САЛОМАТИИ МИЛЛАТ АЗ ҲАМА БОЛОТАР ВА МУҲИМТАР

  • САЛОМАТИИ МИЛЛАТ АЗ ҲАМА БОЛОТАР ВА МУҲИМТАР
  • САЛОМАТИИ МИЛЛАТ АЗ ҲАМА БОЛОТАР ВА МУҲИМТАР
  • САЛОМАТИИ МИЛЛАТ АЗ ҲАМА БОЛОТАР ВА МУҲИМТАР

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 март бо кормандони тиб мулоқоти кушод анҷом дод.

Саломатӣ арзиши асосӣ ва эҳтиёҷоти пойгоҳии инсон аст. Маҳз аз ин рӯ сарвари давлатамон ба масъалаи нигаҳдории тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Президент дар сафарҳои худ ба минтақаҳо зуд-зуд аз муассисаҳои тиббӣ дидан мекунад, бо табибон суҳбат менамояд, беморонро аёдат мекунад.
Аммо мулоқот бо намояндагони соҳа дар ин формат бори аввал баргузор мешавад. Дар муколамаи кушод дар мавзӯи «Ислоҳот дар тиб –  баҳри шаъну шарафи инсон» дар Қасри форумҳои байналмилалии Ӯзбекистон зиёда аз ҳазор нафар, дар студияҳои минтақавӣ боз қариб 20 ҳазор нафар кормандони тиббӣ, намояндагони ҷомеа бевосита иштирок доштанд. 
Сарвари давлат дар оғози суханронии худ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз мулоқот бо кормандони ба кори худ содиқи низоми нигаҳдории тандурустӣ дар остонаи ҷашни Наврӯз суханони шодмонӣ баён кард.
Пеш аз чорабинӣ омодагии тӯлонӣ сурат гирифт, фикру ақидаи табибон ва аҳолӣ омӯхта шуд. Зиёда аз 25 ҳазор муроҷиатнома расид, ки 8 ҳазори онҳо ба масъалаҳои шахсӣ дахл карда, дар маҳал ҳал карда шуданд. 17 ҳазор муроҷиатнома ба мушкилоти системавӣ бахшида шудааст.
Сарвари давлатамон дар баромади худ 7 самти кореро, ки дар асоси умумсозӣ ва ба низом даровардани муроҷиатҳо таҳия шудаанд, нишон дод. Самти аввал – наздик кардани хидматрасониҳои аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ, дуюм рушди ёрии таъҷилии тиббӣ, сеюм – беҳтар гардондани шароит дар муассисаҳои тиббӣ, чорум – ҳавасмандгардонии моддии кормандони соҳа, панҷум – таъмини беморхонаҳо бо кадрҳои соҳибихтисос, шашум – баланд бардоштани маданияти ҳаёти солим дар ҷамъият, ҳафтум – пешгирии бемориҳо.
Президент ба ҳар як самт алоҳида таваҷҷуҳ намуда, ташаббусҳои нав ба миён гузошт.
Масалан, 55 фоизи муроҷиатҳо ба муассисаҳои зинаи аввалия дахл доранд. Ба ин муносибат дар маҳалҳо минбаъд васеъ кардани шабакаи поликлиникаҳо муайян карда шуд.
Аз ҷумла, дар беш аз 2 ҳазор маҳаллаҳои дурдаст ва душворгузар пунктҳои тиббии маҳалла ташкил карда мешаванд. Барномаи «Духтури деҳа» боз ҳам такмил дода шуда, аз 1 майи соли 2022 ба маоши якмоҳаи табибоне, ки дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар фаъолият мекунанд, ба миқдори 2 миллион сӯм ёрдампулии иловагӣ дода мешавад. Минбаъд духтуре, ки се сол боз дар чунин ноҳия кор кардааст, бе имтиҳон ба орденатураи клиникӣ қабул карда мешавад.
Ба шифокорони нафақахӯри соҳибихтисос ба қабули мизоҷон дар манзили худ ё иншооти иҷора иҷозат дода мешавад.
Мувофиқи самти дуюм оид ба баланд бардоштани сифати ёрии таъҷилии тиббӣ ва дастрасии он ба аҳолӣ барномаи ҷудогона қабул карда хоҳад шуд. Дар навбати аввал хидмати ёрии таъҷилии «103» дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр ва ноҳия ба низоми ягонаи идоракунӣ шомил карда мешавад. Минбаъд мошини ёрии таъҷилӣ на дар ҳудуди ноҳия ё вилоят, балки дар масофаи кӯтоҳтарин ба бемор хидмат мекунад. Дар солҳои 2022-2025 ҳамаи мошинҳои кӯҳнашуда ба мошинҳои замонавӣ иваз карда мешаванд.
Дар тӯли панҷ соли охир қариб 2 ҳазор муассисаи тиббӣ сохта ва таъмир карда шуд. Ин кор давом дода, дар 1100 беморхона шароит беҳтар мегардад. Барномаи рақамикунонӣ барои тамоми самтҳои тиб аз кумаки аввалия сар карда, қабул карда мешавад. Дар ду соли наздик ҳамаи муассисаҳои тиббӣ бо компутерҳои нав таъмин карда, коғазбозӣ коҳиш дода шуда, усулҳои ҳозиразамон ҷорӣ карда мешаванд.
Дар доираи самти чорум чораҳои дастгирии кормандони тиб муайян шудаанд. Аз 1 июни соли 2022 маоши кормандони соҳаи тиб вобаста ба категорияи тахассусӣ 15 фоиз зиёд карда мешавад. Ба духтуроне, ки ҷарроҳии мураккаби технологӣ анҷом медиҳанд, иловапулӣ ба миқдори 25 фоиз дода мешавад. Муоинаи пеш аз қабул ба кор ва муоинаи мунтазами саломатӣ барои ҳамаи кормандони соҳаи тиб ройгон хоҳад буд.
Масъалаи бо кадрҳо таъмин намудани соҳа муҳим ба ҳисоб меравад. 45 фоизи духтурҳо ва 40 фоизи ҳамшираҳои тиббӣ категория надоранд. Дар бисёр муассисаҳо мутахассисон намерасанд.
Ба ин муносибат аз солҳои таҳсили 2022-2023 квотаҳои қабул ба мактабҳои олии тиббӣ дар асоси грантҳои давлатӣ бо назардошти эҳтиёҷоти воқеии минтақаҳо ба духтурон зиёд гардонда мешаванд. Дар мактабҳои олии тиббӣ барномаи мақсадноки ихтисоси шашмоҳа аз рӯи ихтисосҳои тиббии серталаб дар минтақаҳо амалӣ карда хоҳанд шуд. Минбаъд ҳамаи коллеҷ ва техникумҳои тиббӣ ба ихтиёри мактабҳои олии тиббӣ дода мешаванд.
Бино бар маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, сиҳатии инсон 19 фоиз аз муҳити зист, 20 фоиз – аз омилҳои генетикӣ, 9 фоиз – аз ташкилотҳои нигаҳдории тандурустӣ ва 52 фоиз – аз тарзи зиндагӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, самти шашум ба дар ҷамъият ташаккул додани тарзи ҳаёти солим нигаронда шудааст.
Аз соли ҷорӣ низоми рейтингии баҳодиҳии самаранокии бригадаҳои тиббӣ, пунктҳои тиббии оилавӣ ва поликлиникаҳои оилавӣ ҷорӣ карда мешавад. Коркунони тиб, ки натиҷаҳои мусбат доранд, ҳавасманд карда мешаванд. Нишони сарисинагии алоҳидаи «Халқ саломатлиги посбони» таъсис дода хоҳад шуд.
Дар самти ҳафтум вазифаҳо дар соҳаи пешгирии бемориҳо нишон дода шудаанд. Низоми тиббӣ аз рӯи тамоюли «Бевосита ба бемор сарф кардани маблағ» ба маблағгузорӣ мегузарад. То охири соли ҷорӣ дар вилояти Сирдарё низоми суғуртаи тиббӣ пурра ба роҳ монда шуда ва дар солҳои наздик он дар тамоми вилоятҳо ҷорӣ карда хоҳад шуд. Низоми миллии баҳисобгирии тандурустӣ ҷорӣ карда мешавад, ки он барои  таҳлили тиббию иқтисодӣ ва оморӣ имконият медиҳад.
Бинобар ҳар як вазифае, ки аз ҷониби Президент ба миён гузошта шуд, манбаъҳои мушаххаси маблағгузорӣ, роҳҳои ҳалли техникӣ ва механизмҳои амалӣ муайян карда шуданд.
– Мо омодаем барои саломатии халқамон ҳама гуна воситаю имкониятҳоро истифода барем. Шахсан барои ман саломатии миллат аз ҳама болотар ва аз ҳама арзишманд аст. Аммо оё мо аз таваҷҷуҳе, ки дар кишвар ба соҳаи тиб дода мешавад, дуруст ва самаранок истифода мебарем? Ин савол маро хеле ба ташвиш меорад. Роҳбарони соҳа вазифадоранд, ки ҳар як маблағи ҷудошударо қадр кунанд ва мардуми мо самараи тадбирҳои андешидашударо дар ҳаёти худ эҳсос кунанд, – гуфт Президент. 
Зарурати пурра аз байн бурдани коррупсия дар соҳа нишон дода шуд. 
– Натанҳо халати табиб сафед бошад, балки пеш аз ҳама ҷону дасташ пок бошад, – гуфт сарвари давлат.
Кормандони тиб зимни мулоқоти озод ба сухан баромада, дар бораи мушкилоте, ки дар фаъолияташон рӯ ба рӯ мешаванд, дидгоҳ ва пешниҳодҳои худро баён намуданд. Президент фикру мулоҳизаҳои баёншударо бо мутахассисон баррасӣ намуда, ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: