕВА,
ноҳияи Узун.