Президент Шавкат Мирзиёев 17 ноябр аз Минтақаи саноатии ҷавонон ва соҳибкорон, ки дар Тирмиз таъсис дода шудааст, боздид ба амал овард.
Мувофиқи қарори роҳбари давлати мо аз 21 апрели соли 2021 дар тамоми гӯшаҳои кишварамон минтақаҳои саноатӣ ва соҳибкорони ҷавон таъсис меёбанд, дар онҳо барои тиҷорати ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда мешаванд.
Чунин минтақа дар ҳудуди маҳаллаи Тинчлики шаҳри Тирмиз созмон дода шудааст. Дар тамоми биноҳои масоҳаташон 2 гектар 42 лоиҳа дар саноати маводи сохтмон, кимё ва нафту кимё, истеҳсоли мебел, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ҷойгузин шудаанд. Аз ҳисоби вомҳои имтиёзноки бонкҳои тиҷоратӣ бинобар хатти Бунёди дастгирии ҷавонони соҳибкор метавон соҳиби бинову таҷҳизот шуд ва истеҳсолотро ба роҳ монд. Баъди ба фаъолият шурӯъ кардани тамоми корхонаҳо дар ин ҷо зиёда аз 500 ҷойи корӣ ба миён меоянд.
Роҳбари давлат маҳсулотеро, ки корхонаҳо дар ин ҷо ба маъраз гузоштаанд, тамошо кард. Яке аз ин корхонаҳо ба истеҳсоли шарбати анор машғул мебошад ва маҳсулоташро ба кишварҳои ҳамсоя содир менамояд. Боз як корхонаи дигар истеҳсоли сарулибос ва гилемҳоро ба роҳ мондааст, ки занонро бо шуғл таъмин мекунад.
Президент зарурияти созмон додани чунин минтақаҳои саноатиро дар ҳар кадом ноҳияи вилоят таъкид кард, супурд, ки фаъолияти ҳунармандӣ ва хонакориро дар маҳаллаҳо вусъат диҳанд. Супориш дода шуд, ки бо дарназардошти таҷрибаи дусола барномаи алоҳида бинобар рушди соҳибкории ҷавонон дар Сурхондарё қабул карда, бобати татбиқи он ҷалби 50 миллион доллар андешида шавад.
– Соҳибкорони ҷавони кунунӣ ин маҳсули Ӯзбекистони Нав мебошад. Онҳо дониш ва муносибатҳои нав доранд. Бинобар ҳамин ҳам минтақаҳои саноатиро бояд ба дасти ҷавонон супурд. Ин «фабрикаи лоиҳаҳо»-и тайёр барои ноҳияҳо хоҳад шуд. Шахсони масъул бояд танҳо ба корхонаҳо бобати ҷорӣ намудани инноватсияҳо ва ворид шудан ба бозорҳо кумак расонанд. Аз ҳама муҳимаш – арзиш, сифат, рақобат аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Баробари ин таъкид шуд, ки ҷавонони вилоят дар соҳаи варзиш имкониятҳои зиёд доранд, вале шароити мавҷуда бо якчанд намуди варзиш маҳдуд мебошад. Вобаста ба ин супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарор бинобар ҷалби ҷавонони сурхондарёӣ ба варзиш коркард шавад ва барои ин мақсад ҷудо кардани то 30 миллиард сӯм маблағ пешбинӣ гардад. Дар обанбори Учқизил пойгоҳи зарурӣ барои қаиқронӣ ташкил карда хоҳад шуд.
Дар худи ҳамин ҷо маҳсулоти саноати маҳаллӣ, лоиҳаҳои сармоявӣ намоиш дода ва пешниҳод шуданд. Дар вилояти Сурхондарё 82 лоиҳаи сармоявии арзиши умумиашон 4 миллиарду 600 миллион доллар татбиқ мегарданд. 4 миллиард доллари онҳо сармояҳои бевоситаи хориҷӣ мебошанд.
Дар доираи лоиҳаҳои мазкур молҳо бо арзиши иловагӣ, ҳамчунин даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои энергетика, кимё, маъданҳои кӯҳӣ, сохтмон, бофандагӣ ва дигар ҷабҳаҳои саноат истеҳсол мешаванд.