МУШКИЛОТИ ШАҲРВАНДОНИ НОҲИЯ БАРТАРАФ ГАРДИД

Қабули сайёри навбатии ҳокими вилояти Сирдарё Акмалҷон Маҳмудалиев дар маҳаллаи Дӯстлики ноҳияи Сардоба бахшида ба омӯзиши аҳволи иҷтимоиву иқтисодӣ ва муроҷиати шаҳрвандон баргузор шуд.

Чанде пеш аъзои гурӯҳ ва роҳбарони ташкилотҳо бо роҳбарии ҳоким ба маҳаллаҳои ноҳия сафар карда, бо сокинон мулоқот намуданд. Ҳангоми санҷиш бобати аз байн бардоштани баъзе мушкилот дар маҳалҳо чораҳо андешида, муаммоҳое, ки омӯзиши иловагиро тақозо доранд, муҳокима ва барои пешниҳод ба идораҳои дахлдор таклифҳо тайёр карданд.
Дар қабули сайёри навбатӣ ба чунин вазифаҳо, аз ҷумла ба масъалаи тандурустӣ, бо кор таъмин кардани аҳолӣ, истифодаи самаранок аз бино ва иншооти холӣ, ҳамчунин аҳволи хидматрасонии коммуналӣ ва тайёрӣ ба мавсими зимистон, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмири роҳҳо ва ба оби ошомидани эътибори махсус дода шуд.
Вобаста ба масъалаи бо кор таъмин кардани аҳолӣ  масъулони ҳокимият ва фаъолони Иттифоқи ҷавонон дар бораи ташкил шудани ҷойҳои нави корӣ ҳисобот доданд.    Таъкид гардид, ки тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ 125 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд. Аз 110 нафар аҳолие, ки ба маркази кумакрасонӣ барои кор муроҷиат кардаанд, 92 нафарашон бо кор таъмин гардиданд, ба якчанд нафар шаҳрванд кумакпулӣ таъин шудааст.
Бинобар натиҷаи омӯзиш 28 мушкилот ошкор шуд. Мушкилоти аз ҳама бештар ба соҳаҳои бо кор фарогирӣ, сектори бонк, нигаҳдории тандурустӣ, таъмини роҳҳои дохилӣ, хидматрасонии кадастр, гази табиӣ ва энергияи электр дахл доранд. 
Дар назди роҳбарони сектори ноҳия вазифа гузошта шуд, ки якҷо бо ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо “харитаи амалиёт”-и ҳаллу фасли мушкилоти аз ҷониби гурӯҳи корӣ ошкоршударо кор карда бароянд.
Доир ба масъалаҳои муҳокимагардида қарори дахлдор қабул шуд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: