Дуруд ба парчамбардорони рӯзномаи таърихии «Овози тоҷик». Сипоси беҳисоб барои нашри мақолаи пурмеҳр.
(М. Шодиев, «Сарбози шуҷоъ дар арсаи эҷод», 20.08.2022, №66 – Идора). Аслан шумо сарбозу афсари далери арсаи рӯзноманигорӣ ҳастед. Чун хидмати хоксоронаи бандаро ёд кардед, Худо ҳамеша ёру мададгоратон бошад. Ба дастам расидани рӯзномаи гиромӣ ва мутолиаи мақола шоду сарфарозам карду пеши назарам моҳи октябри соли 1995-ро овард.
Он рӯзи нек банда дар сафи устодон Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ, Гулназар... ба даргоҳи муқаддаси «Овози тоҷик» даъват шудем. Суҳбати пурсафо бо ҳайати эҷодӣ баргузор шуд. Шавкат Ниёзов, – рӯҳашон шод бод! – муҳаррир буданд. Он лаҳзаи дилкушо ва сӯҳбати аҷибро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Зимнан дар он сафар банда шарафи суҳбату ошноӣ бо чанде аз пирони адабиёти Ӯзбекистони бародариро пайдо кардам...
Бешак рӯзномаи «Овози тоҷик» дар тӯли мавҷудияти худ бо талош, сеҳри қалам ва хиради кормандонаш дар парваридану сарсабз нигоҳ доштани ниҳоли армонҳои мардум, дӯстии халқҳо хидмати бузург кардаасту мекунад... Ин шумораи «Овози тоҷик»-ро банда чун ҳуҷҷати арзишманд дар хазинаам мегузорам.
Дигар ба аҳли идора бори дигар сидқан изҳори ташаккур намуда, бароятон тандурустӣ, кушоиши кору хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон.