Масъалаҳои инкишофи саноат, инфрасохтор ва сайёҳӣ дар шаҳри Тошканд муҳокима гардиданд

  • Масъалаҳои инкишофи саноат, инфрасохтор ва сайёҳӣ дар шаҳри Тошканд муҳокима гардиданд
  • Масъалаҳои инкишофи саноат, инфрасохтор ва сайёҳӣ дар шаҳри Тошканд муҳокима гардиданд
  • Масъалаҳои инкишофи саноат, инфрасохтор ва сайёҳӣ дар шаҳри Тошканд муҳокима гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев 27 феврал бо лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки ба рушди саноат ва соҳаҳои хидматрасонӣ, инчунин инфрасохтори шаҳри Тошканд нигаронда шудаанд, шинос шуд.

Дар барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» мақсад ва вазифаҳо оид ба дастгирии рушди соҳибкорӣ, босамар истифода намудани захираҳои табиӣ ва об, татбиқи потенсиали сайёҳии минтақаҳо, беҳсозии шароити зиндагии аҳолӣ ва инфрасохтори шаҳрҳо муайян карда шудаанд.

Дар ҷамъомади мазкур масъалаҳои ташкили ин кор дар пойтахт муҳокима гардиданд.

Барои сабук намудани татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории воҳидҳои соҳибкорӣ дар Тошканд ҷамъияти саҳҳомии «Тошканд инвест компанияси» ташкил гаштааст. Дар назди ширкат вазифаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар пойгоҳи қитъаҳои холии замин, лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ, инчунин лоиҳаҳои реноватсия гузошта шудааст.

Бинобар ин тартиби соддаи татбиқи лоиҳаҳо бо шарти шарикии давлативу хусусӣ, инчунин тартиби татбиқи лоиҳаҳои реноватсия дар пойтахт ва ҳамкорӣ дар асоси «қарордоди давраи ҳаёт» тасдиқ карда мешавад.

Дар тақдимот дар бораи ба вуҷуд овардани минтақаи махсуси саноатии «Янги авлод» бо мақсади баланд бардоштани  потенсиали саноатии пойтахт ва ба кор андохтани истеҳсолот дар асоси технологияи баланд маълумот дода шуд. Дар ҳудуди минтақаи саноатӣ дар майдони 664,5 гектар ҷалб намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба миқдори 1,5 миллиард доллар, ба вуҷуд овардани 2,5 ҳазор ҷойи нави кор, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба миқдори соле беш аз 1 триллион сӯм ва роҳандозии содирот ба қимати 5 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин пешниҳодот оид ба рушди хидматрасонии сайёҳӣ ва инфрасохтор дар пойтахт баррасӣ гардиданд.

Бо ин мақсад татбиқи барномаҳои чорабинии марбут дар ноҳияҳои Миробод, Олмазор, Чилонзор, Учтеппа, Шайхонтаҳур, Юнусобод, Яккасарой ва Яшнобод бо шомили ташкили кӯчаҳои сайёҳии гастрономӣ ва ҳунармандӣ, сохтмони объектҳои замонавии савдо ва хидматрасонӣ, меҳмонхона, қитъаҳои сабз ва рекреатсионии шафати каналҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ба ногузирии ташкили корҳои мазкур дар дараҷаи маҳаллаҳо бо муайян намудани нуқтаҳои рушди онҳо, ихтисос ёфтани онҳо ба намудҳои муайяни фаъолият ва сабз гардондани ҳудудҳо бо истифодаи васеи «Таҷрибаи Андиҷон» ишора гардид.

Роҳбари давлат лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва пешниҳодҳоро дастгирӣ намуд, ба шахсони масъул оид ба ташкили босифат ва самараноки иҷрои онҳо вазифаҳо дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: