Бо ҳамкории ҳокимияти вилоят, шуъбаи вилоятии Федератсияи шоҳмот, Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар коллеҷи захираҳои олимпии Самарқанд давраи ниҳоии мусобиқаи моҳонаи шоҳмот таҳти шиори «Дӯстдори варзиш бош, бо варзиш зиндагӣ кун!» баргузор шуд.
Бо ҳамкории ҳокимияти вилоят, шуъбаи вилоятии Федератсияи шоҳмот, Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар коллеҷи захираҳои олимпии Самарқанд давраи ниҳоии мусобиқаи моҳонаи шоҳмот таҳти шиори «Дӯстдори варзиш бош, бо варзиш зиндагӣ кун!» баргузор шуд.
А.Абдуҳакимов, ҷонишини Сарвазир ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ӯзбекистон, Б.Нуруллоев, ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд ба сухан баромада таъкид намуданд, ки бозии шоҳмот бояд дар миёни аҳолӣ, бахусус, дар байни ҷавонон васеъ паҳн гардад. Зиёд кардани шоҳмотбозони касбӣ ва гроссмейстерҳо низ аз масъалаҳои муҳими рӯз аст.
Дар ин мусобиқа беш аз 200 нафар шоҳмотбоз, ки дар марҳилаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ғолиб шудаанд ва беш аз 50 нафар ҳаваскор иштирок карданд.
– Моҳонаи шоҳмот бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Президент «Дар бораи чораву тадбирҳои минбаъд ривоҷ додан ва оммавӣ гардондани шоҳмот, инчунин такмил додани сохтори бозомӯзии шоҳмотбозон» гузаронида шуд, – гуфт довари байналхалқии шоҳмот А.Воҳидов. – Гузаронидани чунин мусобиқаҳо таваҷҷӯҳи ҷавононро ба шоҳмот зиёд карда, ба рушди ин навъи варзиш дар мамлакат мусоидат менамояд. Мо ният дорем, ки чунин мусобиқаҳоро дар ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят мунтазам ба роҳ монем.
Мурод Амирқулов, намояндаи ноҳияи Нарпай дар миёни мардон ғолиб гардид. Музаффар Ӯсарови ургутӣ ва Содиқ Қаюмови пайариқӣ дар сатрҳои дувум ва савум ҷой гирифтанд.
Дар миёни бонувон Марҷона Маликова аз Оқдарё ғолиб шуд. Роҳила Тошботирова аз Пахтачӣ ва Муҳаррам Эшпӯлатова аз Ургут соҳиби ҷойҳои дувуму савум шуданд.
Ҳамчунин, дар мусобиқаи шашка Аббос Равшанови каттақӯрғонӣ дар миёни мардон ғолиб омад. Маҳбуба Халилова аз шаҳри Самарқанд дар миёни бонувон сазовори ҷойи якум шуд.
Илова бар ин, гроссмейстерҳои байналхалқӣ Тоҳир Воҳидов, Алексей Баротов ва Алӣ Қосимов ба шоҳмотбозони ҷавон мастер-класс гузаштанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.