ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ЖУРНАЛИСТОН

Нишасти матбуотӣ

Дар моддаи 81-82, боби XV-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оварда шудааст: “Воситаҳои ахбори оммавӣ озод ва дар асоси қонун фаъолият мебаранд. Давлат ҳуқуқи озодона сухан гуфтан,  аз ахбору навгониҳои рӯзмарра истифода бурдан ва равшан намудани онҳоро кафолат медиҳад. Воситаҳои ахбори оммавӣ барои ахбору навгониҳои тақдимкардаи худ ҷавобгар ҳастанд. Ба фаъолияти ВАО монеа шудан ё ки зиддият нишон додан мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”. 
Дар Маркази матбуоти миллӣ Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон бо ҳамкории ташкилоти нодавлативу нотиҷоратии “Мадад” ба муносибати 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти мавзӯи “Ҳимояи ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ: дастгирии қонунгузорӣ ва ислоҳот” анҷумани матбуотӣ баргузор намуд.  
– Таҳти роҳбарии Президентамон дар мамлакат баҳри таъмини рушди соҳаи медиа, дастгирии фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ як қатор корҳои назаррас иҷро мегарданд. Дар Конститутсияи нав доир ба соҳа моддаҳои нав ҷой доранд, ки ба ҳифзи ҳуқуқи журналистон нигаронда шудаанд, – гуфт дар баромади худ раиси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Холмурод Салимов. 
Дарҳақиқат, таҳрири нави Қонуни Асосии мо ба мустаҳкам намудани ҳуқуқ ва озодии инсон нигаронда шудааст. Таъкид гардид, ки ба Конститутсия 27 моддаи нав дохил карда шуда, шумораи онҳо аз 128 ба 155-то, меъёрҳо аз 275 ба 434-то зиёд шуд, яъне Конститутсия 65 фоиз нав шуд. Дар натиҷаи имтиёз, имконият ва эътибори алоҳида ба соҳа шумораи воситаҳои ахбори оммавӣ аз 1514 ба 2140, нашрияҳои интернетӣ аз 395 ба 745 адад афзуд.
Барои фаъолияти ҳар як соҳа, аз ҷумла журналистика саводхонии ҳуқуқӣ лозим аст. Мувофиқи шартномаи миёни шӯрои журналистон ва ташкилоти нодавлатию нотиҷоратии “Мадад”, ба журналистон ва блогерҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода мешавад. Иштирокдорони анҷуман доир ба рушди журналистикаи замонавӣ, вазифаҳои муҳими дарпешистода, муаммоҳои мавҷуда, баланд бардоштани маҳорати касбии ходимони ВАО барин масъалаҳои муҳим фикру мулоҳизаи худро баён намуданд. 

С. БЕКНАЗАРОВА, хабарнигори “Овози тоҷик”.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: