ДАР СОҲАИ СОХТМОН ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ВАСЕЪ ҶОРӢ КАРДА ХОҲАНД ШУД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 январ бахшида ба вазифаҳои устувори минбаъд тезондани ислоҳот дар соҳаи сохтмон ҷамъомад баргузор намуд.

Миқёси корҳои созандагӣ дар мамлакатамон сол аз сол васеъ мегарданд. Манзилҳои нав, заводҳои бузург, объектҳои замонавии инфрасохторӣ бунёд меёбанд. Барои хушсифат ва сари вақт иҷро намудани ин гуна корҳои калонҳаҷми сохтмон бинокорони соҳибихтисос ва лоиҳакашон, ташкилотҳои бо захираҳои кофӣ лозиманд.
Дар ҷамъомад мушкилот ва камбудиҳои соҳаи сохтмон таҳти танқиди ҷиддӣ гирифта шуд. Масалан, дар Ӯзбекистон қариб 22 ҳазор ташкилоти сохтмониву пудратӣ мавҷуд буда, аксарияти онҳо оид ба шумора ва ихтисоси касбии кормандон ҳисобот пеш намебаранд. 
Ба муҳлат ва сифати сохтмон фактҳои ба ихтиёри хидматҳои фармоишгари ягона дода шудани корҳо дар минтақаҳо таъсири ногувор мерасонанд. Дар таҷрибаи байналхалқӣ бехатарӣ, сифат ва натиҷаи ниҳоии сохтмон назорат карда шавад, дар мамлакати мо тамоми қувваву захираҳо ба назорати ҷараёни иншоот равона гардида, ба сифат эътибори дувумдараҷа дода мешавад.
Сарвари давлат бинобар барҳам додани камбудиҳо ва мувофиқи талаботи замонавӣ ривоҷ додани он чораҳои муҳим муайян намуд.
Супурда шуд, ки байни институтҳои лоиҳакашӣ рақобати солимро ташаккул дода, меъёрҳои дақиқи баргузор намудани тендерҳо дар асоси таҷрибаи хориҷӣ таҳия гардида, инчунин ба тариқи озмоиш дар шаҳри Тошканд низоми дахлдори электронӣ ҷорӣ карда шавад.
Ба вазоратҳои сохтмон, молия, адлия ва идораҳои дигари масъул супурда шуд, ки то 1 июли соли ҷорӣ услуби баҳогузориро таҳия намоянд ва рейтинги фаъолияти корхонаҳои сохтмониро тартиб диҳанд. Дар ин рейтинг чунин мезонҳо мисли шумора ва ихтисоси кормандон, ҳаҷми корҳои иҷрошуда, сари вақт пардохтани андоз ва пӯшондани қарзҳо тартиб дода мешаванд.
Зарурати такмил додани меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ, фаъолияти ташкилотҳои хидмати фармоишгари ягона таъкид гардид.
Дараҷаи пасти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳа зикр гардид. Аз ҷумла, коркарди лоиҳаҳо, экспертиза, додани рухсатнома, назорати корҳои сохтмониву пудратӣ то ҳол дар коғаз иҷро карда мешаванд. Низоми геоиттилоотие, ки ба сармоягузорон ва соҳибкорон имкони интихоб намудани майдонро таҳти сохтмон фароҳам меорад, мавҷуд намебошад.
Ба ин муносибат ба зиммаи Вазорати сохтмон ва Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳо коркарди «харитаи роҳ» оид ба пурра рақамигардонии соҳа, ки бояд соли ҷорӣ амалӣ гардонда шавад, гузошта шуд.
Таъкид гардид, ки бар асари риоя нагардидан ба талаботи техникаи бехатарӣ, вуҷуд надоштани низоми «хавф-таҳлил» ва назорат ҳолатҳои нохуш рух медиҳанд. Ба вазорату идораҳои дахлдор оид ба куллан аз нав ташкил кардани назорати давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва пурзӯр гардондани ҳифзи меҳнат супоришот дода шуданд.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои кадрӣ эътибори алоҳида дода шуд. Сарвари давлат таъкид намуд, ки низоми тайёр кардани мутахассисон барои соҳа ба талаботи имрӯз ҷавоб намедиҳад.
Ба зиммаи вазоратҳои меҳнат, сохтмон, инчунин таълими олӣ ва миёнаи махсус вазифаи ҷорӣ кардани таснифгари мутахассисони звенои миёна ва касби коргарони соҳа ва дар асоси он ба роҳ мондани тайёркунии сохтмончиён дар коллеҷҳо вазифа гузошта шуданд.
Зарурати навсозии барномаҳои таълимии ба соҳа алоқаманд дар асоси технологияҳои баланд ва муносибатҳои инноватсионӣ, ба кадрҳои оянда омӯзондани лоиҳакашии замонавӣ ва кор бо таъминоти барномавӣ, аз он ҷумла технологияи BIM (Building Information Modeling) таъкид гардид.
Роҳбарони масъул бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ҳисобот доданд ва чораҳои дахлдор муайян гардиданд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: