ЧАРО ҶАВОНОН БА ДАРС БЕПАРВО?

Зангӯлаи мактаб садо дод.

Зангӯлаи мактаб садо дод. Муаллим ба дарс ворид шуд. Баъди вохӯрию қисми ташкилии дарси забони модарӣ аз хонандагон мавзӯи дарси гузашта – “Имлои ҳамсадоҳои шадда”-ро пурсид. 
– Хонандаи азиз, Адҳамов! Калимаҳои “шадда, ташдид, мушаддад” ҳамчун истилоҳ чӣ гуна маъноро ифода мекунанд?
– Устод, ҳарфу овозҳои якхелаи ҳампаҳлуро шадда меноманд. 
– Офарин! 
Адҳамов аз гапи муаллим шод гашт ва бо ишораи омӯзгор дар ҷойи худ нишаст. 
– Хӯш, Исроилов, шумо ба савол ҷавоб гӯед-чӣ. Калимаҳои “бурро, муҳаррир” бо кадом ҳамсадоҳои шадда навишта шудаанд?
Исроилов андаке андешида гуфт: 
– Дар дарси оянда мегӯям. 
Устод сабаб пурсид. Исроилов бепарвоёна чун ҳайкал рост меистод. Муаллим танбеҳ дода, шин гуфт. Дар симои хонанда тағйироте рӯй надод. Устод аз ин ҳайрон шуд. Тааҷҷуб мекард, ки чаро гапҳои ӯ ба Исроилов заррае таъсир накард?  
Муаллим боз шаш нафар хонандаро пурсид. Афсӯс, ки боз се нафари дигар ҷавоби дуруст дода натавонистанд.  
Сипас, мавзӯи нав: “Имлои ҳамсадои ъ”-ро ба тахтаи синф навишту мавзӯъро дақиқ фаҳмонд. Боз саволу ҷавоб ба миён омад. Хонандае, ки ҷавоб намедод, бепарвою беэътибор менишаст. Чунин ҳол дар дигар синфҳо, бахусус, дар синфҳои болоӣ бештар мушоҳида мешуд. Ногоҳ муаллим ду лаҳзаи таассуфоварро аз пеши назар гузаронд. Аввал толибаеро, ки бесабаб ба дарс иштирок намекард. Яъне ду рӯз ба дарс меомаду ду рӯзи дигар не. Ё ҳафтае намеомаду риёкорона бемор шудам гӯён баҳона мегуфт. Рӯзе роҳбари синф барои рӯшанӣ андохтан ба хонаи донишомӯз рафт. Дар хона ҳеҷ кас набуд. Аз ҳамсоягон пурсон шуд. “Ба замини фермер ба кор рафт” – гуфт ҳамсоямарде. Вақте ба соҳил рафту аз коркунон пурсон шуд, марде омаду гуфт, ки ба ман гап занед.
– Шумо кӣ? – пурсид муаллим.
– Ман бобои шогирди шумо.
– Иштироки набераатон ба дарсҳо нағз нест. Ман ҳеҷ сабаби инро намефаҳмам. 
– Э-э. Аҷаб гап мезанед Шумо. Духтар хонда кӣ мешуд? Ҳа, кору борба ёрдам кунад шуд-дия? 
Муаллим аз гапи бобо ҳайрон шуд. 
– Аз рӯйи одамгарӣ ва талаби вазифаам мехоҳам, ки дар дарсҳо иштирок кунад...
– Хайр, корҳо камтар сабук шавад, гусел мекунем, – гуфт бобо.
Аз ин ҳол муаллим оташин шуд. Таассуф мехӯрд, ки чунин кундфаҳмҳо дар ҷомеа зиёданд.
Воқеаи дувум дар мактаб рух дода буд. Муаллим дар саҳни мактаб сабаби аз баъзе дарсҳо сар кашидани чанд хонандаро пурсид.
– Муаллим, дирӯз барои ду соат ҷавоб пурсидам. Дарсатро хон, гуфта ҷавоб надодед. Аздусар “не” мегӯед гуфта, аз шумо напурсида рафсоям, – бо шеваи худ гуфт хонанда.
Муаллим танбеҳ доду боз оташин шуд ва дандонро ба дандон монда, сабр кард. 
Барои аз байн бурдани ин ҳолати беэътиборӣ муаллим пеш аз вориди синф шудан тайёрии пухтатар дид ва дарсашро бо методҳои замонавӣ гузашт. Мутаассифона, дар ҷараёни дарс на ҳамаи донишомӯзон эҳсоси гармиву сардии суханро дарк карданд. Муаллим боз меандешид, ки сухани устоду калонсолон барои таълиму тарбияи талабагон таъсире нарасонад, дар оянда вазъият вазнинтар хоҳад шуд. Устод пайваста посухи ин саволро меҷуст. 
Омӯзгор дар маросимҳо, кӯча, ҷойҳои ҷамоатӣ волидону  ҷавонони мактабхонро медиду меозмуд. Ва дар дил меандешид “Шояд давои дарди “эҳсос”-ро ёбам!” 
Дар ҳамаи онҳо телефон, планшет ва ё мошинро мушоҳида карду лол монд, ки чаро аз ҷониби волидон меъёру тафтиши дӯстона вуҷуд надорад. Муаллим ба худ хулоса кард, ки ...мутаассифона баъзе волидон аз ҳамин тоифаанд, ки ҷигарбандашонро хоҳу нохоҳ ба варта роҳнамун мекунанд. Барои нигоҳ надоштани меъёру масофа ва назорат, эҳсоси одамиро аз даст медиҳанд....

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ,
ноҳияи Сӯхи
 вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: