«ИН МУЛКИ ҶАҲОН БА КАС НАМОНАД ҶОВИД»

Дар арафаи зимистони соли гузашта ба ноҳияи Сӯх рафтам.

Дар арафаи зимистони соли гузашта ба ноҳияи Сӯх рафтам. Дар маркази ноҳия бо яке аз дӯстонам вохӯрдам. Баъди аҳволпурсӣ хабар дод, ки Шарифҷони ғазновӣ аз дунё даргузашт ва ин воқеа ногаҳон ба вуқӯъ пайваст. Дилам аз шунидани ин хабар сахт ба риққат омад. Ману Шарифҷон аз байни сӯхиён аз аввалинҳо барои иҷрои қарзи интернатсионалӣ ба хоки Афғонистон рафта будем.
Ин деҳа дар 25 километрии маркази ноҳия воқеъ гаштааст. Дар ҳавлии ӯ ҳамсар ва писараш маро истиқбол гирифтанд. Дар ҳаққи Шарифҷон дуову фотиҳа хондам. Чанд моҳ пеш бо Шарифҷон вохӯрда будам. Вай ҳаргиз аз саломатӣ шиква надошт. 
Шарифҷон факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории  Душанберо хатм намудааст. Солҳои зиёд дар мактаби деҳаашон дарс гуфтааст ва роҳбари мактаб шуда кор кардааст.  
Соли 1981 як гурӯҳ омӯзгорони мактабҳои ноҳияро комиссариати ҳарбии ноҳияи Риштон даъват кард (он вақт Сӯх тобеи ин ноҳия буд). Бо мо шахси пурсалобате дар бораи инқилоби саври Афғонистон дурудароз суҳбат кард. Баъд бо тақозои ӯ варақаҳои тақсимкардаашро хонапурӣ кардем. Ин мард гуфт, ки дар сурати пеш омадани зарурат моро боз ба комиссариати ҳарбӣ даъват хоҳанд кард.  
Баъди сипарӣ шудани се ё чор моҳ аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома омад.  Он ҷо Шарифҷон низ дар даст даъватнома мунтазири қабули комиссари ҳарбӣ буд.  Комиссари ҳарбӣ гуфт, ки ману Шарифҷон омодагӣ гирем, зеро барои хизмат ба Афғонистон меравем.
 Аз Риштон ҳадаҳа ба хона баргаштам ва матлабро ба падару модарам фаҳмондам. Падарам ин хабарро шунида чизе нагуфтанд. Аммо модарам орому қарор аз даст дода буд. 
–Ин чӣ гуфтагиат, писарам? Чӣ хел ба Афғонистон меравӣ? Дар он кишвар ҷанг давом дорад, ту инро мефаҳмӣ? – модарам намедонист чиҳо гӯяд. 
Ман низ саросема шудам ва намедонистам, ки чӣ тавр модарамро ором кунам. Гуфтам, ки аз Сӯх танҳо нестам ва аз деҳаи Ғазнов Шарифҷон Шарифов низ ҳамроҳи ман аст. 
Вақти хайрухуш фаро расид. Модарам дар соядави дарахти зардолуи калони ҳавлиамон хомӯш менишаст. Ба меҳмонони зиёде, ки барои гусели ман омада буданд, таваҷҷӯҳе намекард. Вай баъди солҳои зиёди омӯзгорӣ ва 18 соли директорӣ  ба нафақа баромада буд ва аз асли воқеа огоҳӣ дошт.  Ҳамон солҳо аллакай чандин ҷасади қурбониёни ҷанги Афғонистон ба Ватан интиқол ёфтаву боиси ғаму андӯҳи падару модарон мешуданд. 
Оҳиста назди модарам рафтам. Вай бо чашмони пурашк маро ба оғӯш гирифт ва аз рухсораҳоям гарм-гарм  бӯсид. Сонӣ дуо  кард, ки ҳаргиз рӯзи амакам ба сарам наояд. Амакам–Мирасрор бо падарам якҷо ба ҷанги зидди фашизм рафта барнагаштааст, барои ҳамин падарам номи бародарашонро ба ман гузошта буданд. Ғайр аз он ки аз модарам хоҳиш кунам то аз ҳамсарам эҳтиёт шаванд, чизи дигар гуфта натавонистам.
Падарам  ҳаёти сахту вазнинро бисёр аз сар гузаронидаанд, дар ҷанги зидди фашизм ширкат кардаанд. Чилу панҷ соли ҳаёти худро ба кори омӯзгорӣ ва мактабу маориф бахшидаанд. Ба хешу табор ва ҳамсояҳо мегуфтанд, ки дар Афғонистон инқилоб рух додааст ва ман барои дифоъ намудани манфиатҳои мардуми фақири афғон ба он ҷо сафарбар шудаам. Ҳоло ҳарду дар қайди ҳаёт нестанд ва ёдашон гиромӣ бод!
Бегоҳии сеюми апрели соли 1981 ману Шарифҷон бо қатора ба Тошканд расидем ва то бегоҳ мунтазири қатораи дигар нишастем. 
Вақти ҳаракати поезд фаро расид. Бо Шарифҷон вориди купе шудем. Ҷойҳоямонро ишғол карда, гоҳ хомӯшу гоҳ суҳбаткунон, гоҳ хуфтаву гоҳ бедор савори қатора пеш мерафтем. 
 Ногоҳ садои Шарифҷон ба гӯшам даромад. Вай   рубоии Умари Хайёмро замзама мекард:
Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд,
Ҳар як пайи якдигар якояк бишаванд,
Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанд, равему боз оянду раванд.
Рубоӣ ба охир расид ва Шарифҷон  як оҳи сард кашид.  
– Дӯстам, барои “кӯҳна” шудани ману шумо ҳанӯз вақти зиёд дар пеш аст. Дила васеъ гиред ва фикрҳои ҳархеларо аз сар дур кунед, – гуфтам бо оҳанги шӯхиомез ва хостам Шарифҷонро аз вартаи ноумедӣ раҳонам.
Аммо худам намедонистам, ки дар пеш чӣ сарнавишт моро интизор аст.
Ба шаҳри Алмаато чошти рӯзи дигар  расидем. Маълум шуд, ки гурӯҳи ҳаштоднафарии мо шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои гуногуни Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳастанд. Баъди он ки дар яке аз қисмҳои марзбонӣ муддати даҳ рӯз машқи ҳарбӣ гузаштем, фармондеҳ эълон кард, ки омода шавем ва ҳавопаймои хоси низомӣ моро ба шаҳри Кобул мебарад. 
Вақте ки ҳавопаймо ба майдони ҳавоии Кобул наздик шуд, атрофи онро чаҳор чархбол иҳота кард. Ин чархболҳо якзайл аз самти ақиби худ ракет мепаррониданд. Ин ҳолро дида моро воҳима фаро гирифт. Намедонистем, ки ин чархболҳо барои ҳимояи ҳавопаймои мо аз ракети эҳтимолии муҷоҳидони афғон чунин амалро ба кор мебурдаанд.
Пеши назар манзараи аҷиб ва барои мо комилан ғайритабиӣ ҳувайдо гашта буд. Дар атроф танҳо низомиёни мусаллаҳ мегаштанд. 
Шаби аввалро дар хаймаҳои назди майдони ҳавоӣ рӯз кардем. Субҳи рӯзи дигар як гурӯҳ одамони мулкӣ моро аз санҷиш гузарониданд. Онҳо мехостанд донанд, ки кадоме аз мо хати арабиасоси форсиро хондаву навишта метавонад. 
Баъди санҷиш  шонздаҳ нафар дар шаҳри Кобул мондем. Шарифҷонро ба вилояти Фараҳ фиристоданд. Моро ба минтақаи корти чоруми шаҳри Кобул бурданд ва дар яке аз ҳавлиҳои он ҷой карданд. Гуфтанд, ки ин ҷойи зисти доимии мост ва ҷойи хидмат низ дар ҳамин наздикиҳост.
 Иттифоқ афтод, ки то фарҷоми муддати хидмат ману Шарифҷон ҳамдигарро надидем ва аз аҳволи якдигар низ бехабар будем.  
Ҳамин тариқ, муддати муқарраршудаи хидмати мо дар Афғонистон ба охир расид. Ману Шарифҷон зимни бозгашт ба Ватан дубора дар майдони ҳавоии Кобул боҳам вохӯрдем. Хушҳол шудем, ки зиндаву саломат боз ба дидори ҳамдигар расидем.   
Вақте ки ба ҳавопаймои низомии “Ил–76” савор шудем, маълум шуд, ки аз гурӯҳи ҳаштоднафарии қаблӣ чанд нафар ҳамроҳонамон дар байн нестанд. Аммо касе нагуфт, ки онҳо куҷоянд ва чаро ҳамроҳи мо ба Ватан барнамегарданд. 
Баъди бозгашт ҳама дубора машғули кору зиндагии худ шудем. Баъзан бо Шарифҷон дар маркази ноҳия ё ягон тӯю маросим рӯ ба рӯ меомадем ва аҳволпурсӣ мекардем. Вақте ки бо аъзои хонаводаам ба шаҳри Тошканд кӯчидам, диду боздидҳои ману Шарифҷон  дер-дер рух медодагӣ шуд.
Дар ҳавлии Шарифҷон ба ман гуфтанд, ки ӯ солҳои зиёд ба ин сӯ ба бемории қалб мувоҷеҳ шуда буд. Аммо бо вуҷуди муолиҷаҳои зиёд ин беморӣ вайро бебозгашт ба абадият бурд. Аз зумраи омӯзгорони Сӯх, ки дар пайи ману Шарифҷон қарзи интернатсионалистии худро дар кишвари Афғонистон анҷом додаанд, имрӯз боз чаҳор тани дигар дар қайди ҳаёт нестанд. Ниҳолҷон Маҳматов, Мадаминҷон Саидбеков, Раҳмонҷон Нисоев ва Алиҷон Савронов низ бар асари бемориҳо бо ин дунё падруд гуфтаанд. 
Қобил ба ёдоварист, ки теъдоди иштирокчиёни ҷанги Афғонистон аз ноҳияи Сӯх 120 нафарро ташкил мекунад. Сарбозони қаторӣ Ҷӯраалӣ Мӯъминов ва Давронҷон Давронов ҳанӯз зимни иҷрои хидмат дар хоки Афғонистон ба шаҳодат расидаанд. 
Ёди ҳамаи онҳо гиромӣ бод!

Мирасрор АҲРОРОВ,
собиқадори ҷанги Афғонистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: