Равандҳои трансформатсия дар соҳаи авиатсия баррасӣ шуданд

  • Равандҳои трансформатсия дар соҳаи авиатсия баррасӣ шуданд
  • Равандҳои трансформатсия дар соҳаи авиатсия баррасӣ шуданд
  • Равандҳои трансформатсия дар соҳаи авиатсия баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 22 феврал бо тақдимоти трансформатсияи корхонаҳои давлатӣ дар соҳаи авиатсия шинос шуд.

Солҳои охир барои бахши хусусӣ дар бозори хизматрасонии авиатсионӣ имкониятҳои назаррас фароҳам оварда шудаанд. Шумораи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба 15, аз ҷумла ба 10 ширкатҳои хусусӣ расид. Соли гузашта 28 самолёти нав харида шуд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар давоми ҳафт соли охир шумораи парвозҳо ду баробар афзуд. Ба туфайли ба ихтиёри идоракунии шахсӣ гузаштани аэропорти Самарканд миқдори мусофирон чор баробар афзуда, ба миллион нафар расид.

Бо вуҷуди ин, соли гузашта ҳаҷми хидматрасонии авиатсионӣ ҳамагӣ 11,6 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар стратегияи кишвари мо то соли 2030 дар назар аст, ки шумораи ҳамлу нақли ҳавоӣ чаҳор баробар афзоиш ёбад. Барои расидан ба ин максад суръати афзоиши солонаи соҳа бояд камаш 20 фоиз бошад.

Ин кори мунтазамро дар соҳаи инфрасохтор, идоракунӣ, нарх ва сифат талаб мекунад. Дар мамлакати мо нархи билети самолёт нисбатан баланд аст. Шумораи парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ барои қонеъ кардани талаботи мавҷуда нокифоя аст. Қисми асосии парвозҳо ба фурудгоҳҳои Тошканд ва Самарқанд рост меояд. Имкониятҳои фурудгоҳҳо оид ба хидматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон маҳдуданд ва хадамоти иловагӣ ҳамагӣ 7 фоизи даромади умумии онҳоро ташкил медиҳад. Иқтидори транзитии аэропортҳои Тошканд, Навоӣ ва Намангон пурра истифода намешаванд.

Дар маросими тақдимот нақшаҳои соли ҷорӣ оид ба суръат бахшидан ба равандҳои трансформатсия дар ҷамъиятҳои саҳҳомии "Uzbekistan Airways" ва "Uzbekistan Airports", тавсеаи хидматрасонӣ ва афзоиши даромадҳо баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла, раванди гирифтани рейтинги кредитии байналмиллалӣ барои ширкати миллии ҳавопаймоӣ ва ворид шудани он ба IPO оғоз мешавад. Фурудгоҳҳои Бухоро, Намангон, Урганҷ ва Андиҷон ба ихтиёри идоракунии хусусӣ дода, модернизатсия карда мешаванд. Имсол ба 20 фоиз зиёд кардани шумораи парвозҳо пешбинӣ шудааст.

Оид ба 20 фоиз кам кардани хароҷот дар соҳа тадбирҳо пешбинӣ шудаанд. Самолётҳои куҳнаи харҷи сӯзишвориашон баланд ба фуруш бароварда, самолётҳои ҳозиразамони каммасраф харида мешаванд. Ба дараҷаи назаррас коҳиш додани харҷи сӯзишворӣ аз ҳисоби интихоби хатсайрҳои мақбули парвоз ба 72 нуқта ба даст меояд. Активҳои истифоданашуда ва зиёновар ба фурӯш гузошта мешавад.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки барномаи коҳиши хароҷот, баланд бардоштани рақобатпазирии хидматрасониро тасдиқ кунанд, лоиҳаҳои шарикии хусусиро тезонанд. Зарурати афзун гардондани хидматҳои иловагӣ дар аэропортҳо, рушди хидматрасонии техникӣ дар фурудгоҳи Навоӣ ва пурра истифода бурдан аз иқтидори онҳо зикр гардид.

Ҳамчунин масъалаҳои ҷалби мутахассисони соҳибихтисоси хориҷӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоии давлатӣ, инчунин беҳтар гардондани омодасозии кадрҳо баррасӣ шуданд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: