САМАРИ ҲАМКОРИҲОИ ДӮСТОНА ЧАШМРАСАНД

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам
 Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад 


Боиси хушнудист, ки солҳои охир миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкориҳо густариш ёфта, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешравиҳо ба назар мерасанд. Ҳар ду ҷониб барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба талош карда, дар муддати шаш соли охир ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд.


Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарварони ду давлат – Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарҳадҳо аз нав боз шуда, ҳамкориҳо аз сатҳи муносибатҳои стратегӣ ба дараҷаи дӯстии абадӣ расиданд. Дар ин муддат сарони давлатҳо бо ҳамдигар якчанд маротиба мулоқоту вохӯриҳо доир карда, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд. Дар баробари ин ба ҳукуматҳо ва сохторҳои марбутаи  давлатӣ дастур доданд, ки ҷиҳати беҳтар кардани шароити ҳамкориҳои дуҷониба чораҷӯӣ намуда, сатҳу сифати онҳоро беҳтар созанд. Аксари масъалаҳои вобаста ба сарҳад, гумрук, иқтисод, тиҷорат ва фарҳанг дар ин асос ҳаллу фасл гардида, заминаи васеи ҳамкориҳо фароҳам омад. Дар муддати сиву ду соли барқарор гардидани ҳамкориҳо миёни ду давлат беш аз 192 созишномаи байнидавлатӣ, байниидоравӣ, байниминтақавӣ, санадҳо миёни муассисаву корхонаҳо ва санадҳои байналмилалие, ки мақоми қарордоди байналмилалӣ надоранд, инчунин зиёда аз 100 қарордоду шартнома миёни соҳибкорону тоҷирон ба имзо расидаанд, ки ба беҳтар шудани фазои тиҷоратӣ ва иқтисоди ду кишвари ҳамсоя мусоидат намуданд. Қисми зиёди санадҳои дуҷониба дар замони ба сари қудрат омадани муҳтарам Ш. Мирзиёев ба имзо расидаанд, ки ин аз муносибати хуби дӯстона ва бародаронаи сарварони ду давлат дарак медиҳад.
Солҳои охир раванди ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат беҳтар шуда,содироту воридоти ҳаҷми молу маҳсулот ба маротиб афзоиш ёфтааст. Дар ин давра гардиши мол беш аз 700 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, тамоили пешрафт ба назар мерасад. Новобаста ба ин, ҳанӯз дар ҳар ду мамлакат имконоти истифоданашуда зиёданд ва дар оянда метавон аз иқтидорҳои мавҷуда баҳравар шуд ва гардиши молу маҳсулотро ба ҳаҷми як миллиард доллар расонид. Таъсис ёфтани Фонди инвеститсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ барои бунёди корхонаҳои муштарак мустақиман мусоидат ва раванди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва суръати интиқоли молу маҳсулотро афзун хоҳад намуд.
Ҳар ду давлат дар масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ хушбин буда, омодаанд иқтидорҳои навро ба кор баранд ва дар пешрафти иқтисоди миллии кишварҳо мусоидат намоянд. Дар ин росто таъсиси корхонаҳои муштарак ва  ба кор даровардани корхонаҳои бекормондаи Тоҷикистон тавассути ҷалби сармояи кишвари ҳамсоя  имкон медиҳад, ки теъдоди ҷойҳои кориро боз ҳам зиёд намоем ва раванди ҳамкориҳои иқтисодиро беҳтар созем. Баъзе корхонаҳои муваффақи Ӯзбекистон омодаанд, ки ба хотири ба даст овардани алюминии аълосифат дар азнавсозии корхонаҳои Ширкати «ТАЛКО» иштирок намоянд. Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 90 корхонаи муштарак бо иштироки сармояи ӯзбекистонӣ таъсис ёфта, бо муваффақият фаъолият доранд, ки маҳсулот ва хидматрасониро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ равона мекунанд.
Дар масъалаи истифодаи конҳои  ангишт низ ҷониби Ӯзбекистон омода аст аз захираҳои табиии Тоҷикистон истифода кунад ва гардиши молу маҳсулотро аз ҳисоби воридоти ангишт зиёд намояд. Ҳоло Ӯзбекистон аз кишвари мо ангишт харидорӣ  менамояд, аммо ҳаҷми он ниҳоят кам буда, талаботи кишвари ҳамсояро  қонеъ намекунад. Ба хотири зиёд кардани харидории ангишт  аз Тоҷикистон ҳар ду ҷониб омодаанд, ки роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакентро ба анҷом расонанд. Дар ҷаласаи ёздаҳуми байниҳукуматӣ  сарвазирони кишварҳо ба масъулин дастур доданд, ки лоиҳаи сохтмони роҳи оҳанро барои мувофиқа ба сарони далатҳо пешниҳод кунанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тарафи Тоҷикистонро вазоратҳои нақлиёт ва саноату технологияи нав ва ҷониби Ӯзбекистонро Вазорати нақлиёт ва Ширкати «Роҳи оҳани Ӯзбекистон» бар ӯҳда мегирад ва онро  дар ояндаи наздик амалӣ месозанд. Бунёди роҳи мазкур, ки тарҳи он ҳанӯз солҳои чилуми асри бист омода шуда буд, як қадами устувор дар боло бурдани ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шумор меравад. 
Дар соҳаи нақлиёт низ ҳамкориҳо густариш ёфта истодаанд. Ҳаҷми боркашонӣ ду маротиба зиёд шуда, аксари нақлиёти боркаш тавассути гузаргоҳои сарҳадии миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳаракат мекунанд, аз роҳҳои транзитии ҳамдигар мутаносибан истифода менамоянд. Дар ояндаи наздик мақсад аст, ки ҳаҷми пардохти андозҳоро сабук гардонанд ва ҷиҳати ҳаракати мошинҳои боркаш шароити беҳтар муҳайё намоянд. Равобити ҳамкориҳо дар ин самт имкон доданд, ки таҷрибаи рақамикунониро дар сохтори нақлиёти Тоҷикистон амалӣ созанд ва сатҳу сифати назорати мошинҳо ва дигар масъалаҳои логистикиро осон гардонанд.
Раванди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва ҳамлу нақли барқ низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Бо ташаббуси сарони давлатҳо дар дарёи Зарафшон сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст. Имрӯзҳо корҳои лоиҳакашӣ идома доранд ва моҳи май масъули сохтмон дар озмуни байналмилалӣ иштирок карда, барои оғози кор маблағи сармоягузорӣ ҷудо мешаванд ва дар ояндаи наздик кори сохтмони ин неругоҳҳо оғоз меёбанд. Тамоми санадҳои дуҷониба дар ин самт ба имзо расиданд. Ҳамзамон миёни роҳбарони вазоратҳои энергетика масъалаи ҳамлу нақли барқи транзитӣ, бунёди зеристгоҳҳои пурқуввати сарҳадӣ ва таъмин кардан ба таҷҳизоти соҳаи барқ ба мовифиқа расиданд. Миёни ширкатҳое, ки ба тавлиди барқ, фурӯшу назорати он  машғул мебошанд, ҳамкориҳои қарин ба роҳ монда шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар соҳаи кишоварзӣ низ ҳамкориҳо бо суръат идома доранд. Дар ин самт бунёди Боғи дӯстӣ дар бист гектар замин дар шаҳри Ҳисор аз иқдомҳои назаррас ба ҳисоб меравад. Тамоми ниҳолҳо ва кори агролаборатории он бар дӯши  ҷониби Ӯзбекистон буда, ҷудо кардани замин ва муҳайё намудани шароити корӣ бар дӯши Тоҷикистон аст. Ҳоло тамоми ниҳолҳо шинонда шуданд, ҳавзи об бунёд ёфта, дарахтон зери назорати мутахассисон қарор доранд. Дигар ин ки дар маркази вилояти Суғд филиали Маркази хидматрасонии кишоварзӣ (АКИС) барои кормандони соҳаи кишоварзӣ таъсис ёфт, ки дар он ҳар моҳ аз ҷониби Ӯзбекистон олимон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ даъват карда мешаванд ва кормандону мутахассисони тоҷикро бо дастовардҳои муосири кишоварзӣ, ирригатсионӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, ангурпарварӣ, пахтакорӣ, кирмакпарварӣ ва амсоли инҳо шинос менамоянд. Курси нахустин бо иштироки олимону муовинони вазирҳои кишоварзии ҳар ду кишвар моҳи феврали соли 2024 доир гардид. 
Ба ғайр аз ин ҷониби Ӯзбекистон кишоварзони Тоҷикистонро бо навъҳои хушсифати тухми гандум, пахта ва дигар намудҳои зироат таъмин менамояд. Дар соҳаи боғдорӣ, гулпарварӣ, чорводорӣ ва зироаткорӣ ҳам ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд. Дар соҳаи тут ва кирмакпарварӣ низ корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Соли дуюм аст, ки ҷониби Тоҷикистон аз тутҳои сербарги ӯзбекистонӣ истифода мекунад ва барои гирифтани ду-се ҳосил омодагӣ мегирад. Ҳоло дар кишвари ҳамсоя дар баъзе ноҳияву вилоятҳо соле то чаҳор маротиба ҳосили барги тут мегиранд.  Ҳамзамон, тарафи Ӯзбекистон ба кишвари мо поруҳои менералӣ, аз ҷумла, селитра, мачавина, карбамит ва ғайраро равон мекунад. 
Дар соҳаи сайёҳӣ низ имконоти ҳамкориҳо зиёданд. Ҳоло байни ширкатҳои сайёҳӣ қарордодҳои зиёд ба имзо расида, сайёҳон аз ҳар ду ҷониб аз мавзеъҳои сайёҳӣ дидан менамоянд ва бо таассуроти нек бармегарданд. Махсусан, сайёҳии кӯҳӣ, тиббӣ ва зиёратӣ бештар ба назар мерасанд. Ҳар сол дар шаҳри Тошканд намоиши имконоти сайёҳии Ӯзбекистон доир мешавад. Аз Тоҷикистон дар ин чорабинӣ то 20 ширкати сайёҳӣ иштирок менамояд ва қарордоди ҳамкорӣ ба имзо мерасонад. Ҳоло масъулони ноҳияҳои Китоб ва Шаҳрисабз ният доранд, ки хати сайри алоҳидаи туристӣ ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва баръакс мавзъеҳои истироҳативу таърихии худашонро ташкил намоянд. Як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, хушбахтона аз марказҳои тандурустӣ ва санатории кишвари ҳамсоя истифода карда, хоҳишмандони ба Тоҷикистон барои истироҳат рафтан низ кам нестанд. Танҳо соли гузашта беш аз якуним миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз мавзеъҳои мухталифи давлати ҳамсоя боздид ба амал оварданд, беш аз ҳаштсад ҳазор шаҳрвандони Ӯзбекистон бо ин мақсад ба Тоҷикистон сафар карданд. Ин омор нишон медиҳад, ки муносибати байни кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ беҳтар шудаанд. Вале ҳанӯз имкони зиёд кардани теъдоди меҳмонону сайёҳон аз ҳар ду ҷониб зиёд мебошад.
Қабули «Аҳднома доир ба ҳамкориҳои стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» барои васеъ шудани ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳои иқтисоди миллӣ ва робита миёни сохторҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ такони ҷиддӣ бахшид ва раванди муносибатҳои дӯстонаро боз ҳам беҳтар намуд. Дар  якчанд чорабинии сатҳи баланд, ки дар Тошканд ва Самарқанд доир гаштанд, Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.
Ба хотири иштирок дар ҷашни панҷсолагии Музокироти  машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, конфронси сатҳи баланд доир ба ҳалли мушкилоти баҳри Арал ва боздид аз намоишгоҳи дастоварди кишварҳои Осиёи Марказӣ  Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Ш. Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ду чорабинии аввал суханронӣ карда ва ҳамроҳи ҳамтоёни хеш аз намоишгоҳи дастовардҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дидан намуд. Мулоқоти мазкур ва вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба рушди ҳамкориҳои минбаъда асос гузоштанд. Дар заминаи ин мулоқоту вохӯриҳо ҳокимиятҳои давлатӣ робитаро устувор карда, дар чандин чорабинии муштарак иштирок намуданд. 
Соли 2023 ду маротиба Раиси Сенати Ӯзбекистон Танзила Норбоева ба Душанбе ташриф оварда, бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ вохӯрд ва дар конфронси минтақавии занон дар мавзӯи масоили гендер иштирок ва суханронӣ намуд. 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам М. Зокирзода дар ҷаласаи навбатии байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ дар Самарқанд ширкат ҷуст ва суханронӣ кард, ҳамчунин бо Раиси Палатаи қонунгузории Ӯзбекистон мулоқот доир намуд. Ҳоло дар ҳар ду парлумон дар сатҳи муовинони раисҳо гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис ёфтаанд, ки саҳмашон дар таҳкими муносибатҳои дӯстона назаррас мебошад.
Бояд таъкид кард, ки миёни минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар низ ҳамкориҳо бо маром идома доранд. Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон роҳбарону кормандони минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба кишвари ҳамсоя сафар карда, аз минтақаҳои озоди иқтисодии вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Навоӣ, Тошканд дидан карданд ва ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. Дар заминаи ҳамин санадҳо ҳоло дар Минтақаи озоди иқтисодии Хуҷанд корхонаи муштарак ба кор даромада, бунёди ду корхонаи дигар идома дорад. Бовар дорем, ки байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар оянда робитаҳо боз ҳам таҳким хоҳанд ёфт. Махсусан, масъулини минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон метавонанд аз минтақаҳои озоди иқтисодии вилоятҳои Навоӣ, Тошканд, Ҷиззах, Самарқанд, ки имконоти бештар доранд, истифода намоянд. Имрӯзҳо дилерону тоҷирони тоҷик аз баъзе минтақаҳо маводу масолеҳи зиёдро барои фурӯш ба нуқтаҳои савдои Тоҷикистон ирсол менамоянд ва ҳамчунин ҷиҳати ҳамкориҳо мусоидат менамоянд. 
Бояд гуфт, ки дар шаш соли охир ҳамкориҳои минтақавӣ ҳам ба маротиб боло рафтааст. Ҳоло миёни аксари вилояту ноҳияҳо, бахусус ноҳияву шаҳрҳои сарҳадӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ривоҷ ёфта, масъулини шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои муштарак мегузаронанд ва дар тадбирҳои ҳамдигар фаъолона ширкат меварзанд. 
Дар соҳаи маориф низ робитаҳо назаррас мебошанд. Миёни донишгоҳу донишкадаҳо ҳамкориҳо оғоз шуда, табодули таҷриба сурат гирифтааст ва рафту омади олимон, инчунин иштирок дар конфронсҳои ҳамдигар ба назар мерасанд. Ташкил ва баргузории Форуми ректорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳукми анъана даромадааст. Соли гузашта бо иштироки вазири таҳсилоти олии касбӣ ва илму инноватсияи Ӯзбекистон як ҳайати бонуфузи ректорон ба Душанбе ташриф оварданд ва тайи ду рӯз масоили ҳамкориҳоро баррасӣ карда, ба кору фаъолияти ҳамтоҳояшон шинос гардиданд. Ният аст, ки имсол рӯзҳои наздик чунин Форум дар Тошканд баргузор шавад. 
Дар соҳаи санъат ва фарҳанг низ анъанаи пешинаи ҳамкориҳо барқарор ва ташкили сафарҳои ҳунарӣ ба роҳ монда шудааст. Як қисми театрҳои Тоҷикистон ба вилояти Бухоро, Самарканд, Қуқанд, Фарғона сафари эҷодӣ намуданд ва театрҳои Ӯзбекистон низ ба Тоҷикистон рафта, ҳунари худро нишон доданд. Консертҳои муштарак низ баргузор шуданд. Дар Тошканд консерти Далер Назаров ва Хуршед Иброҳимов баргузор шуд, ки онҳоро тамошобинон гарму ҷӯшон истиқбол намуданд. 
Дар соҳаи рассомӣ низ ҳамкориҳо натиҷаи хуб доданд. Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Н. Ҳомидова дар Тошканд ёддошти тафоҳумро ба имзо расонид. Дар ин замина дар Тошканд ва Самарқанд намоиши рассомони тоҷик баргузор шуд. Дар оянда ният аст, ки намоиши рассомони Ӯзбекистонро дар Душанбе баргузор намоем. 
Хушбахтона, дар бахши ровобити адабӣ низ натиҷаҳои дилхоҳ ба назар мерасад. Шаш нафар узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, ки тоҷикони муқими Ӯзбекистонанд, ба узвияти Итифоқи навсандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд. Дар ноҳияи Чуст ҷашни устод С. Улуғзода, дар Тошканд ҷашни устод М. Турсунзода ва дар Фориш ҷашни Ҷонибек Қувноқов бо иштироки адибону нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир гардид. Дар ноҳияи Бойсун ба хотири гиромидошти устод Саттор Турсун маҳфили адабӣ доир шуд, ки дар он меҳмонон аз Тоҷикистон иштирок намуданд. Ба муносибати 70-солагии таъсиси шуъбаи Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд теъдоди зиёди адибону нависандагон ва рӯзноманигорони Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, бо таассуроти нек баргаштанд ва силсилаи мақолаҳоро дар васфи дӯстии адибони тоҷик ва ӯзбек таълиф карданд. Боиси хурсандист, ки солҳои охир чопи китобҳои адибони тоҷики муқими Ӯзбекистон ба маротиб зиёд шуда, ҳар сол беш аз чорсад китоби бадеӣ ва адабӣ интишор мешаванд. Рафтуомади адибон дар чорабиниҳои илмиву адабӣ имкон медиҳанд, ки онҳо аз пешрафту дастовардҳои ҳамдигар огоҳ шаванд ва воқеияти имрӯзаро хубтару беҳтар инъикос намоянд. Дар ин самт маҳфили «Ганҷи сухан», ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастгирӣ меёбад, шоистаи таҳсин мебошад. Як зумра шоирону адибон, олимону рӯзноманигорон, ки аъзои фаъоли ин маҳфил мебошанд, дар вилоятҳои Фарғона ва Тошканд маҳфили дӯстӣ гузаронида, иштирокчиёнро бо ашъори нави худ, ки бештарашон дар мавзуи дӯстӣ таълиф шудаанд, шинос намуданд. Чунин як чорабинӣ дар шаҳри Самарқанд низ доир хоҳад гашт.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дастовардҳои шаш соли охир дар ҳамаи бахшу соҳаҳои иқтисоди миллӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  назаррас буда, метавон ин ҳамкориҳоро аз ҳар ду ҷониб қаноатманд ҳисобид. Чунин раванди ҳамкориҳо барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ роҳи васеъ боз карда, муносибати дӯстонаи ду давлат ва ду халқи бародар ва ҳамсояро боз ҳам баланд мебардорад. 
Бо эътимод метавон гуфт, ки муносибати дӯстонаи халқҳои тоҷик ва ӯзбек самари нек дода, ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мусоидат менамояд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: