Ўзбекистон ва Афғонистон бозсозии қитъаи роҳи оҳани "Хайратон - Наибобод - Мазори Шариф"-ро ба нақша гирифтаанд

8 ноябри соли 2023 дар шаҳри Хайратони вилояти Балхи Афғонистон мулоқоти раиси раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» З.Нарзуллоев ва сардори Раёсати роҳи оҳани Афғонистон Бахт-ар-Раҳмон Шарофат баргузор гардид.

Дар мулоқот масоили ҳамкории мутақобила дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ шуд.

Мавзӯъҳои аслии музокирот ба бозсозии қитъаи роҳи оҳани "Хайратон - Наиобод - Мазори Шариф" марбут буданд. Ҳар ду ҷониб ба рушди ин қитъа ва навсозии он изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо оид ба оғози ҳарчи зудтари корҳои сохтмонӣ дар қитъаи "Хайратон – Наибобод – Мазори Шариф", ки аз ҷониби мутахассисони ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» анҷом дода мешавад, ба мувофиқа расиданд. Ин ҳамкорӣ барои инкишофи алоқаҳои роҳи оҳани байни Ӯзбекистон ва Афғонистон, бо мусоидат намудан ба таҳкими муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ истиқболҳои навро боз мекунад.

Ҳарду ҷониб ба ҳамкориҳои минбаъда ва шарикии судманд дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан изҳори умедворӣ карданд. Ин ҳамкорӣ ба беҳбуди инфрасохтори нақлиётии минтақа ва фароҳам овардани шароити созгор барои рушди тиҷорату иқтисод дар Афғонистон ва Ӯзбекистон мусоидат мекунад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: