ҲАР ЛАҲЗАИ ЗИНДАГӢ ЗЕБОСТ,

– мегӯяд Ҷавлонбек

Инсон метавонад ба нокомиҳои ҳаёт бо матонату ҷасорат ва далерию шуҷоат мубориза бурда, ба қуллаҳои муроду мақсад бирасад, нокомиҳои ҳаётро ба комёбиҳои назаррас табдил диҳад.
Яке аз чунин шахсони соҳибирода Ҷавлонбек Абдуллоев мебошад. Ӯ соли 1996 дар ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон таваллуд ёфтааст. 
Падару модари соҳибмаърифат фарзандонро дар руҳи китобдӯстӣ тарбия карданд. 
– Дар дил орзуи футболбози машҳур шуданро мепарваридам, – мегӯяд Ҷавлонбек. Аммо... 
– Ин ҳодиса 14 августи соли 2003 рӯй дод. Барои бозикунӣ ба кӯча баромада, ташнагиро ҳис карда аз ҷӯй об менӯшидам, ки мошине ғайричашмдошт сӯям омад. Натавонистам ба як сӯ гурезам. Зери чархи мошини «КамАЗ» монданамро худ надониста мондам.  Вақте чашмонамро кушодам, худро дар беморхона дидам, падару модарам болои сарам буданд. Ба онҳо айбдор набудани худро гуфта, аз ҷой хестанӣ шудам, аммо... Дар асари садама аз поям ҷудо шуда будам. 
Пас аз ду моҳ аз беморхона ба хона баргаштам. Аз ҳамон лаҳзаҳо шодию хурсандӣ оилаи моро тарк карда буд. Барои кӯдаке, ки аз паси тӯб медавид, тамоми рӯз ба шифти хона нигоҳ карда хобидан гарон буд. Баъзан ба гӯшам овози ҳамсолонам мерасид, ки тӯб мебозиданд. Берун баромадан мехостам, лекин имкон надоштам...
Ҷавлонбек бо ин ҳол муросо кардан намехост, ҳаракат мекард, ки дари имкониятҳои навро барояш боз кунад.
Бо асобағале, ки падараш оварда буд, озодона ҳаракат карданро ёд гирифта, аз синфи 5-ум ба мактаб рафт. Пас аз хатми мактаб ба литсейи академии назди Донишгоҳи муҳандисӣ-технологии Намангон дохил шуд. 
Ӯ ба гурӯҳи фаъоли ҷавонони кишвар шомил аст. Чемпиони дукаратаи Ӯзбекистон оид ба шиноварӣ, ғолиби Бозиҳои паралимпӣ, депутати Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Косонсой, узви «Пешвоёни оянда»-и назди Агентии рушди хидмати давлатии назди Президент мебошад. 
Бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти маъюбон дар ҳаёти иҷтимоӣ гурӯҳи дастгирии иҷтимоии «Кумак»-ро аз ҳисоби донишҷӯёни ихтиёрӣ ба роҳ монда, лоиҳаи иҷтимоии «Матонат»-ро ташкил дод.
– Ба сифати депутат якҷоя ҳал кардани дарду мушкилоти мардум ба ман ҳамеша қаноатмандӣ мебахшад, – мегӯяд Ҷ. Абдуллоев.
Ӯ ҳамчунин, ёрдамчии депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Анвархон Темиров буда, барои нафъи мардум садоқатмандона меҳнат мекунад. Бо ташаббуси онҳо барои таъмиру тармими масҷиди «Ғӯзапоямазор»-и ноҳия 550 миллион сӯм ҷудо карда шуд. Онҳо ба созондани зоишгоҳи нав ва таъмири хушсифати  поликлиникаи марказӣ низ муваффақ гардиданд. 
– Зарбаҳои шадиди зиндагиро аз сар гузаронидам: садамаи автомобилӣ, ҷарроҳии такрорӣ, марги падарам, баъд модарам, танҳоӣ... Шиква намекунам, шукри Офаридгорро мекунам. Ҳаёт ба инсон як бор дода мешавад. Бояд аз имкониятҳо, лаҳзаҳои зебои зиндагӣ истифода бурда, дигарҳоро низ ҳавасманд намуд,  – мегӯяд Ҷавлонбек.
Ӯ мушкилоти зиндагиро паси сар намуда, фақат ба пеш ҳаракат мекунад. Яке аз мақсадҳои асосиаш дар зиндагӣ ба оҷизӣ ва бечораҳолӣ пирӯз омадан аст. Роҳи тайнамудаи Ҷавлонбек мактаби бузурги шуҷоатмандист барои ҷавонони имрӯз.

М. МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: