ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯ — АСОСИ ТАРАҚҚИЁТИ МИЛЛӢ

Ҷоннисори роҳи истиқлолияти миллӣ, яке аз асосгузорони мактаби ҷадидӣ — Абдурауф Фитрат барои маҷаллаи худаш созмондода шиори «То майна тағйир наёбад, ба дигар дигаргуниҳо замина фароҳам намеояд»-ро интихоб намуда будааст.

Ҷоннисори роҳи истиқлолияти миллӣ, яке аз асосгузорони мактаби ҷадидӣ — Абдурауф Фитрат барои маҷаллаи худаш созмондода шиори «То майна тағйир наёбад, ба дигар дигаргуниҳо замина фароҳам намеояд»-ро интихоб намуда будааст.
Бобоямон Авлонӣ бошад, гуфта буд: «Таълиму тарбия барои мо масъалаи ҳаёт ё мамот, ё наҷот, ё ҳалокат, ё саодат, ё фалокат аст».

Чунин қаробатҷӯиҳо собит менамоянд, ки дар ҳар гуна замону макон таълиму тарбияро масъалаи муҳим ҳисобидаанд.
Агар ислоҳоти солҳои охир татбиқшудаистодаро амиқтар таҳлил намоем, хоссатан, дар соҳаи таълим, мебинем, ки ба рушди зинаи аввали тарбия — соҳаи таълими томактабӣ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ рӯйи эътибор гардонда шудааст. Ин, албатта, далели он аст, ки дар Ӯзбекистони нав низ таълиму тарбия ба масъалаи «ҳаёт ва мамот» табдил меёбад.

Дар барномаи ҳизби мо низ, ки аз рӯзҳои аввали кору фаъолияти худ ба шиори «Инсон тағйир ёбад, ҷамъият тағйир меёбад» амал менамояд, ин масъала чун самти асосӣ интихоб гардидааст. 
Бино бар ин ҳам дар барномаи пешазинтихоботии худ пешниҳод ва ибтикороти коркарди барномаи давлатии таълиму тарбияеро, ки аз рӯзи таваллуди бача то давраи хатми мактабро дар бар мегирад, ҳамчунин, роҳандозии низоми «Оила — кӯдакистон — мактаб»-ро  ба миён гузоштам. Дар ин маврид, ҳамчунин, пешниҳод карда истодаам, ки дар оила барои фарзанди солимро ба дунё овардан ва додани тарбияи дуруст ба ӯ, бояд падару модароне, ки фарзанди то 18-сола доранд, мавриди дастгирӣ қарор гиранд, ба масъулияти онҳо афзудан лозим.

Бояд гуфт, ки дар ин ҳол маблағгузории кӯдакистонҳо аз ҷониби давлат ва маҷбурӣ гардидани соли охири давраи кӯдакистон басе муҳим аст.
Мо ба масъалаи зиёд кардани маоши омӯзгорон низ бино ба мақсаду вазифаҳои ҳизбамон қаробат ҷустем. Яъне, аз нигоҳи мо, бояд дар ин соҳа танҳо нафароне кор кунанд, ки сазовори номи баланди педагоганд. Барои ин қабл аз ҳама ба муассисаҳои таълими олӣ, ки барои соҳа кадрҳо тайёр мекунанд, рӯйи эътибор мегардонем.
Бояд эътироф кард, ки мо тӯли солҳои дароз  ба мураббӣ, педагог ва омӯзгорон чун ба қувваи кории арзонтарин нигоҳ кардем. Хатоҳои дар тӯли солҳо ислоҳнагардида сабаби хароб гардидани сохтори таълиму тарбия гардид. 
Ба омӯзгоре, ки ба писарону духтаронамон ё набераҳоямон тарбия медиҳад, аз Навоӣ ва Фузулӣ тарзи ғазал хонданро меомӯзад, эътибори зарурӣ дода шуд. Шукр, ки солҳои охир ана ҳамин хатоҳо эътироф гардиданд ва муносибат ба соҳа ба дараҷаи далатӣ бардошта шуд.
Бо назардошти мақсаду ғояҳое, ки ҳизбамон ба миён гузоштааст, дар барномаи пешазинтихоботиам ин масъалаҳо бартарӣ пайдо карданд. Нияти некамон ин аст, ки дар мактабҳо тарзи идора, муносибат ба омӯзгор ва ташкили корҳои таълиму тарбия куллан тағйир ёбад. Мехоҳам, ки дар мактабҳо тартиби таълим додани ғайримутахассис аз фанҳо бекор карда шавад. 

Омӯзгор кори худро бо завқ, дӯст дошта анҷом диҳад, ҳис кунад, ки меҳнати гаронаш қадр карда мешавад. Ба он андоза фаъол бошад, ки дар баробари мавзӯи дарс, донад, ки дар дунё як соат пеш мутааллиқ ба мавзӯи ӯ чӣ ҳодиса рӯй додааст. Барои ин бояд маъмурияти мактаб омӯзгорро бо воситаҳои замонавӣ ва муҳити созгор таъмин намояд. Ба омӯзгор озодӣ бояд дод, то  баъди анҷоми кор, хоҳад дар китобхона монад, нахоҳад ба хонааш равад. Дар куҷое, ки барояш мусоид аст, ба ҷойи ҳисоботнависӣ оиди корҳои анҷомдодааш дам гирад, ғами оила ва хонандагонашро хӯрад.

Масъалаи дигар: фанни нави «Тарбия»-ро, ки чанде қабл дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ҷорӣ шудааст, аксар вақт ба дӯши омӯзгорони фанни география, математика ё таърих бор мекунанд. Ҳол он ки ин фанро бояд «тарбиятгар»-оне дарс диҳанд, ки педагогика, психология, физиология, арзишҳои динӣ ва умумиинсониро мукаммал медонанд. Биноан, чунин меҳисобем, ки дар донишгоҳҳои олӣ бояд мутахассисон аз рӯйи ихтисоси тарбиятгар дар 2 тоифа, яъне ибтидоӣ (0-7) ва наврасӣ (8-18) омода карда шаванд.
Бояд бигӯем, ки хонандаро ҳанӯз дар мактаб ба ҳаёти баъдимактабӣ тайёр кардан лозим. Шурӯъ аз синфи 6 тибқи барномаҳои алоҳида кор бурдан бо хонандагоне, ки ба илм иштиёқ доранд ва хонандагоне, ки соҳибкор будан мехоҳанд, аз муҳимтарин талаботи рӯз аст. Яъне, дар ин ҷараён «орзую ҳавас»-и падару модар омили ҳалкунандаи тақдири фарзанд нагардад. Нуқтаи назари «Агар мехондӣ, одам мешудӣ!» ва «Ман нахондам, фарзандам хонад» набояд ба гурӯҳбандии омӯзгор таъсир расонад. Мо, ҳамчунин, аз баҳри нуқтаи назари танҳо маълумоти олӣ — гарави фаровонӣ бароем. Мисолан, дар Хитой танҳо 30-35 фоизи хатмкунандагон ба дунболи гирифтани маълумоти олӣ будаанд, боқимондаҳо роҳи соҳибкориро пеш мегирифтаанд.
 Ин ҳам ба дӯши педагог ва омӯзгорон бори масъулият мегузорад. Пас, дар ин ҷараён ба омӯзгорон рағбат лозим. Биноан, пешниҳод менамоем, ки ҳаққи меҳнати омӯзгорон таҳти  назорати камера мутобиқ ба холҳои рейтинг муайян карда шавад. Агар чунин дигаргуниҳоро ба амал татбиқ намоем, мактабҳои мо на шаклан, балки мазмунан замонавӣ мегардад.

Агар бо як сухан ифода намоем, ба вуҷуд овардани насли нави омӯзгорон дар мактаб, омода кардани мутахассисони донишманд дар донишгоҳҳо аз вазифаҳои мост..

Вақте сухан аз таълиму тарбия меравад, намешавад доир ба ҳолати имрӯзи сохтори таълими олӣ муносибат баён накард.
Бояд гуфт, ки сохтор тағйироти калонро пушти сар гузошт. Бахусус, фарогирӣ ба таълим аз 9 фоиз ба 28 фоиз афзуд. Теъдоди муассисаҳои таълимӣ зиёд шуданд. Аммо таҳлили мушкилоти таркиби сохтор нишон медиҳад, ки бояд ислоҳоти куллӣ гузаронда шавад. Биноан, дар барномаамон пешниҳод намудем, ки Вазорати таълими олӣ барҳам дода шуда, ба ҷойи он Шӯрои ректорони назди Президент созмон дода шавад. Ин маънои онро дорад, ки сохтори мазкур аз тасарруфи давлат бароварда мешавад.
Шояд ба ин пешниҳод баъзе ҳамватанон эътироз баён кунанд, аммо чун дигар мамлакатҳои дунё, Ӯзбекистон низ бояд ба сохтори дохил шудан осон, вале хондан душвор гузарад. Бе ин наметавон ба мақсад расид.
Бояд гуфт, ки дар асри XXI, ки ҷараёни ҷаҳонишавиро аз сар мегузаронад, таназзули маънавӣ — мушкили дараҷаи аввали дунё,  натиҷаи хатои инсоният дар боби маънавият ва тарбия ҳисобида шудааст. 
Имрӯз дар давлатҳои рушдкардатарини демократӣ низ мушкили «авлоди бохта» аз тартиби рӯз наафтидааст. Инро ба он вобаста мекунанд, ки дар оила, кӯдакистон ва мактаб тарбия ба масъалаи дараҷаи дуюм табдил ёфтааст.
Дуруст, фарқ байни тарзи ҳаёти озоди як қатор давлатҳо ва тарзи ҳаёту ахлоқи ҷамъиятии дар Шарқ ташаккулёфта аз замин то осмон аст. Аммо дар баъзе давлатҳои қитъаи куҳна ба арзишҳои азалӣ бармегарданд, ин аз он дарак медиҳад, ки дар ин кишварҳо тарбия волоият пайдо мекунад.
Бо назардошти ин ҳама, тарбия ва таълимро ба чун масъалаи устувортарин пазируфтам.

Ба барномаам масъалаи ислоҳ намудани киноиндустрияи миллиро, ки қодир аст ба шуури миллионҳо нафар ҳамватанонамон бевосита таъсир расонда, ҷаҳонбиниашонро тағйир диҳад, даровардаам.

Агар 24 октябри соли равон дар интихоботи Президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ман овоз диҳед, вазифаҳои ба тарбия ва таълим, маънавият ва маърифат иртиботдоштаро, ки дар ҳамаи давру замонҳо масъалаи «ҳаёт ва мамот» маҳсуб ёфтаанд, пурра иҷро мекунам.

Алишер ҚОДИРОВ,
номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Ҳизби демократии 
«Миллий тикланиш».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: