Санъатшиносе, фарзанди фарзонаи Самарқанд вафот карду хеле мардум «савоби иштирок дар ҷаноза бештар» гуфта, назди ҳавлии марҳум ҷамъ омаданд.
Ку дӯст, ки қадри ёри ҳамдам донад,
Ку сӯхтадил, ки қимати ғам донад?
Одам зи куҷост, хоки одам зи куҷост,
Одам бошад, ки қадри одам донад!
(Лоиқ ШЕРАЛӢ).
Санъатшиносе, фарзанди фарзонаи Самарқанд вафот карду хеле мардум «савоби иштирок дар ҷаноза бештар» гуфта, назди ҳавлии марҳум ҷамъ омаданд.
Раҳматӣ дар яке аз маҳаллаҳои навбунёди шаҳр манзил дошт. Баъзеҳо намедонистанд, вай кист ва хидматаш дар назди халқу ватан чист. Аз ин рӯ, фаъолон ва аҳли фарҳанг машварат ороста, ба як-ду нафар шахси ҳолдон супориш додаанд, ки қабл аз хондани ҷаноза нисбати хидматҳои шоистаи марҳум ҳарф зананд.
Аммо ба ҳайрати ҳозирон масъала ранги дигар гирифт. Имом-хатибе ошкоро гуфт, ки дар дини мубини ислом вақти ҷаноза митингбозӣ роиҷ нест. Ин анъана замони шӯравӣ буд.
Ин тардиди имом ҳамаро дар тааҷҷуб гузошт.
Ҳарчанд чанд нафар зери лаб норозиёна чизе гуфтанд, баъди хондани намози ҷаноза мо ба имом-хатиб ишора кардем, ки мақсад митинг не, сухани видоъ гуфтан аст!
– Аз «боло» супориш ҳамин хел, – ба сафедкунии худ гузашт имом-хатиб, – мо супоришро иҷро мекунему бас.
Бузургон насиҳат кардаанд:
Сухан дониста гӯ, то
дӯстро душман
нагардонӣ,
Зи ҳарфи бетааммул
ошно бегона мегардад.
Бинобар ҳамин бар лаб мӯҳри хомӯшӣ зада, баъдан чанд китоби улуми диниро варақ задем, ки дар маросими дафн сухани видоъ гуфтан воҷиб аст ё не?!
Дар ривояте, ки аз Умар ибн Хаттоб (р) оварда шудааст, таъкид кардаанд, ки Паёмбари Худо (с.а.в) фармудаанд: «Ҳар мусалмонеро, ки чаҳор нафар ба хубиаш шаҳодат бидиҳанд, Худованд ӯро аз биҳишт ҷой медиҳад.
– Гуфтам: Агар се нафар шаҳодат диҳанд?
– Фармуданд: Агарчанде се нафар шаҳодат бидиҳад.
– Гуфтам: Агар ду нафар шаҳодат диҳанд?
– Фармуданд: Агар ду нафар ҳам шаҳодат бидиҳанд.
Вале шаҳодат додани як нафарро аз эшон напурсидем».
– Ман дар тааҷҷубам, – иброз дошт адиби шинохта Адаш Истад, – рафтору гуфтори баъзе пешвоёни динро ҳеҷ намефаҳмам. Онҳо сухани видоъ гуфтанро «митинг», яъне амали зиддидинӣ гумон мекунанд, ки хатост. Дӯсти наздикам Баҳром Истамқулов ҷон ба ҷонофарин супурд. Барои хондани намози ҷаноза имом-хатиби вилоят омад. Хушбахтона, моҳияти сухани видоъро фаҳмид, ки камина сифатҳои неки марҳумро ба ҳозирон гуфтам. Лекин шуур ва ҷаҳонбинии баъзе ба ном муллоҳо ниҳоят паст. Ба назарам, онҳо ҳарос доранд, ки нотиқон нисбати онҳо ба мавриду пурмаъно сухан мегӯянд. Шояд аз рашк ё ҳасад бошад, иҷозат намедиҳанд, ки баъзеҳо пеш аз ҷаноза ду-се даҳан сухани видоъ гӯянд. Ман дар Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ кор кардаам, чунин якравии муллоҳоро мушоҳида накардаам.
Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, ки тамоми аркони исломро адо намудааст, мегӯяд:
Зиндаву ҷовид монд,
ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр
зинда кунад номро!
Магар сари турбати марҳум дар ҳаққи вай сухани нек гуфта, видоъ намудан зикри хайр нест?!
Аллома Иқболи соҳибназар хеле дуруст фармудааст:
Ислом ба зоти худ
надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар
мусалмонии мост!
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.