ПИРӮЗӢ МУБОРАК!

Модар, воқеан, олиҳаи ҳусну зебоӣ, атокунандаи меҳр, азизтарини инсонҳо дар рӯйи Замин мебошад.

«Бузургони олам дар назди манзалати зан — модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ, воқеан, бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар ҳақиқат, мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басе арзанда ва баланд аст».
Эмомалӣ РАҲМОН.

Модар, воқеан, олиҳаи ҳусну зебоӣ, атокунандаи меҳр, азизтарини инсонҳо дар рӯйи Замин мебошад. Танҳо модар метавонад ба рӯйи гаҳвораи фарзанд то субҳ бедор нишинад ва бо лаҳни дилнишин аллаи пурмеҳру муҳаббат хонад. 
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои тақвияти ҳисси ватанпарварии насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи дӯст доштани Модар — Ватан озмуне таҳти унвони «Дуои модар» эълон намуда буд.
Бино ба хабари дастрасшуда, дар озмун, ки аз 5 октябри соли 2022 то 25 августи соли 2023 идома дошт, беш аз 25 матлаб дар қолаби назму наср ворид гардидааст. Дар он намояндагони кишварҳои дигар, аз ҷумла Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон низ бино ба муҳаббате, ки ба Модар — олиҳаи ҳаёт доштанд, ширкат ҷустанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин озмун аз кишварамон мудири шуъбаи «Овози тоҷик», узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистону Тоҷикистон, ғолиби озмуни «Олтин қалам» («Килки заррин») Саодат Бекназарова ва шоир Ҷаъфар Муҳаммад низ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. 
Аз рӯйи матолиби публитсистӣ бо 43 хол ҷойи якум насиби ҳамкори мо — Саодат Бекназарова гардид.
— Соли равон дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» зери рукни «Дуои модар» мақолаам таҳти унвони «Хосияти бахти баланд», ки ба модари азизам бахшида будам, чоп шуда буд. Аммо ҳеч гумон накарда будам, ки дар озмун ғолиб меояму ба Тоҷикистон даъват мешавам. Ба раиси вилояти Суғд ва ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои арзёбии баланди маҳсули эҷодам ташаккур мегӯям. Фикр мекунам, ки чунин озмунҳои муфид идома пайдо мекунанд. 
Дар маросими мутантани ҷоизасупорӣ, ки чанде қабл дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ғолибони озмунро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо туҳфаҳои гаронбаҳо сарфароз гардонид.
Мо ба ин муносибат ба ҳайати таҳририяи нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд арзи сипос намуда,  ҳамкорамон Саодат Бекназароваро бо ин дастовард самимона табрику муборакбод менамоем.

Ҷамоаи рӯзномаи 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: