5 марти соли равон шаҳри Хива мизбонии чанд чорабинии тантанавиро бар дӯш дошт.
. Ин чорабиниҳо ба муносибати ба ин шаҳр дода шудани мақоми «Хива – шаҳри сайёҳии олами ислом» бахшида шуданд. Конфронси матбуотие, ки бо ширкати ҷонишини якуми раиси Кумитаи оид ба туризм Ҷамшед Абдусаломов, ҷонишини Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Аҳмед Сенгендо, сардори садорати Кумитаи туризм Иброҳимҷон Барноев ва муовини ҳокими вилояти Хоразм Ботир Саидов ба вуқӯъ пайваст, дар меҳвари худ масъалаҳои омодагирӣ ба ду тадбири муҳим дар моҳи майи соли равонро қарор дод.
– Яке аз рукнҳои сиёсатеро, ки Президент Шавкат Мирзиёев ба амал татбиқ менамояд, кушодадилӣ, ҳамсоядории нек, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳбуди ҷойҳои ҷолиби диданӣ, такмили низоми нақлиёту логистика ва либерализатсияи низоми раводид ташкил медиҳад, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ хеле мусоидат мекунад. Хурсандиовар аст, ки маҳз бар асоси ҳамин гуна сиёсат ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Ӯзбекистон дар як сол ба ҳисоби миёна 25 дарсад афзоиш ёфтааст ва ҳаҷми даромад аз содироти туризм ба чор баробар боло рафтааст, – изҳор намуд Ҷамшед Абдусаломов. – Соли гузашта 7 миллион сайёҳ барои сафар ва тамошо кишвари моро интихоб карданд. Аз ин ҳисоб ҷамъ 2,1 миллиард доллари амрикоӣ хидматрасониҳои сайёҳӣ сурат гирифт, ки интизор меравад, ин рақам минбаъд боз афзоиш хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи Ҷамшед Абдусаломов Созмони ҷаҳонии туризм Ӯзбекистонро ба ҳайси яке аз кишварҳои ривоҷаш хеле босуръати сайёҳӣ ба феҳрист ворид намуд. Инчунин дар як қатор нашрияҳои бонуфузи хориҷӣ дар ин бора маводи зиёд ба табъ расид, ҳатто соли 2023 ташкилотҳои байналмилалии рейтингӣ Ӯзбекистонро аз рӯи номинатсияи кишварҳои рушдкунандаи туризм ғолиб эълон намуданд.
Доктор Аҳмед Сенгендо гуфт, ки аз номи Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва шахсан аз номи худаш изҳори шодмонии самимиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мардуми он мерасонад.
– Ин ҳодисаи таърихӣ як марҳилаи муҳим дар саёҳати дастаҷамъии мо дар самти пешбурди табодули фарҳангӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва пешбурди кори сулҳу шукуфоӣ мебошад. Ҷоизаи «Шаҳри сайёҳии СҲИ» қодир аст дар рушди устувор ва дарозмуддати иқтисоди кишварҳои узви СҲИ ва инчунин баланд бардоштани некуаҳволии мардуми онҳо нақши муҳим бозад, – изҳор намуд ҷонишини Дабири Созмони ҳамкории исломӣ.
Доктор Аҳмед Сенгендо илова намуд, ки ҳар як номзад бояд ба талаботи зиёд ҷавоб диҳад ва Хива дар ин росто манзури ҷамъи вузарои кишварҳои узви СҲИ гардид. Минбаъд Созмони ҳамкории исломӣ барои тарғиби ин шаҳр дар ҷаҳони муосир аз наздик ҳамкорӣ мекунад, иқтисоди он боло меравад ва таваҷҷуҳи сармоягузорони зиёд ба он ҷалб мегардад. Ин басо имконияти бузург мебошад.
Гуфта шуд, ки ба муносибати ба Хива дода шудани ин мақом дар моҳи майи соли ҷорӣ ду чорабинии бузурги байналмилалӣ баргузор мегардад, Яке маросими ифтитоҳи расмии он таҳти шиори Хива – шаҳри сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ бо иштироки дабири СҲИ ва вазирони сайёҳии 57 кишвари узв, коршиносони байналмилалӣ ва васоити ахбори омма, дуввумӣ иҷлосияи 12-уми нишасти вазирони туризми кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки санаи онро дақиқ эълон мекунанд.
Интизор меравад, ки дар ҷаласаи 12-уми ҷашнвораи гастрономӣ, конфронси илмӣ-амалӣ, намоиши аксҳо ва намоишгоҳҳои бадеӣ таҳти шиори «Таомҳои хони Хоразм», ки имконоти ҷаҳони ислом ва сайёҳии зиёратиро ошкор мекунанд, ташкил карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 27-29 июни соли 2022 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷаласаи 11-уми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ баргузор шудааст. Дар он 5 шаҳри кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла Хива (Ӯзбекистон), Абу-Даби (АМА), Шанлиурфа (Туркия), Лаос (Нигерия), Душанбе (Тоҷикистон) барои мақоми шаҳри сайёҳии ҷаҳони исломӣ дар соли 2024 мубориза бурдаанд.
Дар ин иҷлосия Хива аз ҷониби кишварҳои узв ҳамчун шаҳри сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ дар соли 2024 интихоб шудааст.
Шаҳр таърихи ду ҳазору панҷсадсола дошта, дар рушди фарҳангу санъат, илму адаб, савдо, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми бузург гузоштааст. Дар замони ӯ шахсиятҳои бузурге чун Хоразмӣ, Замахшарӣ, Наҷмиддини Кубро, Паҳлавон Маҳмуд, Абулғозӣ Баҳодурхон, Оғоӣ барин алломаҳо ба камол расидаанд.
Шаҳри Хива аз ёдгориҳои таърихӣ ва тамошобоб бой аст. Зиёратчиён ва сайёҳон аз ҳудуди 100 осори фарҳангии шаҳр дидан мекунанд. Маҷмааи «Ичан-Қалъа» (ё Қалъаи дохилӣ), ки дар он объектҳои мероси фарҳангӣ ҷойгир аст, соли 1990 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Дар айни ҳол дар ин шаҳр 90 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ХОРАЗМ.