ҚАДРИ ИНСОН АЗ ҲАМА ЧИЗ БОЛОСТ

Ба ҷаҳоне, ки пур аз шӯру садост ва ноором аст, назар карда, садҳо бор шукрона мекунем, ки дар як кишваре, ки сулҳу сафост, оромист ва инсон қадр дорад, зиндагӣ дорем.

Бале, қадршиносии инсон дар кишвари мо то ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Маҳз гиромидошти инсон дар лоиҳаи Конститутсияи нав равшан инъикос гардидааст.
Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз бо иштироки устодону донишҷӯён бахшида ба раъйпурсии умумие, ки барои қабули Конститутсияи нав дар таърихи 30 апрел баргузор мешавад, чорабинии бошукӯҳ шуда гузашт. Саҳни ҳавлӣ намуди идона дошт. Дар дасти аксар ҷавонон ливои Ӯзбекистони соҳибистиқлол парафшонӣ мекард, шиору навиштаҷоти гуногун аз бедориву хайрхоҳии ҷавонон ба Конститутсияи нав дарак медод.
Дарк кардан душвор набуд, ки ҷавонони мо – донишҷӯён бо як ҳусни тафоҳум дар он иштирок мекарданд. Онҳо ба баромадҳои шахсоне, ки дар забонашон зикри шукронагӣ буду нисбати дигаргунӣ ва иловаҳои Қомуси нав фикр меронданд ва муносибат баён мекарданд, сидқан ҳамовозӣ менамуданд. Баъди баромади ҳар як нафар нотиқ бо як овоз «Конститутсия аз они ман», «аз они мо», «аз они худамон» садо баланд мекарданд, ки хеле ҷолиб буд. Мо – устодон ҳамеша ба ҷавонони имрӯза муроҷиат карда, беэътибор, лоқайд нашуданашонро таъкид мекунем. Маълум мешавад, ки ин кӯшишҳои мо бесамар нарафтааст. Ҷавонони мо воқеан ҳам созанда, эҷодкор ва соҳиби фазилатҳои неки инсонӣ ҳастанд ва мо боварӣ дорем, ки умеду орзуҳои наслҳои калонсолро рӯйи об мебароранд.
Дар ин ҷамъомади бошукӯҳ ректори донишгоҳ Авазҷон Мараҳимов, проректор Обид Шофиев, декани факултети забонҳои рус ва Шарқ Поён Бакиров ва дигар шахсони касбу корашон гуногун сухан карда, саҳми ҷавононро ба ояндаи дурахшони мамлакат алоҳида таъкид намуда, онҳоро ба созандагию фаъолнокӣ даъват карданд.
– Конститутсия низоми давлатдории ҳар як кишварро муайян месозад, – гуфт  Авазҷон Мараҳимов. – Қадру қимати инсон аз ҳама чиз болост. Давлате, ки Конститутсияи он мукаммал аст, дар он қадри инсон, шаъну шарафи ӯ ҳифз гардида, ҳуқуқҳояш пурра кафолат дода мешавад. Мамлакат тараққӣ мекунад. Дигаргунӣ ва иловаҳои бисёре, ки дар Конститутсияи нав дохил карда шуд, ҳамааш баҳри манфиати халқу Ватан аст ва он тӯли зиёда аз як сол муҳокима гардид. Инак, мову шумо ба Қомуси асосии худ бефарқ набуданамонро бояд собит созем. Ҳамаи шуморо муташаккилона ба иштироки фаъол дар райъпурсии умумӣ даъват месозам.
Ҷавонон намехостанд саҳни донишгоҳро тарк созанд. Аз ин боис чорабинӣ хеле тӯл кашид. Санъаткороне, ки дар тадбир ширкат варзиданд, низ хайрхоҳи хешро бо иҷрои суруду таронаҳои пурмазмун дар боби ватандӯстӣ, дӯстӣ ва шукронагӣ намоиш доданд. Сарояндаи Тоҷикистон Меҳрубони Равшан бо сурудҳои дилнишини худ табъи ҷавононро хеле болида сохт ва ҳозирин бо кафкӯбиҳо ӯро хуб истиқбол намуданд. Дар миёни сурудҳо санъаткор ҳар лаҳза «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» гуён овоз баланд мекарду ҷавонон ҷонибдорӣ ва ҳамовозӣ менамуданд ва ин лаҳзаҳо аз торафт афзудани меҳру муҳаббати ҷавонон нисбати ду халқи бародар дарак медод. 
Мо бо устодони кафедраамон, донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикӣ, фаъолони Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё дар чорабинӣ фаъол иштирок доштем. Аз дигаргунӣ ва иловаи баъзе моддаҳои Конститутсия, ки тақозои замон аст, ҷонибдорӣ мекунем ва умед дорем, ки бо такмил додани моддаҳои Конститутсия ҳаёти мо ранги дигар мегирад ва ҳуқуқи конститутсиониамон боз ҳам кафолатнок ва устувору қавитар мегардад.

Рамазон АБДУЛЛОЕВ, 
дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз, раиси Маркази 
миллӣ-мадании тоҷикони 
вилояти Сурхондарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: