ФАРИШТАИ НАҶОТИ МАН

Ман ӯро аз хурдиаш мешиносам.

Дертар мактаби нав сохта шуду (соли 1982) ман ҳам аз тарбиячигӣ ба ин бинои навсохти деҳа ба кор омадам. Ба хонандагони синфи ҳаштум, ки аз деҳаи Чкалов меомаданд, аз забону адабиёт, дар синфи толибилмони янгибоғӣ аз таълими меҳнат дарс медодам. Дарси ману раҳматӣ Муҳаммадиев аз кор дар атрофи мактаб иборат буд. Гоҳо ба муаллим шӯхӣ мекардам, ки: – Муаллим, барои синфи дигар ҳам кор монад, соати дигар чӣ кор мекунем?
Якҷо бо муаллими адабиёт Абдуҷаббор Муқимов, умрашон дароз бод, тадбирҳо мегузарондем, хонандагони фаъолро ба он ҷалб мекардем. Бо дипломи рӯзноманигорию муаллими забону адабиёти тоҷик (ба мо якбора ду ихтисос дода буданд), он қадар дар боби кор ёфтан, осону равон кор кардан азоб кашидаам, ки ба ёд орам, дилам месӯзад.
Баъди бинобар шароити оилавӣ тарк кардани кор дар рӯзномаи «Ҳақиқати Сариосиё» (он вақт, яъне солҳои 1975-80 ҳанӯз саҳифаи тоҷикӣ набуд) даҳ моҳи аввал котиба будам. Чунки дигар штати холӣ набуд. Мақолаҳоро бо машинка чоп мекардам, ки ҳама ӯзбекӣ буданд. Дар идораи рӯзнома як ҷамоаи хурди аҳлу тифоқ будем. Ҳоҷарапа, Мақсудаапа, Раъноапаҳои меҳрубон, Ғаниҷон Шарипов, Маъмурҷон Ботиров, Нурмуҳаммад Тошбоев (ҷойи ҳамаашон ҷаннат бод!) дар вазифаҳои гуногун кор мекарданд.
Гоҳо барои ягона рӯзномаи тоҷикӣ» Ҳақиқати Ӯзбекистон», (ҳоло «Овози тоҷик») ҳам мақолаву хабарҳо мефиристодам. Кори навбатдорӣ душвор буд. Баъзан барқ хомӯш мешуд ва кори рӯзнома то соати яки шаб давом мекард. Ба кӯча мебаромадам ва ба мошинҳои раҳгузар бо тарсу ларз хона меомадам. Масофаи роҳ аз шаҳраки Сариосиё то деҳаи мо – Янгибоғ 11 километр буд...
Дар хона маро бо миннату маломат «пешвоз» мегирифтанд. 
Пас аз панҷ соли азобу се соли хонадорӣ, ки аллакай фарзандони мо – Зебуннисо ва Диловар (ҷойи ҳар ду биҳишт бод!) ба дунё омада буданд, 1 июни соли 1980 ба муҳаррир Ғаниҷон Шарипови эронитабор аз вилояти Навоӣ барои аз кор сабукдӯш шудан ариза додам. Ба филиали мактаби 64, воқеъ дар  деҳаи Чкалов ба кор омадам. Дертар баробари тарбиятгарӣ аз забони русӣ ҳам дарс гуфтам. Инак, бахт ба рӯйи ҳамдеҳагони мо ҳам хандид. Он вақтҳо бачаҳо ба деҳаи Қизилой мерафтанд. Чунки мактаб ба қароргоҳи ҳарбиён табдил ёфта, аз он мактаби машҳури рақами 33-юм ному нишоне намонда буд.
Маро бо дарсҳои забони русӣ, таълими меҳнат, таърих ва каме бо забону адабиёти тоҷик таъмин карданд.
Бо Шаҳодат Ибодуллоева, ки хонандаи синфи шашум буд, дар тадбирҳо шеърхонӣ мекардем.
Ӯ аллакай дар синфи ҳаштум шеърҳои зиёд медонист, ки беҳтаринаш порчаи калоне аз достони Мӯъмин Қаноат «Мавҷи бародарӣ» буд.
Ба дида нақши рӯйи ту,
Ба гӯш гуфтугӯйи ту,
Ҳанӯз аз димоғи ман 
нарафтааст бӯи ту,
Шудам калону омадам
Кунун ба ҷустуҷӯйи ту,
Бародарам,бародари ба 
ҷону дил баробарам!
Ба таъбире, аз хониши ӯ дар тани кас мурғак медавид.
Шаҳодат синфи даҳро соли 1986 хатм карда, бо як ҷаҳон орзую умед ба Душанбе рафт. Вале ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда натавониста, дар омӯзишгоҳи тиббӣ таҳсил кард. Солҳои зиёд аст, ки ҳамчун ҳамшираи донову чаққон дар шуъбаи реаниматсияи беморхонаи марказии ноҳияи Узун кор мекунад. Қариб ҳамаи тадбирҳои ҳунарӣ бо роҳбарии ӯ мегузаранд. Сенария менависад, шеър мегӯяд, хулоса, як табиби эҷодкор аст.
Баъзан ба чеҳраи зебои шогирди худ нигоҳ карда, ӯро хаёлан бо Шаҳодати мактабхон қиёс мекунам. Имрӯз ӯ соҳиби хонаву дари обод, се фарзанд, набераҳо аст. 
Ӯ борҳо маро аз марг наҷот додааст. Моҳи апрели соли 2019, пас аз дучор шудан  ба бемории саратон ҷарроҳӣ шудани фарзанди сеюм – Нигинаи ҳоло  соҳиби хонаву дар ва ду фарзанд, сахт ба изтироб омадам. Аз ҷойи хоб ба Шаҳодат, ки ба мо ҳамсоя аст, занг задам.
Ҳар бор, ки фишорам боло мерафт, ба Шаҳодат мегуфтам, ки сахт боло шудани онро ба ман нагӯяд, зеро метарсаму боз болотар мешавад он фишори лаъин.
Аммо ин дафъа илоҷи нагуфтан намонд. Ӯ аз нисфирӯзӣ то қариби шом ҳамаи корро кард, аммо фишор ба ҳадди эътидол наомад. Пас бо мошини худи мо ба шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ» бурд ва ман он ҷо дар муддати 5 рӯз сиҳат шудам.
Ана ин аст садоқати шогирд, ин аст вафодорӣ ба касб ва қасам!
Сиёвуш, фарзанди хурдии Зебуннисои раҳматӣ, ба Тошканд барои кор ва сабақгирӣ рафту чанд рӯз оби чашмам хушк нашуд. Оқибат, дар пешайвони хона хобида мондам. Боз фариштаи наҷот – Шаҳодат «Ёрии таъҷилӣ»-ро ҷеғ зад. Шаберо дар реаниматсия бо сад азоб рӯз кардам. Шаҳодат ҳамоно дар барам буд.  6 рӯзи дигар дар шуъбаи терапея хобидам. Зиқ шуда, аз духтур Равзатулло Олимов илтиҷо кардам, ки маро ба хона ҷавоб диҳад. 13 январ мошини «Ёрии таъҷилӣ» маро ба хона овард ва акнун такягоҳи ман ҳамин Шаҳодат аст. Рагҳои нозуки ноаёни дастонамро кофта, чакрадору мефиристад, дилбардорӣ мекунад.
Шаҳодат, ки соли 1969 таваллуд шудааст, соли гузашта ба нафақа баромад, вале азбаски устоди кори худ аст, дар қатори духтурони ҷавону корозмуда мисли Сайёд Нарзуллоев ва Қаландар Юнусов ҳанӯз кор мекунад. Яъне дӯстдори касби худ аст. Худоро ҳазор бор шукр мегӯям, ки риштаи умрашро бо ҳамсояи мо Алиҷон Назаров пайвасту аз деҳаи Фрунзе ба Янгибоғ омад. Дар гирду атрофи мо хонадоне нест, ки ӯ беморонашро бо сухани ширин ва донишу таҷрибаи худ даво накарда бошад. Вақте ки духтари дуюми мо аз беморхонаи Тирмиз пас аз химия гирифтан як аҳвол ба хона баргашт, Шаҳодат ӯро нигоҳубин мекард, чакрадору мегузаронд. Боре ҳам аз ёрӣ сар натофтааст. Ба маънои ҳақиқӣ табиби ҳабиб аст ӯ. Роҳату фароғати фарзандонаш Фаррух, Сухангул ва Абубакрро бинад!
Зинда бошӣ, эй фариштаи наҷоти ман!

Ӯғулой ҶӮРАБОЕВА,
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: