РОҲИ НАВИ ДАРОМАД

Сардиҳои бесобиқаи моҳи январи соли равон ба рафти корҳои кишоварзӣ дар вилояи Қашқадарё халал расонда, кишоварзонро водор кардааст, ки барои ҷуброни вақти талафшуда дучандон меҳнат кунанд.

Хоса, имрӯзҳо дар ноҳияи Ғузори вилоят ба корҳои кишоварзӣ майдони васеъ кушода шуд. Таҳти як ҷаласае бо ширкати намояндагони фермерҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мутахассисони идораҳои дахлдор ҳокими ноҳияи Ғузор Беҳзод Суюнов таъкид кард, ки аз мусоидии вазъи ҳаво истифода бурда, корҳои ба дер афтодаи кишоварзиро сари вақт бояд иҷро кард. Ҳосили хуб ва фаровонии дасторхони мардум аз заҳмати имрӯзаи кишоварзон вобаста аст.
Дар нишасти мазкур зарурати нишондани ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, хоса тут ва токи ангур махсус таъкид шуда буд. Ҳоло дар ҳошияи заминҳои 450 хоҷагии фермерӣ шинонидани ниҳоли туту ангур босуръат идома дорад. Кишоварзон бо ин амал ба кабудизоркунии атроф ҳиссаи хуб гузошта, ният доранд, дар ояндаи наздик аз қисмати тамоман бекорхобидаи заминҳо даромади чашмрас  ба даст оваранд. Интизор меравад, ки дарахтони тут минбаъд ба ривоҷи соҳаи пиллапарварӣ низ мусоидат хоҳанд кард.
Ҳоло дар маҷмӯъ 250 ҳазор ниҳоли тут ва зиёдтар аз 100 ҳазор қаламчаи решадори токи ангурро нишонданд.
Амали кишоварзони ғузорӣ дар ин самт миёни хоҷагиҳои фермерии навоҳии дигари вилояти Қашқадарё низ ҳамсадоӣ пайдо кардааст.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик»дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: