СУТ ҳамаи одамонеро, ки аз COVID-19 эмин нестанд, даъват мекунад, ки фавран ваксина гиранд

Бюрои аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз ҳамаи одамоне, ки аз COVID-19 ва зукоми мавсимӣ эмин нестанд, бахусус онҳое, ки дар хатар ҳастанд, даъват мекунад, ки ҳарчи зудтар ваксина бигиранд.

"Вақте ки тирамоҳ ба зимистон табдил меёбад, Бюрои минтақавии СУТ, Комиссияи Аврупо ва Маркази аврупоии назорат ва пешгирии бемориҳо (ECDC) бо паёми равшан ва фаврӣ муроҷиат доранд: одамоне, ки ҳам аз COVID-19 ва ҳам зукоми мавсимӣ осебпазир мемонанд, махсусан онҳое, ки осебпазиртарин ва зери хатар ҳастанд, бояд ҳама гуна пешниҳоди эмкунӣ барои пешгирӣ ё сабук кардани таъсири ин сироятҳои муштараки роҳи нафасро қабул кунанд” – гуфта мешавад дар ҳуҷҷате, ки созмон нашр кардааст.

Тибқи маълумоти СУТ, дар зимистони соли 2022 аз сабаби ин ду беморӣ фавти зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки дар байни онҳое, ки аз сироятҳо фавтидаанд, ҷавонон ва пиронсолон зиёданд.

Зиёда аз 90 фоизи ҳолатҳои фавти аз COVID-19 қайдшуда дар одамони синнашон аз 65-сола боло рух додааст. Созмон тавзеҳ медиҳад, ки ба гурӯҳҳои хатар одамоне, ки касалиҳои иловагӣ  доранд, занони ҳомила, одамони дорои системаи иммунии заиф ва пиронсолон ворид мешаванд.

 “Ваксинатсия қавитарин давои ҳам бар зидди зуком ва ҳам COVID-19 боқӣ мемонад. Гузаронидани маъракаҳои мақсадноки эмгузаронӣ барои фарогирии одамони зери хатар пеш аз мавсими зимистон муҳим аст, аз ҷумла имкони омезиши ваксина бо тақвиятдиҳандаҳои ваксинаҳои COVID-19” – гуфта мешавад  дар ҳуҷҷати Комиссари Аврупо оид ба тандурустӣ ва амнияти озуқаворӣ Стелла Киракидес.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: