РАСТАНИИ ШИФОБАХШИ СЕРДАРОМАД

Баҳри иҷрои супориши маъмурияти Президент аз 29 апрели соли 2022 чораҳои ҳавасмандгардонии ба вуҷуд овардани базаи ашёи хоми растаниҳои дорувор ва васеъ намудани коркарди он бо мақсади боз ҳам тараққӣ додани саноати дорусозӣ дар маҳалҳо кор карда баромада, дар амал татбиқ карда мешавад.

Дар мамлакатамон дар баробари дар токзорҳо бо усули «тӯқсонбостӣ» парвариш намудани зироати сабзавот, то аввали баҳор, тобистон ва тирамоҳ танҳо хӯроки чорво ва баъзе навъҳои сабзавот парвариш карда мешавад. Бинобар ин, мо лозим донистем, ки дар бораи парвариши зироати навъи нави ба салқинӣ тобовар, нағз нашъунамоёфта ва барои кишварамон фоидаовар маълумот диҳем. Дар ҷаҳон ба он талабот зиёд буда, асосан барои равғани гиёҳҳои шифобахш парвариш карда, дар дорусозӣ истифода мешавад. Танҳо талаботи солонаи Хитой бештар аз 50 ҳазор тоннаро ташкил карда, барги болоии он дар косметология истифода мешавад ва баргу пояи он аз сабаби серравған буданаш ба чорво ҳамчун хӯроки серғизо дар шакли брикет ё алаф дода мешавад. 
Навъи растании шифобахш, ки бо номи «перилла» дар бозори ҷаҳон ҷой гирифтааст, ба сифати таҷриба дар вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Андиҷон, Намангон ва дар ноҳияҳои Сирдарё, Гулистон ва Мирзоободи вилояти Сирдарё якҷоя бо мутахассисони Куриёи Ҷанубӣ парвариш карда мешавад.
Нигоҳубинии растании «перилла» одӣ буда, аз инҳо иборат:
– ба 1 гектар 3 кг тухмӣ;
– ҳосилнокӣ аз як гектар 1500 кг; 
– байни қаторҳо 60х25 см;
– давраи пурраи вегетатсия 120 рӯз; 
– ҳарорати миёна дар давраи нашъунамо +300С.
Тартиби кишт ва нигоҳубин:
4-5 дона тухмӣ ба чуқурии 2-3 см кошта мешавад, дар 2-3 ҳафтаи нумӯъ хомток карда, як пояи калони нағз инкишофёфта мемонад. Пояи асосӣ пеш аз гул кардан се маротиба бурида мешавад. Дар давраи гул 1 гектар бо 100 кг мачавина озуқонида мешавад. Алафи рӯйи киштзор тоза карда мешавад.
Ҳоло дар як қатор ноҳияҳои кишварамон ба азхудкунии навъи растании шифобахши номбурда шурӯъ карда, ба деҳқонони хоҳишманд, ки боғу токзорро нигоҳубин мекунанд, тухмӣ дода мешавад.

З.ФАЙЗУЛЛОЕВ,
сармутахассиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони замини 
наздиҳавлии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: