Президентҳо аз ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри Хива дидан карданд

  • Президентҳо аз ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри Хива дидан карданд

Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҳамроҳи сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ба ёдгориҳои таърихӣ дар маҷмааи Ичанқалъа ва қасри Нуруллабой дар шаҳри қадимии Хива ташриф оварданд.

Ичанқалъа, ки онро «музейи таҳти осмои кушод» меноманд, ягона шаҳрест, ки ба сифати ёдгории яклухт дар Осиёи Марказӣ маҳфуз мондааст. Дар ин ҷо зиёда аз 120 ёдгориҳои меъморӣ мавҷуд аст.

Дар соли 1990 шаҳри Хива ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дароварда, дар соли 1997 солгарди 2500-умини  он ҷашн гирифта шуд. Соли 2020 шаҳр пойтахти фарҳангии дунёи туркӣ, дар соли 2024 пойтахти сайёҳии дунёи исломӣ эълон гардид.

Қасри Нуруллабой дар ибтидои асри ХХ сохта шудааст. Маҷмӯа аз мадраса, зиёда аз сад ҳуҷра ва галерея иборат аст. Дар ороиши хонаҳои қаср натанҳо устоёни пешқадами Хива, балки рассом-ороишкорони хориҷӣ низ ширкат доштанд, ки онҳо услубҳои модерни аврупоиро ба қиёфаи шарқонаи сарой ворид карданд. Толорҳои асосӣ бо оташдонҳо, оинаҳои Венесия ва қандилҳои биринҷии оби тилло давондашудаи дорои овезонкунаки булӯр оро дода шудааст.

Ҳикояҳо дар бораи таърихи Хива ва саҳми он дар рушди илм, инчунин фарҳанг ва санъати бойи минтақа ба меҳмонони қазоқистонӣ таассуроти калон бахшид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: