ОЗМУНИ «ПАЙРАВОНИ ТӮМАРИС»

Дар Бухоро марҳилаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Пайравони Тӯмарис» баргузор гардид.

Дар он бонувоне, ки дар таркиб ва шуъбаҳои минтақавии садорати корҳои дохилӣ хидмат мекунанд, дар давоми ду рӯз ба се команда: «Тӯмарис», «Бибихонум» ва «Семурғ» ҷудо шуда, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Мувофиқи низом мусобиқа аз рӯйи намудҳои эстафетаи давидан ба масофаҳои 800, 400, 200, 100 метр, шиноварӣ бо усули озод ба 50 метр, тирпарронӣ аз автомати «АК - 74» ва таппончаи ПМ - 9 «Макаров», расондани ёрии аввалини тиббӣ, аз набардгоҳ  баровардани захмдоршудагон, дар корзор пухтани хӯрок ва нони қолабӣ – ҷамъ шаш шарт ба амал омад. Баъди ҷамъбасти мусобиқа ғолибон муайян гаштанд: ҷойи якум ба «Тӯмарис», ҷойи дуюм ба ҷамоаи «Бибихонум» ва ҷойи сеюм ба дастаи «Семурғ» насиб кард. 
Командаи «Тӯмарис» ба марҳилаи ҷумҳуриявии озмун, ки 25-29 июли соли ҷорӣ дар вилояти Самарқанд баргузор мегардад, роҳхат гирифт.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: