САЙЁҲИ ОЗОД ДАР САМАРҚАНД

Дар маркази Самарқанд – дар мадрасаи Шердори маҷмӯаи Регистон бо сайёҳи озод аз Русия Антон Кротов вохӯрии шавқовару хотирнишин ба вуқӯъ пайваст.

Сайёҳи ҷаҳонгард Антон Викторовичи 47-сола дар суҳбат гуфт, ки ӯ ҷонибдори саёҳати тиҷоратӣ нест ва сафари эҷодӣ бо нақлиёту  пиёда айни муддаост.
Воқеан бояд хотиррасон шуд, ки сайёҳ ба 138 кишвари ҷаҳон сафар карда, 65 китоб навиштааст ва ҳоло ҳам пайваста сафару эҷод мекунад.
– Барои он ки сафар пурмазмун ва дилнишин гузарад, ба 8 қонуни саёҳат амал кардан лозим, – мегӯяд Антон Викторович. 
– Аввалан, кас бояд завқу ҳаваси саёҳат дошта бошад, афсӯс, ки баъзе ашхоси танбал рӯйи диван дароз кашида, орзуи сафар ба дигар кишварҳо мекунанд, ки хеле тааҷҷубовар аст. Ба фикрам, инсон бояд азму иродаи қатъӣ дошта бошад. 
Дуюм, саёҳатро аз масофаи наздик, аз кишвари худ бояд оғоз кард, зеро ватани хешро надонистан айб аст.
Дар омади гап месазад таъкид кард, ки ман аз 15-солагӣ ба шаҳру ноҳияҳои Русия, Украина, Белорус ва ғайра сайру саёҳат кардаам. Боз аксар вақт пиёда. 
Қонуни савум – аз баҳри шайтон-сандуқ, яъне саёҳат тавассути телевизион баромадан лозим, зеро он шавқу рағбатро мекушад. 
Боз як қонун ин аз майнӯшӣ истиҳола кардан мебошад, чунки аксар ҷинояту фалокат дар ҳолати мастӣ рух медиҳанд. Масалан, ман аз соли 2001 ба ҳаёти солим руҷӯъ карда, исломро пазируфта, ба Маккаю Мадина рафтам, «ҳоҷӣ» гардидам.
Қонуни шашум аз он иборат, ки дунё аз одамони савобталаб пур аст. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мардум некӣ кунанд. Худ шоҳиди он шудаам, ки дар Афғонистон, Ангола, Судан, Сибир, Аврупо, атрофи шаҳри Маскав ва ғайра мардум маро ба манзили хеш таклиф карда,  як бурда нонашонро ҳам рӯйи дасторхон мегузоранд. Борҳо гувоҳи он будам, ки ронандагон сайёҳонро бемузд ба манзил расондаанд. Ин аст, фазилати инсондӯстӣ!
Ҳангоми сафари озод ман дар куҷоҳо шабро рӯз накардаам... Дар сармову гармо дар кӯчаву хиёбонҳо, қабристону шифохона, хаймаву ғор, киштиву утоқи корӣ, хуллас ҳар куҷо рост ояд, ҳамон ҷо хобидаам. 
Ҳафтум – инсон бояд бо сабру тоқат ва бамулоҳиза бошад. 
Ва ниҳоят, барои сафар кардан бисёр забонҳоро донистан зарур. Дар сафар маблағи зиёд лозим нест. Чунончи, ман забонҳои арабӣ, русӣ, испанӣ ва каме форсиро медонам. 
– Нақшаи ояндаам, – хулоса намуд, меҳмон, – ҳамчун раиси академияи саёҳати озод дар Самарқанд барои дӯстдорони сафар истиқоматгоҳ пайдо кардан аст, то ки онҳо дар ин ҷо  шабро рӯз кунанд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: