Дар Самарқанд ҷаласаи СБАШ оид ба татбиқи талаботи ба таври касбӣ донистани забони англисӣ дар соҳаи авиатсия баргузор мегардад

5-7 июн дар Самарқанд ҷаласаи Гурӯҳи кории банақшагирии аврупоии EASPG оид ба татбиқи талаботи донситани касбии забони англисӣ (LPRI TF/42) баргузор мегардад.

Бино ба иттилои хидмати матбуоти вазорати нақлиёт, дар рӯзномаи чорабинии дарпешистода баррасии масъалаҳои ҷорӣ намудани талабот оид ба донистани забони англисӣ, таҳияи имтиҳони тахассусӣ, онлайн тестӣ, инчунин назорати марказҳои имтиҳони забонҳо пешбинӣ шудааст.

Вохӯрӣ бо воркшопи "Мушкилот, роҳҳои ҳалли он", ки 7 июни соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, анҷом меёбад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: