Театри мақоми мусиқии шаҳри Марғилон дар мавсими аввалаи худ ба эътибори тамошобинон премераи нав – спектакли мақоми «Навоӣ»-ро, ки ба қалами Нурулло Аббосхон мансуб мебошад, туҳфа кард.
Театри мақоми мусиқии шаҳри Марғилон дар мавсими аввалаи худ ба эътибори тамошобинон премераи нав – спектакли мақоми «Навоӣ»-ро, ки ба қалами Нурулло Аббосхон мансуб мебошад, туҳфа кард.
Театр фаъолияти худро аз моҳи декабри соли гузашта оғоз намуда, ба мавсими нахустин тайёрии алоҳида дид. Натиҷаи меҳнати самараноки эҷодкорони ҷамоа ба монанди роҳбари бадеии ансамбли мақом Дониёр Ҳакимов, режиссёри саҳна Достон Ҳақбердиев, бастакори оҳангу сурудҳо, Артисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Абдураҳмон Холтоҷиев буд, ки образи Алишер Навоиро дар жанри мақом офариданд.
Дар спектакл нақши Навоиро актёр Азиз Исроилов ва нақши Ҳусайн Бойқароро Ботир Султонов иҷро кардаанд. Инчунин дар саҳна образҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Низомии Ганҷавӣ, Камолиддини Беҳзод ҳамчун симоҳои таърихӣ бо маҳорат нишон дода шудааст. Олами сеҳри мақом диққати тамошобинонро ба худ ҷалб менамояд. Оҳангу сурудҳое, ки ба ғазалҳои «Сарахбори ироқ», «Эй, сабо», «Соқиномаи байт», «Топмадим»-и Алишер Навоӣ эҷод шудаанд, ба дилҳо ҳузур мебахшанд.
Спектакли мазкури мақом эҷод ва ҷаҳонбинии рангоранги Навоиро дар офаридани асарҳо дар худ муҷассам намудааст. Ҳар як тамошобин бори дигар бо асарҳои Навоӣ ошно шуда, дунёи маънавии худро меафзояд. Кас бо шунидани савту сурудҳои мақом, ки дар асоси ғазалҳои Навоӣ танинандозанд, хаёлан ба олами эҷоди шоиру мутафаккири бузург саёҳат мекунад.
Дар суратҳо: лавҳаҳо аз спектакл.
Суратҳои М.ҚОДИРОВ (ӮзА).