Шавкат Мирзиёев: Мардум бояд адолатро дар тиб эҳсос кунанд

Сарвари давлат аз поликлиникаи марказии бисёрсоҳаи ноҳияи Шайхонтаҳур дидан кард.

Сарвари давлат аз поликлиникаи марказии бисёрсоҳаи ноҳияи Шайхонтаҳур дидан кард.

Муассисаи тиббӣ соли 1994 сохта, соли 2017 таъмир карда шудааст. Шуъбаҳои терапия, неврология, кардиология, ревмотология, аллергология, педиатрия ва ҷарроҳӣ фаъолият доранд.

Поликлиникаи марказӣ ва 9 поликлиникаи оилавии таркиби он ба 346 ҳазор нафар сокинони 51 маҳаллаи ноҳия хидмат мерасонад.

Президент дастур дод, ки дар заминаи ин поликлиникаҳо кластери тиббӣ созмон дода шавад.

– Тибби хусусӣ ривоҷ меёбад. Талаботи замон низ чунин аст. Қисми муайяни аҳолӣ ба клиникаҳои хусусӣ муроҷиат мекунад. Аммо давлат бояд тамоми аҳолиро бо доруҳои хушсифат таъмин намояд. Аз ин рӯ бояд ин ҷоро ба кластер табдил дода, муолиҷаи мақсаднокро ба роҳ монда, самарабахшӣ ва фарогириро баланд бардошт. Мардум бояд адолатро дар тибб эҳсос кунанд, – гуфт сарвари давлат.

Ба шахсони масъул супоришоти дахлдор дода шуд.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин аз маҳаллаи Олим Хӯҷаеви ноҳияи Шайхонтаҳур дидан кард. Дар назар дошта шудааст, ки хонаҳои дуошёнае, ки солҳои шастуми асри гузашта сохта шудаанд, таъмир карда шаванд.

Ба сарвари давлат дар бораи лоиҳаи азнавсозӣ маълумот дода шуд. Дар ин ҷо Президент бо намояндагони насли калонсол ва сокинони маҳалла суҳбат кард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: