Вазири таълими олӣ, илм ва инноватсия бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ӯзбекистон мулоқот анҷом дод

6 март Вазири таълими олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конгратбай Шарипов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ӯзбекистон Олган Бекар вохӯрд.

Ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва дурнамои оянда табодули афкор намуданд.

Зимни мулоқот, ки дар фазои гарм сурат гирифт, масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла фаъолияти «Факултети тиббии туркӣ»-и Донишгоҳи илмҳои тиббии Ҷумҳурии Туркия, ки дар базаи  Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро таъсис ёфтааст, инчунин ҷорӣ кардани ихтисоси магистратура дар ин факултет баррасӣ шуданд.

Доир ба фаъолияти Мактаби олии ёрии тиббии тахассусӣ, ки дар ҳамкорӣ бо ин мактаби олӣ таъсис дода шудааст, дар бораи имкони кушодани ординатура, магистратура ва аспирантураи муштарак мубодилаи афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: