ЗУҲУРОТИ ОЛИИ ИНСОНДӮСТӢ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Фармонро «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки муддати ҷазоро дар ҳабсхонаҳо гузаронида, аз кардаи худ пушаймон шудаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд» имзо кард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Фармонро «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки муддати ҷазоро дар ҳабсхонаҳо гузаронида, аз кардаи худ пушаймон шудаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд» имзо кард.
Бо Фармон мувофиқи боби 23-юми моддаи 93-юми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон 63 шаҳрванд, ки муҳлати ҷазоро гузаштаанду надониста ҷиноят содир кардаанд, вале аллакай аз кирдори худ сидқидилона пушаймон шуда, қатъиян ба роҳи ислоҳ даромаданд, омурзида шуданд.
Аз ҷумлаи омурзидашудагон 44 нафар шартан пеш аз муҳлат аз ҷазо озод карда шуданд. Ғайр аз ин муҳлати ҷазо нисбати 19 нафар аз озодӣ маҳрумшудагон ихтисор карда мешавад.
Дар байни омурзидашудагон 2 нафар марди синнашон аз 60 боло ҳастанд.
Ҳодисаи мазкур сиёсати инсонпарваронаест, ки дар мамлакати мо амалан татбиқ мегардад, ҳамчунин зуҳуроти сифатҳои олии халқи мо, аз ҷумла кушодадилӣ, меҳру мурувват, раҳму шавқат ба шумор меравад.
Дар доираи татбиқ кардани фармон ба вазорату идораҳои масъул супорида шуд, ки ба шахсони омурзидашуда барои ба оғӯши оилаву наздикони худ баргаштан, обсозиши иҷтимоии онҳо, ба меҳнати фоиданок, интихоби тарзи ҳаёти солим ва дар ҷамъият ҷойи сазовори худро пайдо карданашон кумак расонанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: