Президенти Фаронса ҷойҳои ҷолиби диққати Самарқандро тамошо кард

  • Президенти Фаронса ҷойҳои ҷолиби диққати Самарқандро тамошо кард

Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон бо сафари расмӣ ба кишварамон омада, ҳамроҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шабона дар Самарканд сайру гашт кард.

Сарони давлатҳо аз ансамбли меъмории Регистон, ки ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст, дидан карданд.

Меҳмони воломақом бо таърихи бунёди ин гавҳари меъмории шарқ, хусусиятҳои ороиши нотакрори он, рӯйдодҳои муҳим ва шахсиятҳои марбут ба ин макон ошно шуд.

Рамзист, ки сафари раҳбари Фаронса дар Самарқанд ҷараён дорад ва маҳз аз Регистон оғоз шудааст. Дар ин ҷо далелҳое зиёданд, ки аз қадим вуҷуд доштани муштаракоти таърихиии байни халқҳоямонро таҷассум кардаанд.

Аз ҷумла, Соҳибқирон Амир Темур – сарлашкари бузарг, ҳомии тиҷорат ва илм – ба дигаргуниҳои таърихие, ки дар Осиё ва Европа ба амал омадаанд, таъсири калон расонд. Дар асри XV дар Париж ба шарафи ӯ муҷассамаи «Озодкунандаи Аврупо» гузошта шуда буд. Амир Темур ва шоҳи Фаронса Карл VI мубодилаи паём кардаанд. Дар мукотиба ғайр аз масъалаҳои сиёсӣ ба муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ диққати калон дода мешуд.

Дар Фаронса бисёр асарҳои илмию бадеӣ ба Соҳибкирон ва Темуриёни бузург бахшида шудаанд. Файласуф ва нависандаи фаронсавӣ Волтер дар бораи Мирзо Улуғбек навиштааст ва Регистони азим дар романи нависандаи маъруф Жюл Верн бо муҳаббат тасвир шудааст.

Имрӯз дар ин майдон ҳайати вакилони Фаронса ҳозир аст. Азамат ва зебоии комплекс дар партави равшании меъморӣ меҳмононро мафтун кард.

Дар ин ҷо Шавкат Мирзиёев ва Эммануэл Макрон якҷоя ба сурат афтиданд.

Сипас президентҳо аз боғи таърихию этнографии “Шаҳри абадӣ” дар маркази байналмилалии сайёҳии “Роҳи бузурги абрешим” дидан карданд.

Дар маҷмааи мазкур рамзҳои асосии замони қадим муттаҳид гардида, нусхаҳои ҷузъиёти шинохташавандаи ҷойҳои ҷолиби шаҳрҳои таърихии Ӯзбекистон  барпо шудаанд. Дар ин ҷо дар баробари анъанаҳои миллӣ таърихи дипломатияи байналхалқӣ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, лаҳзаҳои маросими истиқболи сафирони Корея, Чин, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо, ки дар деворҳои қаср дар шаҳраки Афросиёб тасвир шудаанд, истифода шудааст. Мазмуну муҳтаво ва таърихи бадеии комплекс ба меҳмонон таассуроти калон бахшид.

Зимни суҳбати самимии роҳбарон қайд гардид, ки Самарқанд воқеан ҳамчун яке аз гаҳвораҳои қадимии тамаддуни ҷаҳонӣ машҳур буда, имрӯз ба маркази байналхалқии саммитҳо ва сайёҳӣ табдил ёфта истодааст.

Ба меҳмонон фарҳанги беҳамтои бадеӣ, халқиву амалӣ ва мусиқии халқи мо намоиш дода шуд.

Рӯйдодҳои асосии сафар, аз ҷумла музокироти сатҳи олӣ, фардо, 2 ноябр баргузор мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: