ЁДГОР САЪДИЕВ: МАРО БИҶӮЕД АЗ СӮХ

Чеҳраи намоёни ҳунар, нақшофари варзидаи театр ва синамо Ёдгор Саъдиевро берун аз ҷумҳурӣ низ мешиносанд.

 Хусусан дар Тоҷикистон ҳаводоронаш зиёд. Ҳамкориаш бо «Тоҷикфилм» ба ин боис шудааст. 
Зодаи шаҳри Тошканд (1946) ва хатмкардаи Институти театр ва санъати рассомии ба номи Островский (1971), чанде дар театри ҷавонон «Ёш гвардия» ҳунар намудааст. Солҳои зиёдест, ки  дар ҳозира Театри миллӣ-академии Ӯзбекистон фаъолият мебарад. 
Вай ба ин даргоҳи муътабари ҳунар даврае қадам гузошт, ки  Набӣ Раҳимов, Олим Хӯҷаев, Шукур Бурҳонов, Зайнаб Садриева, Ғанӣ Аъзамов барин ситорагони санъати театру кино ободгари саҳнаи он буданд. Кор бо ин гуна устодони воқеии саҳна, албатта, шараф ҳисоб меёфт ба истеъдодҳое, ки нав қадам мезанад дар пайроҳаи ҳунар.  
Коргардонҳои кинову театр, воқеан, нақши дучоршударо ба ӯ намесупоранд. Нақшҳоеро мебозад, ки мисле барояш хос ва мосанд. 
Ғолибан, эътибори ӯро танҳо асарҳое ба худ мекашанд, ки ғояи баланд доранд, ифодагари мазмунҳои иҷтимоию фалсафӣ дар воқеаҳои ҳаётианд. Актёр олами ботинии қаҳрамони худро пеши назари бинанда ба таври табиӣ ҷилвагар сохта, эҳсосоти қалбӣ ва олами ботинии ӯро ба тарзи тезутунди психологӣ талқин месозад. Зоҳиру ботини қаҳрамон дар иҷрои ӯ нафақат бо сухан, диологу монологҳо, айни замон тавассути имову ишорот ва ҳаракати драматикӣ намоён шуда ва ин ҳама бидуни ихтиёр ба ҳиссиёти тамошобин асар мекунад, бинандаро бефарқ намегузорад.
Ҷиддияти том, ки дар шахси Ёдгор Саъдиев ҳувайдост, мисле ба нақшҳои гуногунаш дар синамову спектаклҳо сироят кардаанд. Симоҳое меофарад мисли худаш хеле ҷиддӣ. Вале ин маъное надорад мазҳакаро ба табиаташ бегона шуморад. Шудааст бо иҷрои хуб дар мазҳакаҳои «Исёни арӯсон» ва «Зангирӣ»тамошобинонро ба завқ орад ва хандонад.
Ҳунарпешагон хусусан дар солҳои охир хеле серкор метобанд. Филмҳои зиёди бадеиву телесериалҳо ба сурат бардошта мешавад. Шояд режиссёре нест, бо ҳунарпешагони маъруф ва шинохтае мисли ӯ ҳамкориро орзу накунад. Вале Ёдгор Саъдиев хуб медонад дар ин гуна маврид чӣ кор кунад. Бигзор онҳое ҳар гуна таклифро қабул ва худро ба чаҳор самт зананд, ки манфиати моддиро бештар фикр мекунанд. Ҳол он ки аз меъёр зиёд чеҳранамоӣ дар экран ба чӣ оқибатҳо меоварад, ба нақшофарҳое, ки қадри худро медонанд, маълум.
Бинобар ҳамин ҳам актёроне чун Ёдгор Саъдиев саъй мекунанд бо «камнамоӣ» қадр ва ҳурмати худро нигоҳ доранд.  
Бо вуҷуди ҳамин қаҳрамони лавҳаи мо дар кино ва театри замонавӣ бараканок эҷод карда, чун ҳунарпешаи сермаҳсул шинохта шудааст. Бе эҷод ва нақшҳои офаридааш, хусусан, намоишҳои саҳнавии Театри миллиро дар ним асри охир тасаввур кардан душвор. Вай нақшҳои сафири фаронсавӣ (аз «Мирзо Улуғбек»), Карл Моро («Роҳзанҳо»), Кочкарёв («Зангирӣ»), афсонагӯ («Маликаи барфӣ»), Ғафур («Бой ва хидматчӣ»), Прометей («Оташро напарто, Прометей»), писари хурд («Ғарибон»),  Бобур («Шабҳои ситоразор»), Климков («Дар рӯйхатҳо нестанд»), Арслон («Оина»), Абдураҳмон («Каждум аз меҳроб»), Филипп («Рӯъё»), Аброр Ҳидоятов (»Тамошо давом мекунад») ва амсоли онҳоро хотирмон бозид ва ба дили тамошобинҳои зиёд роҳ ёфт. Айни замон эътиборан аз солҳои шастуми асри сипаришуда бо киностудия аз наздик ҳамкорӣ кард. Симои хеле ҷавони ӯро, аз ҷумла, дар картинаҳои «Дилбарам» ва «Кӯчаи сенздаҳсафедор» дида метавонем. Абдусалому Олимҷони вай, инак, бештар аз ним аср инҷониб ба дӯстдорони санъати кино қарин. Ҷуз ин нақшҳои Додобӯрӣ («Армон») ва Шайх Ҷаъфар («Мағлубнопазир») дар иҷрои ӯ мондагорӣ касб кардаанд.
Ёдгор Саъдиев бо иҷрои қобили таваҷҷуҳ ба қимати видеофилм ва теленамоишҳо низ афзудааст.  Дар филми тасвирии «Абӯалӣ ибни Сино» нақши Синои бузургворро бозида бошад,  дар «Алишер Навоӣ»-и таърихӣ Бадеъуззамонро пеши назари бинанда зинда гардонд.  Нақшҳои Ҷаббор («Диёнат») ва Орифҷон («Имон»), айни вақт, ба бештар маҳбубият пайдо карданаш сабаб гардиданд. 
Дар солҳои ҳаштодуми қарни сипаришуда бинандагони оинаи нилгунро хусусан ду видеофилм, ки аз тариқи телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дода шуданд, хеле мутаваҷҷеҳ сохт: «Хонадомод» ва «Гирдоб», ки дар онҳо нақшҳои марказиро Ёдгор Саъдиев ва Эркин Комилов бозидаанд. Ӯринбой (аз «Хонадомод») образи мусбат аст, Йӯлдош («Гирдоб»), баръакс, образи манфист ва Ёдгор Саъдиев ба тасбит расонд дар иҷрои чӣ гуна нақше набошад, маҳорати комил дорад.
Номи қаҳрамоне, ки ба туфайли иҷрои аълои нақшофар маъруф шудааст, ба худи ӯ «гузаштанаш» ҳам мумкин. Масалан, Ғанӣ Аъзамовро Мӯъмин («Девори тиллоӣ») номанду Шукур Бурҳоновро Эдип («Шоҳ Эдип»), Теша Мӯъминов («Хуни муқаддас») –  чун Тӯйчӣ дар байни аҳолӣ машҳур гашту  Абдураҳим Абдуваҳҳобов («Бачаи шум») – ҳамчун Шумбола. Обид Юнусов Уткӯрӣ ном гирифт. Қаҳрамони ҳикояи мо Ёдгор Саъдиев-чӣ?
Қисмате аз ҳаводоронаш ӯро бо номи роле, ки дар телефилми бисёрқисматаи «Шайтанат» бозид, Асадбек ном мебаранд. Зимнан, дар рӯйи экранро дидани асари ҳамноми Тоҳир Малик иҷрогари нақши марказӣ Ёдгор Саъдиев саҳми муҳим гузошт.  Аз қисми ҳафтум сар карда, то қисми охирин. Саъдиев дар офаридани телесериал вазифаи коргардониро низ ба зимма гирифта буд. Алалхусус, Асадбеке, ки ӯ офарид,бисёр образи мураккаб. 
Гурӯҳи ҳунарӣ таҳти сарпарастии Саъдиев ҳанӯз биступанҷ сол пеш дар сериалофарӣ ба чӣ қодир будани эҷодкорони миллиро намоиш карда буданд.
Мегӯянд актёри номӣ дар ҷавонӣ футболбоз – аъзои клуби «Пахтакор» будааст. Баъдтар дар муҷассамаофарӣ низ худро санҷида, бо кумаки мутахассисони соҳа нимтанаи устодаш Набӣ Раҳимовро бо маҳорати баланд офаридааст. 
Аз робитааш бо киносозони тоҷик ҳарф задем. Хусусан, дар картинаи шашсериягии «Ҷӯрашикорчӣ аз Минархар» (истеҳсоли «Тоҷикфилм», 1985, коргардон Сайидо Қурбонов)) вай бо иҷрои нақши Тағой ба қалби дӯстдорони кинои тоҷик роҳ ёфт. Воқеаҳо солҳои 1918–1928 дар Помир рӯй медиҳанд. Симои то андозае тоҷиконаи яке аз қаҳрамонҳо дар тимсоли Тағой ба табиӣ баромадани сериал ва мақоми хос пайдо кардани он дар байни филмҳои бисёрқисмата дар давраи шӯравӣ сабаб шудааст.
Баҳори соли гузашта бо ташаббуси Федератсияи иттифоқи касабавии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона бо иштироки ҳунарпешагони номдор чорабинии маънавӣ-фарҳангӣ рӯйи кор омад. Бо расидани навбати Ёдгор Саъдиев саҳна ҷон гирифт, эҳсоси мардум бештар ба ҷунбиш омад, завқу шавқ толорро пур кард. Ёдгорака низ дар ибтидои баромад муҳаббати ба сӯхиён, меҳри ба ин мавзеи биҳиштосо доштаашро гуфт ва бадоҳатан як шеър хонд, ки бо ин мисраъҳо тамом мешавад: «Гум шуд Ёдгор, Ӯро аз Сӯх 
биҷӯед».
Ҳаводоронаш медонистанд, ки Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон, барандаи Мукофоти давлатии ба номи Ҳамза Ёдгор Саъдиев нафақат актёр ва режиссёри бомаҳорат, ҳамчунин ҳофизи хушадост. Вай яке аз таронаҳои миллиро дар ҳавои сурудҳои классикӣ иҷро кард. Мардум сипосу ихлоси қалбиашро бо кафкӯбиҳои бардавом изҳор намуд. «Дилро ба дил раҳест дар ин гунбади сипеҳр» ва дигаргунатар ифода созем, аз рӯйи меҳр, аз рӯйи меҳр ва аз рӯйи меҳр.

Муҳаммадҷон ШОДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: