Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 декабр дар доираи барномаи сафари корӣ дар шаҳри Дубай бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулокот кард.
Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди ду кишвар баррасӣ шуданд.
Ба амиқсозии кооператсия ва татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаҳои технологияҳои коммуникатсионӣ, дорусозӣ, илму маориф, тандурустӣ, тибби анъанавӣ ва йога таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.