ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ: “ОБХЕЗӢ БАРОИ МО САБАҚИ ТАЛХ ГАРДИД”

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 май дар ҷамъомади видеоселекторӣ ба корҳое, ки дар мамлакати мо дар самти мубориза бо сирояти коронавирус, инчунин ҳолатҳои фавқулодда дар вилоятҳои Бухоро ва Сирдарё татбиқ мегарданд, алоҳида таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 май дар ҷамъомади видеоселекторӣ ба корҳое, ки дар мамлакати мо дар самти мубориза бо сирояти коронавирус, инчунин ҳолатҳои фавқулодда дар вилоятҳои Бухоро ва Сирдарё татбиқ мегарданд, алоҳида таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Роҳбари давлат, аз ҷумла таъкид кард:

– Мо ҳамаашро мебинем ва мушоҳида менамоем, ки инсоният чӣ гуна ҳам бо коронавирус ва ҳам бӯҳрони иқтисодӣ мубориза мебарад.

Шумораи кишварҳое, ки чораҳои карантинро оид ба рафъи вазъи мушкил тадриҷан сабук мегардонанд, меафзоянд.

Худоро шукр, ки имрӯз вазъи эпидемиологӣ дар Ӯзбекистон мӯътадил мегардад. Бо гузашти рӯз шумораи сиҳатёфтагон зиёд мегарданд. Инчунин нисбат ба одамони нав ба карантин гирифташуда бештарашон  аз карантин бароварда мешаванд. Дар натиҷа, айни ҳол  аз беморони мубталои коронавирус 66 фоизашон пурра шифо ёфтанд.

83 фоизи шахсони ба карантин гирифташуда аллакай ба хона баргаштанд. Яъне, динамикаи мусбат пурзӯр мегардад. Барои муолиҷаи беморони дар беморхонаҳо буда, барқарор намудани саломатии онҳо ва ба оилаҳояшон баргардонидан тамоми чораҳои  зарурӣ андешида  мешавад.

Ҳамаи ин корҳо ба осонӣ ба даст намеоянд. То имрӯз мо 2 триллиону 250 миллиард сӯмро аз Фонди зиддибӯҳронӣ ва 500 миллион долларро аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ ирсол кардем.

Имрӯз ҳеҷ кас дар ҷаҳон намедонад, ки пандемия боз чӣ қадар тӯл мекашад. Аз ин рӯ, новобаста аз он, ки он душвор аст, мо бояд дар шароити пандемия, мувофиқи тамоми талабот кор ва зиндагӣ карданро омӯзем.

Ҳоло, бо назардошти он, ки вазъи эпидемиологӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст, мо бояд низоми карантиниро дар иқтисодиёти худ тадриҷан суст гардонем. Ин маҳдудиятҳо ба рушди иқтисодӣ ва ҳаёти аҳолӣ таъсири бузурги манфӣ мерасонад.

Ба ин муносибат мо оид ба сабук гардонидани талаботи карантин, то ки барои халқамон, бахусус фермерону соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварда шавад, қадамҳои аввалинро гузоштем.

Дӯстони азиз!

Соли равон барои тамоми инсоният, аз он ҷумла мо, ниҳоят вазнин омад. Танҳо дар як ҳафтаи охир халқамон бо силсилаи озмоишҳои ғайричашмдошт дучор шуд.

Шумо офати шадиди табииро, ки шаби 27 апрел дар вилояти Бухоро, алалхусус дар ноҳияҳои Олот ва Қарокӯл рух дод, хуб медонед. Он дар тамоми вилоят зиёда аз 38 000 хона, инчунин 847 иншооти иҷтимоӣ ва зироатро  хароб кардааст.  Ба соҳаи кишоварзӣ, истеҳсолот, хизматрасонӣ ва инфрасохтор зарари ҷиддӣ расид.

Мо барои рафъи оқибатҳои офат тамоми чораҳои заруриро меандешем. Комиссияи ҳукуматӣ шабурӯз кор мекунад. То имрӯз боми 70 фоизи иншооти иҷтимоӣ ва 20 фоизи хонаҳои аҳолӣ  барқарор карда шуданд. Илова бар ин, 5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқ, 1,1 ҳазор трансформатор тармим карда шуда, таъминоти барқи 286 ҳазор нафар сокинон ​​барқарор карда шуданд. Хонаҳои шахсӣ низ таъмир карда мешаванд.

Мутаассифона, озмоишҳо ба сарамон омада бо ин хотима наёфтанд.

Тавре ки ба шумо маълум аст, бар асари ҳодисаи фавқулодда дар обанбори Сардобаи вилояти Сирдарё тақрибан 90 ҳазор нафар аз 24 маҳаллаи ноҳияҳои Сардоба, Оқолтин ва Мирзаобод фавран ба минтақаҳои бехатар кӯчонида шуданд. Ҳамаи онҳо бо чизҳои зарурӣ, хӯрокворӣ, либос ва дигар молҳо таъмин карда шуданд. Комиссияи ҳукуматӣ барои рафъи оқибатҳои обхезӣ ва тафтиши сабабҳои он кор мебарад.

То тамоми масъалаҳои вобаста ба барқарорсозӣ ва таъмири манзилҳои харобшуда, баргардонидани одамон ба хонаҳо, расондани кӯмак дар ба роҳ мондани  тарзи зист, барқарорсозии инфрасохтор, ҳифзи саломатии ҷамъиятӣ ҳалли худро наёбанд, ҳамаи роҳбарони ба Сирдарё вобасташуда дар тартиби қатъӣ кор хоҳанд кард.

Зиндагии мардуми ноҳияҳои мазкур бояд на танҳо ба ҳолати пешинаи худ барқарор, балки беҳтар карда шавад. Ба фикрам, мо вазифадорем, ба онҳо манзилҳои нав, иншооти иҷтимоӣ, ҷойҳои нави корӣ созем.

То имрӯз дар як қатор маҳаллаҳо оид ба тозакунӣ ва барқарорсозӣ корҳои васеъмиқёс анҷом дода шудааст, ки дар натиҷа беш аз 53 ҳазор нафар ба хонаҳои худ баргаштанд ё ба хонаҳои хешовандони наздик кӯчиданд.

Такрор мекунам, ки давлат ва ҷомеаи мо дар сурати рух додани чунин офатҳои ғайричашмдошт ҳеҷ касро бе эътибор намемонад.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиа, инчунин Гвардияи миллӣ дар наҷот додани ҳаёт ва эвакуатсия кардани одамон нақши муҳим доштанд. Имрӯз онҳо ба корҳои садамавиву барқарорсозӣ васеъ ҷалб карда шудаанд.

Мутаассифона, тибқи маълумоти мавҷуда, дар натиҷаи офати табиӣ 4 нафар ҷон дода, 1 нафар бедарак шудааст. Аз ҷумла, ду корманди Гвардияи миллиро ҳангоми амалиёти огоҳсозӣ ва наҷотбахшӣ ҷараёни оби шадид бурдааст. Онҳо ҷони худро қурбон карда, ҳаёти садҳо, ҳазорон нафарро наҷот доданд.

Ба хешовандон ва наздикони ҳалокшудагон ҳамдардии беҳад изҳор менамоям. Ҷасорати ҷавонписаронамон барои ҳамаи ҳамкорону ҷавонон намунаи садоқат, фидокорона хизмат кардан  ба Ватан ва халқамон хоҳад гардид.

Албатта, офат дар Бухоро ва Сирдарё ин озмоишест, ки Худои Қодир ба мо фиристодааст. Мо бояд онро устуворона таҳаммул кунем ва боғайратона меҳнат кунем.

Мехоҳам қайд намоям, ки бо вуҷуди ин мушкилот, мардуми мо ҳангоми озмоишҳо ошуфтаҳол нашуданд. Шумо метавонед тавассути телевизор бинед, ки мардуми мо муттаҳид шуда, ҳар рӯз, ҳар дақиқа меҳрубонӣ, таҳаммул ва саховатмандии бузургро зоҳир мекунанд. Факте аз он далолат медиҳад, ки сокинони вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах ва Тошканд ихтиёран ба 81 фоизи аз ноҳияҳои Сардоба, Оқолтин, Мирзаобод кӯчонидашудагон сарпаноҳ доданд.

Дигар минтақаҳо, вазоратҳо, ширкатҳо ва ассотсиатсияҳо, инчунин ҳамватанон  дар муддати кӯтоҳ ба Бухоро ва Сирдарё кӯмаки зиёд карданд, масолеҳи сохтмон, озуқаворӣ, либос, доруворӣ ва маҳсулоти маишӣ фиристоданд.

Аз фурсат истифода бурда,  бори дигар ба мардуми олиҳиммат, саховатманд ва дилсӯзу меҳрубонамон изҳори сипос мекунам.

Халқи мо ором буда метавонад, барои ҳеҷ гуна фарз ва овозаҳо набояд ҷойе бошад. Бо дархости ман, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиши объективӣ, беғаразона ва ҳамаҷонибаи ҳодисаи обхезиро сар карданд. Бо боварӣ ба шумо мегӯям, ки ҳамаи гунаҳкорон, сарфи назар аз кӣ буданашон ва кадом мансабро ишғол намуданашон дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.

Ин офати обхезӣ барои мо сабақи талх гардид. Бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ мо таҳқиқи амиқи сарбанди обро анҷом медиҳем. Танҳо он вақт мо ба хулосаи ниҳоӣ меоем.

Илова бар ин, бо супориши ман  ҳамаи иншооти дахлдори гидроэнергетикӣ, сарбандҳо ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ки бо сабаби боришоти шадид ба эрозия дучор меоянд, ҳоло аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ мавриди тафтиш қарор мегиранд.

Мутаассифона, дар натиҷаи офати табиӣ дар Сардоба баъзе нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи ҳамсояи  Мақтааралии вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон низ зери об мондаанд. Мо бо Президенти Қазоқистон, мӯҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев  ҳангоми сӯҳбати телефонӣ ин масъаларо дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва ошкоро баррасӣ кардем. Дирӯз ҳайат бо роҳбарии ҳокими вилояти Туркистон Умирзоқ Шукеев ба маҳалли ҳодиса ташриф оварда, вазъиятро муфассал омӯхтааст.

Мо бо халқи қазоқ аз қадимулайём бародарона паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ карда, аз як дарё об нӯшидаем, мо ҳамчун хешовандонем. Мо ҳамеша китф бар китф истода, ҳам дар рӯзҳои дурахшон ва ҳам дар давраи озмоишҳо якдигарро дастгирӣ кардем.

Мо афсӯс мехӯрем, ки ин офати ғайричашмдошти техногенӣ бисёр нохушиҳоро оварда, на танҳо ба аҳолии мо, балки ба ҳамсоягон, бародаронамон, нуқтаҳои аҳолинишин ва зироатҳо низ зарар расонд.

Ҳукуматамон, вазорату идораҳои дахлдор, ҳокимиятҳои маҳаллӣ, дигар шахсони масъул ва коршиносон, инчунин шарикони қазоқистонӣ, бешубҳа, дар мубориза бо оқибатҳои офати табиӣ аз наздик ҳамкорӣ мекунанд.

Мо инчунин омодаем  ба бародарони қазоқистониамон дар рафъи оқибатҳои офат ёрии зарурӣ расонем.

Боварӣ дорам, ки якҷоя бо халқамон мо ин мушкилотро якдилона  ва дӯстона паси сар хоҳем кард.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: