Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Қатар ба охир расид

  • Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Қатар ба охир расид

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев сафари давлатиашро ба Қатар ба охир расонд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи шайх Ҳамад меҳмони олиро вазири давлатии корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад бин Абдулазиз Ал Хулайфӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд. Сарвари давлатамон ба Тошканд рафт.

Имрӯз дар Доҳа раҳбари кишварамон бо Амир шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ мулоқот анҷом дод, ки дар ҷараёни он сарони давлатҳо ҷонибдории худро ҷиҳати ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ расондани ҳамкориҳои ду кишвар изҳор намуданд.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо имзои бастаи муҳими ҳуҷҷатҳо ба вуқӯъ пайваст.

Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО Доҳа – 2023» иштирок намуда, якҷоя бо дигар раҳбарони даъватшуда бо экспозитсияи он шинос шуд.

Сарвари давлати мо зимни сафари худ дар Қатар бо сармоягузорони бузурги ин кишвар низ як қатор мулоқотҳо анҷом дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: