Моҳи ноябр дар Ӯзбекистон барӯйхатгирии электронии аҳолӣ гузаронда мешавад

Ӯзбакистон ба нақша гирифтааст, моҳи ноябр барӯйхатгирии электронии аҳолиро гузаронад

Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 феврали соли 2019 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2022» дар соли 2022 дар ҷумҳурии мо барӯйхатгирии аҳолӣ ба нақша гирифта шуда буд. 16 марти соли 2020 Қонун «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» қабул гардид.

Бар асари пандемияи коронавирус, ки соли 2020 оғоз ёфт, ин чорабинӣ то соли 2023 мавқуф гузошта шуд. Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 ноябри соли 2022 “Дар бораи омодагӣ ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2023 дар Ҷумҳурии Ўзбекистон ва чораҳо оид ба гузарондани он” ба нақша гирифта шудааст, ки барӯйхатгирии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 1-25 ноябри соли 2023 гузаронда шавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Агентии омор.

Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба барӯйхатгирии аҳолӣ тамоми ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва услубии танзимкунандаи соҳа, инчунин шаклҳои анкетаҳои бақайдгирӣ таҳия гардида, вебсайти махсуси барӯйхатгирии аҳолӣ (aholi.stat.uz), логотип ва шиори чорабинӣ таҳти номи “Як қисми Ӯзбекистони Нав шав!” ҷорӣ карда, низоми иттилоотии “Барӯйхатгирӣ” таҳия шудааст, ки имкони ҷамъ овардан, коркард, таҳлил ва ташаккул додани натиҷаҳои маълумоти ибтидоии барӯйхатгирии аҳолиро фароҳам меорад. Инчунин харита-схемаҳои ҳамаи микрорайонҳои ҷумҳуриамон нав карда, рӯйхати биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ тартиб дода шудааст.

Аз 1 то 25 ноябри соли 2021 барӯйхатгирии муфассали аҳолӣ дар ноҳияи Хоҷиободи вилояти Андиҷон, ноҳияи Юқори-Чирчиқи вилояти Тошканд, шаҳри Хеваи вилояти Хоразм ва ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд гузарона шуданд. Равандҳои бақайдгирӣ бо се роҳҳои гуногун сурат гирифтанд: равандҳои онлайн-бақайдгирӣ (тавассути Интернет), барӯйхатгирии планшетӣ ва коғазӣ озмоиш карда шуданд.

Дар равандҳои санҷишӣ барӯйхатгирии аҳолӣ бо истифода аз усули планшет нисбат ба усули коғазӣ қулай, тезтар ва камхарҷ аст. Бар асоси натиҷаҳои санҷиш ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта ба наққша гирифта шудааст, ки аз усули сабти коғазӣ даст кашида, тавассути Интернет ва бо истифодаи густурдаи дастгоҳҳои планшетӣ роҳандозӣ шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: