ЗАБОНИ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁР

Забон рукни муҳими миллат ва давлатдорист.

Ҳар кадоми мо бояд эътибор ба забони давлатиро чун эътибор ба мустақилият, эҳтиром ва садоқат ба забони давлатиро эҳтиром ва садоқат ба Ватан шуморем.
Шавкат МИРЗИЁЕВ.

Забон рукни муҳими миллат ва давлатдорист. Дар ҳар кишвар, бо вуҷуди он ки дар он миллату халқиятҳои гуногун умр ба сар мебаранд, яке аз забонҳо давлатӣ эълон шудааст. Мамлакатҳое низ ҳастанд, ки дар онҳо чанд забон давлатӣ мебошад.
Дар диёри мо, тавре ба ҳамагон маълум, забони давлатӣ забони ӯзбекист.
Дар аксарияти собиқ ҷумҳуриҳои бародарӣ мақоми давлатиро молик шудани забони маҳаллӣ осон накӯчид. Дар нимаи дувуми солҳои ҳаштодум дар Ӯзбекистон низ чунин ҳолат рӯй дод. Лозим омад зиёиҳо,равшанфикрон, аҳли адабу фарҳанг дар ин роҳ мубориза баранд.
Забонҳои маҳаллӣ ба мамониат дучор мешуданд. Маҳдудияти забонҳои миллӣ, танг шудани доираи дастгирии онҳо ба он меовард аҳолии таҳҷоӣ ба арзишу анъанаҳои аҷдод торафт бегона шавад. Забонеро дуруст нафаҳмад ё онро аз мадди эътибор дур созад, ки ба он тӯли асрҳои зиёд асарҳои оламшумул навишта шудаанд. Ин хеле ташвишовар гардид.
Зарурат пеш омад равшанфикронамон баҳри ҳарчи зудтар раҳо ёфтан аз иллате, ки теша ба маънавияту маърифати миллӣ мезад, тавассути расонаҳои ахбори оммавӣ, радиову телевизион баромадҳо намоянд. Онҳо ба хулосае омаданд танҳо дар вазъи ба забони ӯзбекӣ дода шудани мақоми забони давлатӣ ва бардоштани нуфузи он масъалаи ҳаётан муҳимро ҳал кардан мумкин.
Вале шахсоне низ ёфт мешуданд, ки инро нозарур ҳисобанд. Баҳс авҷ гирифт. Ба тақозои шароит гурӯҳи корие созмон ёфт, ки он лозим будан ё набудани қонун дар бораи забон ва мақоми давлатӣ гирифтан ё нагирифтани забонро муайян созад. Ривоҷи воқеаҳо тақозо намуд дар ҷумҳуриамон қабул карда шудани қонун дар бораи забон ногузир аст. Вале зумрае хостанд ба ду забон – ӯзбекӣ ва русӣ мақоми давлатӣ дода шавад.
Моҳи майи соли 1989 аз ҷониби Шӯрои Олӣ лоиҳаи Қонун «Дар бораи забонҳо дар Ӯзбекистон» эълон гашт. Дар он гуфта мешуд лозим аст якбора ба ду забон (ӯзбекиву русӣ) мақоми давлатӣ дода шавад. Вале баробари аҳли илму адаб аксарияти ҷомеа бар он буд танҳо ба ӯзбекӣ дода шудани ин гуна мақом аз рӯйи адолат аст. Фикрҳои солим, ниҳоят, ғолиб баромаданд.
Роҳбари онвақтаи ҷумҳурӣ И. Каримов дар яке аз баромадҳояш изҳор дошт, ки «мустақилият аз забон сар мешавад». Ҳамин тавр, таҳти роҳбариву раҳнамоии ӯ ҳаракатҳо бобати коркарди лоиҳаи дувуми ҳуҷҷати болоӣ оғоз ёфтанд. Моҳи сентябри соли 1989 лоиҳа интишор ёфт ва мавриди муҳокимаи умум қарор гирифт. 21 октябри соли 1989 қонун «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гашт.
Оиди эътибор пайдо кардан ва ба амал татбиқ сохтани нуктаҳои ҳуҷҷате, ки аҳамияти муҳими давлатӣ дошт, вазифаи омодасозии Барномаи давлатӣ ба зиммаи Девони Вазирон бор карда шуда, 19 феврали соли 1990 дар бораи қабул карда шудани Барномаи давлатӣ қарор қабул намуд. Ин ҳуҷҷат дастуруламале буд ба кулли вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳо, ҳокимиятҳо ва аҳли ҷомеа дар кори баамалтатбиқсозии Қонун «Дар бораи забони давлатӣ». Айни замон Комиссияи махсуси ҳукуматӣ созмон ёфт ва он вазифаи ҳамоҳангсозии ин ҳуҷҷат ва тамоми корҳо дар ин самтро ба зиммаи худ гирифт.
Дар як қатор вазорату идораҳо, ҳокимиятҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ бо мақсади амалӣ гардондани талаботи қонун ва боз ҳам амиқтар фаҳмонидани мазмуну моҳияти он чорабиниҳо гузаронида шуданд. Ба ин гуна корҳо комиссияе, ки зикр кардем, сару бар гашт, фаъолиятҳо дар ин самтро таҳти назорат қарор дод. Ҷамъомадҳо ташкил кард, барои бартарафсозии норасоиҳо тавсияҳо пешниҳод намуд.
Лозим шумурдем дар бораи таҳрири нави қонуни забон, ки аз ҷониби Олий Маҷлис 21 декабри соли 1995 қабул гашт, низ истода гузарем. 
Чӣ зарурат пеш омад, ки ба қонун дар бораи забон тағйироту иловаҳо дароварда шавад?  Байни Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», ки 21 октябри соли 1989 қабул гардида буд ва Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», ки 21 декбри соли 1995 интишор ёфт, чӣ гуна дигаргуниҳо ҳастанд?
Таҳрир хӯрдани қонун, албатта, тақозои замон буд. Қонуни пештара, тавре ҳамаамон огоҳем, дар даврае қабул шуда буд, ки шӯроҳо ҳукмраво буданд. Насли калонсол эҳтимол вазъи мураккаби «давраи бозсози»-ро нағз дар ёд дорад: халқҳои маҳаллӣ нав ба худшиносӣ мерасиданд. Баъде онҳо ба истиқлолият расиданд, барои соҳибӣ кардан ба давлат, забон, арзишҳои милливу фарҳангӣ имконият ёфтанд. Ниҳоят, масъалаҳои инкишофи забон, маданият, рамзҳои миллӣ бештар долузарбӣ касб намуданд. Дар ҷумҳурии ҷавони мо ҳамчунин.
Қабул карда шудани Конститутсияи Ӯзбекистон низ воқеаи муҳим дар ҳаёти халқҳои мо буд. 
Бале, қисмате аз бобҳои қонуни аввала дар бораи забон куҳна, баъзе бандҳо нодаркор шуда монданд.
Термину мафҳумҳое мавҷуд, ки ба соҳаи ҳарбӣ хосанд. Қонуни пештара ба калимоту ифодаҳои ҳарбӣ дахл надошт. Дар қонун бо таҳрири нав кулли терминҳои ин соҳа ба талаботи қонуни забон мувофиқ гардонда шуданд.
Дар моддаи 22-юми қонуни пештара сабт ёфта буд, ки: «Муҳр, тамға, матнҳои коғазии муассисаҳо ва корхонаҳои давлатию ҷамоатӣ бо забони давлатӣ сабт шуда, тарҷумаи русии он такрор меёбад». Навиштаҷоти «тарҷумаи русии он такрор меёбад» дар таҳрири нав аз байн бардошта шуд.
Дар қонуни пештара сабт ёфта буд, ки «забони русӣ воситаи муомилаи байни миллатҳо»-ст. Дар таҳрири нав зикр гашт «шаҳрвандон ҳуқуқ доранд мувофиқи хоҳиши худ забони муомилаи байни миллатҳоро интихоб намоянд».
Дар ҳуҷҷати аввала сабти рақам шуда буд «роҳбарони ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоравӣ, ки дар Ӯзбекистон кор мекунанд, бояд забони давлатиро ба дараҷаи даркорӣ, шахсоне, ки дар рафти фаъолияти худ ба аҳолӣ хидмат мерасонанд, ин забонро амиқан бояд фаро гиранд». Барои он ки ба ҳуқуқи инсон садоқати Ӯзбекистон инъикос ёбад ва муносибатҳои демократӣ дар ҷамъиятамон васеътар доман паҳн кунад, ин модда (моддаи чаҳорум) дар таҳрири нав аз байн бардошта шуд.
Тавре маълум мешавад, аснои мураттаб сохтани таҳрири нави қонун (1995) воқеият ва ҳақиқати реалие, ки дар ҷамъияти мо ба назар мерасад, ба назар гирифта шуда, бобати яку якбора не, тадриҷан ва давра-ба давра ба амал татбиқ намудни он нишондодҳо мавҷуд.
Ҳаминро низ алоҳида бояд зикр намуд, чи дар қонуни аввала ва чи дар таҳрири нав ба зарурияти баланд бардоштани мақом ва манзалати забони ӯзбекӣ ишораҳо рафтааст. Қонунҳои дар ду давра қабулшуда дар асл як ҳуҷҷатанд ва барои мустаҳкам сохтани мақеи забон дар ҷамъият ва баланд бардоштани нуфузи он хидмат менамоянд.
Мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ ба мавқеъ ва тараққиёти забонҳои дигар дар Ӯзбекистон ҳеҷ мамониат накардааст. Баръакс,  боло бардоштани қадр ва манзалати ин забон эҳтиром сохтани забонҳои дигарро таъмину талқин менамояд.
Маълум, ки забони ӯзбекӣ дар миқёси байналхалқӣ низ торафт бештар нуфуз пайдо мекунад. Дар муассисаҳои таълими олии чанд кишвари дунё омӯзонда мешавад. Дар хориҷ кушода шудани курсҳои забони ӯзбекӣ низ далел ба бештар аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо кардани он. Роҳбари давлатамон таъкид сохта, ки «тавре модар ва Ватанро дӯст медорем, бояд забонро дӯст дорем ва қадр намоем...»

Муҳаммадҷон 
ШОДИЕВ.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: