СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР АНҶУМАНИ ДУЮМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ШИМОЛӢ

Муҳтарам ҷаноби Раис!

Муҳтарам ҷаноби Раис!
Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Иштирокдорони анҷуман!
Хонумон ва ҷанобон!
Ман аз он басо қаноатманд мебошам, ки тамоми иштирокдорони Анҷумани дуюми байналхалқии ҳамкории иқтисодии шимолиро шодбош мегӯям.
Ба Волоҳазрат Президенти Ҷумҳурии Куриё ҷаноби Мун Чже Ин барои даъваташ баҳри иштирок дар ин чорабинии муҳими бахшида ба масъалаҳои якҷо паси сар намудани оқибатҳои пандемияи коронавирус ва вусъат додани ҳамкории мо ташаккур мегӯям.
Дар шароити вазъи мураккаби  ҷаҳон ва буҳрони умумӣ маҳз чунин мулоқоти бисёрҷанба имкон медиҳад, ки муқовимат бо таҳдид ва хурӯҷҳои нав самарабахш  сурат гирифта, ба таъмин сохтани эътидол, беҳбуд ва рушди устувори кишварҳоямон мусоидат намояд.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Мо дар Ӯзбекистон ба «Сиёсати нави шимолӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Куриё, ки ба таъмин сохтани амният ва амиқ гардонидани ҳамкориҳои бисёрҷанба дар соҳати васеи Авроосиё мусоидат менамояд, баҳои баланд медиҳем.
Мехостам ба баъзе ҷиҳатҳои муҳими сиёсати минтақавӣ ва пешомади ҳамкориҳои тарафайни мо мухтасар таваққуф намоям.
Якум. Паҳншавии ҷаҳонии COVID-19 зарурияти ҳамкории қарин ва ҳамраъии васеи байналхалқии давлатҳои минтақаро собит кард.
Ба шарикони куриёӣ ва дигар ҳамкорони мо барои дастгириашон дар мубориза алайҳи ин иллат дар Ӯзбекистон миннатдорӣ баён мекунам.
Мо бинобар самтҳои зерин кори муштаракро пешниҳод менамоем:
– коркарди ваксинаҳо ва зардобҳои самарабахш, низоми ташхиси зуд ва дақиқи бемориҳо дар пойгоҳи кластери дорусозӣ, ки якҷо бо ширкатҳои куриёӣ бунёд карда мешаванд;
– созмон додани лабораторияҳои замонавӣ ва бозсозии нуқтаҳои назорати санитарӣ дар сарҳадҳои мо;
– тайёр кардани духтурони эпидемия ва вирусшинос бо иштироки мактабҳои олии пешқадами Ҷумҳурии Куриё;
– ташкил кардани корхонаҳо оид ба истифодаи партовҳои тиббӣ;
– ҷорӣ намудани низоми қаробати мониторинг ва ташхиси ибтидоии вазъи эпидемиологӣ дар минтақа.
Дуюм. Мо дар кишварамон ба Ҷумҳурии Куриё ба сифати яке аз интиқолдиҳандагони асосии технологияҳои рақамӣ ва «сабз»  баҳо медиҳем.
Ҳоли ҳозир бо иштироки ширкат ва бонкҳои машҳури Куриё дар Ӯзбекистон даҳҳо лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои технологияи баланд татбиқ карда мешаванд.
Мо ният дорем, ки минбаъд низ фаъолияти сармоягузорони куриёиро ҳамаҷониба дастгирӣ кунем ва рағбатнок намоем.
Ҳамчунин тайёрем дар Ҳамоиши байналмилалии шарикӣ барои рушди «сабз» ва мақсадҳои ҷаҳонӣ то соли 2030-юм, ки дар шаҳри Сеул баргузор мегардад, фаъолона иштирок кунем.
Сеюм. Мунтазам татбиқ сохтани «Сиёсати нави шимолӣ» зарурияти рушди гузаргоҳҳои самарабахши минтақавии нақлиётиро мушаххас намуд.
Сухан, пеш аз ҳама, дар бораи ба роҳ мондани хатсайрҳои Шоҳроҳи транссибир ва гузаргоҳи «Аврупои Ғарбӣ – Чини Ғарбӣ» бо лоиҳаи роҳҳои нави оҳан дар минтақаи мо меравад.
Дар чунин шароит Нимҷазираи Куриё метавонад пули муҳимтарини коммуникатсионие гардад, ки Минтақаи Уқёнуси Оромро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ пайвандад.
Дар сатҳи коршиносӣ баррасӣ намудани ин имкониятҳои нодирро пешниҳод менамоем.
Чаҳорум. Дар таҳкими шарикии мо Анҷумани «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Куриё» нақши муҳим мебозад.
Дар доираи он ташаббус ва лоиҳаҳои нав татбиқ мегарданд, ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои сармояҳо, инноватсияҳо, нақлиёт, нигаҳдории тандурустӣ, таълим ва фарҳанг вусъат пайдо мекунанд.
Баробари ин алҳол зарурияти воқеии дар ҳамкориҳои тарафайни мо ҷорӣ намудани дараҷаи нав, дараҷаи беш аз пеш баланд ва гузаронидани ҷамъомади Анҷуман бо иштироки сарони ҳукумати давлатҳои мо ба  миён омадааст.
Бовар дорам, ки мо якҷо Анҷумани «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Куриё»-ро ба механизми муассири пешбурди барнома ва лоиҳаҳои афзалиятнок табдил медиҳем.
Панҷум. Ӯзбекистон саъю кӯшишҳои фаъоли Президент Мун Чже Инро бинобар муваффақ шудан ба сулҳи мустаҳками Нимҷазираи Куриё ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад ва онҳоро ҳамчун саҳми муҳим бинобар таъмин сохтани амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ менамояд.
Дар Осиёи Марказии мо бобати фароҳам овардани минтақаҳои аз силоҳи ядрои озод таҷрибаи нодир ғун шудааст.
Шартномаи дахлдори дар ин бобат пешниҳоднамудаи Ӯзбекистон аз ҷараёни мураккаби ҳамдилии байни иштирокдорон гузашт ва кафолати зарурии кишварҳои бузурги ядроиро ба даст овард.
Алҳол ин механизми самарабахши сиёсиву ҳуқуқӣ таъмин сохтани амнияти ядроӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Барои мубодилаи васеи таҷриба баргузор намудани Анҷумани байналхалқии коршиносиро оид ба масъалаҳои даст кашидан аз силоҳи ядроӣ, созмон додани минтақаҳои аз силоҳи ядроӣ озодро пешниҳод менамоем.
Муҳтарам хонумон ва ҷанобон!
Ҷумҳурии Куриё ҳамкори махсус, шарики муътамади стратегии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад.
Таърихи робитаҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии кишварҳои мо ҳазорсолаҳои бисёрро дар бар мегирад.
Ин муносибатҳои дӯстона ба қаробати менталитетҳо, суннатҳои миллӣ ва урфу одатҳои мардуми мо асос мекунанд.
Омили муҳиме, ки алоқаҳои мустаҳками моро пойдор мекунад, ин дар Ӯзбекистон зисту зиндагӣ кардани намояндагони зиёди куриёӣ мебошад.
Ин шаҳрвандони мо дар рушди мамлакат саҳми сазовор мегузоранд.
Дар хотима мехостам изҳори эътимод намоям, ки Анҷумани кунунӣ барои рушди ҳамкориҳои дарозмуҳлат ва бисёрҷанбаи кишварҳои мо ба манфиати сулҳ ва шукуфоии тамоми минтақа пешомадҳои навро боз мекунад.
Барои эътиборатон ташаккур.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: