Шавкат Мирзиёев ба сохтмони Шаҳраки олимпӣ оғоз бахшид

  • Шавкат Мирзиёев ба сохтмони Шаҳраки олимпӣ оғоз бахшид
  • Шавкат Мирзиёев ба сохтмони Шаҳраки олимпӣ оғоз бахшид
  • Шавкат Мирзиёев ба сохтмони Шаҳраки олимпӣ оғоз бахшид
  • Шавкат Мирзиёев ба сохтмони Шаҳраки олимпӣ оғоз бахшид
  • Шавкат Мирзиёев ба сохтмони Шаҳраки олимпӣ оғоз бахшид
  • Шавкат Мирзиёев ба сохтмони Шаҳраки олимпӣ оғоз бахшид
  • Шавкат Мирзиёев ба сохтмони Шаҳраки олимпӣ оғоз бахшид
  • Шавкат Мирзиёев ба сохтмони Шаҳраки олимпӣ оғоз бахшид

9 ноябр дар Тошканд маросими гузоштани санги нахустин ба сохтмони иншооти Шаҳраки олимпӣ баргузор шуд. Дар он Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

Сарвари давлат дар оғози суханронии худ ҳамагонро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик гуфта, аҳамияти лоиҳаҳоро қайд кард.

– Мо роҳи худ, саъю кӯшиш ва нақшахои худро дорем. Мо боварӣ дорем, ки кори таърихие, ки имрӯз ба он шурӯъ карда истодаем, натиҷаҳои калон медиҳад. Ин боварӣ ба мо қувва мебахшад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар мамлакати мо оид ба оммавӣ гардондани варзиш ва дастгирии варзишгарон кори васеъмиқёс гузаронда мешавад. Дар давоми панҷ соли охир ба ин соҳа қариб 4 триллион сӯм ҷудо карда, 118 объекти калон ба истифода дода, 110 объект таҷдид карда шуд.

Ба шарофати таваҷҷуҳ ва фароҳам овардани шароит танҳо дар соли ҷорӣ варзишгарони мо дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ беш аз ҳазор медал ба даст оварданд. Аз ҷумла, дастаи мо дар олимпиадаи шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаи Ҳиндустон баргузор шуд, сазовори ҷои аввал гардид. Дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Конияи Туркия намояндагони мо бо касби 158 медал дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми дувумро касб карданд.

Ба шарофати чунин натиҷаҳо ва эътирофи ҷаҳонӣ ба Ӯзбекистон баргузории мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ вогузор карда мешавад. Соли 2021 дар шаҳри Тошканд чемпионати ҷаҳон оид ба вазнабардорӣ ва имсол чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар сатҳи баланд ташкил карда шуд. Соли оянда дар мамлакати мо чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ва бисёр мусобиқаҳои қитъавӣ барпо мегардад.

Аз ҳама пурсарусадо ва миқёси калонтарин чорабиниҳои дарпешистода Бозиҳои осиёӣ ва Пара-бозиҳои осиёии байни ҷавонон мебошанд, ки соли 2025 дар Тошканд баргузор мешаванд. Ҷавонони 45 мамлакати қитъаи мо қариб аз рӯи 20 намуди варзиш қувваозмоӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки чунин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ дар таърихи Ӯзбекистон бори аввал баргузор мешавад. Барои таъмини ташкили баланд лоиҳаи сохтмони шаҳраки ҳозиразамони олимпӣ тартиб дода шуд. Сарвари давлатамон борҳо бо ин лоиҳа шинос шуда, дастуру супоришҳо дод. Бо дарназардошти ин тавсияҳо лоиҳа якҷоя бо лоиҳакаши асосӣ – ширкати чинии CAMC Engineering ба анҷом расид.

– Боварӣ дорам, ки Шаҳраки олимпӣ тимсоли иқтидори баланди бунёдкоронаи халқи мо ва комёбиҳои бемисли варзиши Ӯзбекистон мегардад. Иншооти мазкур маҷмӯи замонавие, ки меъмории пешрафта, самарабахшии энергетикӣ ва ҳалҳои пешқадамтарини инноватсиониро фаро гирифтааст, хоҳад гардид, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Арзиши лоиҳа беш аз 289 миллион долларро ташкил медиҳад. Майдони шаҳр 100 гектар хоҳад шуд. Дар ин ҷо стадиони варзиши сабук ва футбол барои 10000 ҷой, 6 иншооти дарунӣ ва берунии варзишӣ, қасри варзиши обӣ, велотрек, маҷмӯъҳои ҷанги тан ба тан, намудҳои фармондеҳии варзиш сохта мешаванд.

–  Агар ба таърихи пуршарафи худ назар андозем, мебинем, ки ниёгонамон барои наслҳои оянда иморатҳои боҳашамат сохтаанд. Мо анъанаҳои наҷиби ниёгонамонро давом дода, дар мамлакатамон корҳои бузурги бунёдкориро анҷом дода истодаем. Албатта, чунин лоиҳаҳои азим бо саъю кўшиши муштараки одамони зиёд ва бо иштироки фаъолонаи мардуми заҳматкаши мо ба вуҷуд меоянд, –гуфт Президент.

Бояд гуфт, ки баъди мусобиқа комплекс холӣ намемонад. Баъдтар дар ин ҷо Вазорати рушди варзиш, федератсияҳои варзиш ва Академияи давлатии варзиши Ӯзбекистон ҷойгир хоҳанд шуд. Маҷмӯъҳо барои бо варзиш шуғл варзидани ҳамватанонамон  дастрас хоҳанд шуд.

Дар чорабинӣ варзишгарони маъруф, роҳбарони федератсияҳо, собиқадорони соҳа, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Президент Шавкат Мирзиёев ба таҳкурсии Шаҳраки олимпӣ санги асос гузошт.

–  Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакати мо лоиҳаҳои зиёд ба амал бароварда, торафт бештар объектҳо сохта мешаванд. Дар асоси ҳамаи ин меҳнати бузурги халқи бузурги мо, боварии онҳо ба оянда ниҳон аст. Худо хоҳад, ин гуна лоиҳаҳо боз ҳам зиёд мешаванд, – гуфт роҳбари давлат.

Дар маросим директори генералии Шӯрои олимпии Осиё Ҳусейн ал-Мусаллам, президенти Кумитаи паралимпии Осиё Маҷид Рашид, директори генералии CAMC Engineering Ли Ҳайсин, раиси Шӯрои собиқадорони ташкилотҳои варзишии Ӯзбекистон Баҳодир Махситов ва варзишгарон суханронӣ карда,  дар бораи шароит ва роли муҳими шаҳрчаи оянда фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

 

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: