ДАСТАИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «АРМИ-2022» «БИАТЛОНИ ТАНКӢ» ИШТИРОК МЕКУНАД

Аз 13 то 27 август дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон Бозиҳои байналмилалии артиш «АрМИ-2022» баргузор мешавад. Хидматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар мусобиқот бинобар 15 самт дар маҷмӯъ 275 даста аз 37 кишвари ҷаҳон дар 34 самти бозиҳо ширкат мекунанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои қуръапартоии мусобиқа оид ба биатлони танкӣ, ки дар доираи Бозиҳои байналмилалии артиши «АрМИ-2022» гузаронда мешаванд, ба дастаи мо таҳти роҳбарии полковник Ҷумъа Аташев, ки дар дивизиони якум иштирок мекунад, дастаҳои Озарбойҷон, Белорус, Ветнам, Венесуэла, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон ва Русия муқобилиат нишон медиҳанд. Дар давраи дуюм дастаи мо дар танки сурх бо танкчиёни Ветнам, Венесуэла ва Қазоқистон қувва меозмоянд.
Чи хеле ки яке аз мураббиёни даста подполковник Исмоил Наврӯзов қайд кард, мунтахаби Ӯзбекистон ба ин мусобиқаҳо дар тамрингоҳи «Фориш» бодиққат ва ҷиддӣ омодагӣ дид.
Бачаҳо рӯҳияи аъло доранд. Ин, ба фикрам, чизи аз ҳама муҳим аст. Боварӣ дорам, ки ҳар як аъзои экипажи мо таҳти шиори «Ман ғолиб» амал карда, танҳо барои ғалаба мубориза хоҳад бурд, – гуфт ӯ.
Мусобиқаи «Биатлони танкӣ», ки ҷолибтарин ва пуршиддаттарин майдони Бозиҳои байналмилалии артиш ба ҳисоб меравад, дар тамрингоҳи «Алабино» дар вилояти Маскав баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки дастаҳои Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон низ дар мусобиқаҳои «Ҳалқаи Элбурс», «Устоди  техникаи зиреҳпӯш», «Аълочии разведкаи ҳарбӣ», «Эстафетаи ҳарбӣ-тиббӣ», «Пойгаи ҳарбӣ» ва «Формулаи муҳандисӣ», ки дар ҳудуди Русия баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: