Президент Шавкат Мирзиёев аз маҳаллаи Гулбозор дар ноҳияи Шайхонтаҳури пойтахт боздид намуд.
Ҳар як маҳалла анъана ва имконоти нодири худро соҳиб аст. Онҳо ба нуқтаҳои рушд табдил ёфта, барои фароҳам овардани ҷойҳои кор ва афзудани даромади аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Гулбозор дар қисми таърихии Тошканд, дар қарибии бозори Чорсу ҷойгир шудааст, ки ба он ҷо дар тӯли сол бисёр сайёҳони хориҷӣ меоянд. Аз ин рӯ, ноҳия барои хидматрасонии сайёҳон ихтисос ёфтааст. Дар кӯчаҳо ва иморатҳои маҳалла шароитҳои иловагӣ бо нигоҳ доштани намуди қадимии онҳо ба вуҷуд оварда шудааст.
Аз он ҷумла тамоми шабакаҳои коммуникатсионӣ аз зери замин гузаронда шудаанд. Дарвозаҳои даромад барқарор гаштаанд, айвони бузург бо сутунҳои нақшин, ки дар шафати он ҳавз ба вуҷуд оварда шудааст, бунёд гаштааст. Устохонаҳои дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ, нонвойхона, тарабхонаҳои таомҳои миллӣ, дуконҳои ҷавоҳирот ташкил гаштаанд. Намоишгоҳҳои «Таърихи нон» ва «Саёҳат ба Тошканди қадим» кушода шудаанд. Меҳмонхонаи сеситорадор қад меафрозад.
Кӯча қисме аз «ҳалқаи сайёҳӣ»-и ноҳияи Шайхонтаҳур мегардад. Хуллас, дар ин ҷо сайёҳон метавонанд муҳити таърихӣ ва ранги миллиро эҳсос намоянд.
Аҳли маҳалла ба роҳбари давлат дар бораи тағйирот дар маҳалла ва ҳаёти одамон нақл карданд. Дар маҳалла 2670 нафар истиқомат мекунад. Ба туфайли рушди савдо, ҳунармандӣ ва хидматрасонӣ маҳалла ҳудуде гардид, ки дар он шахси бекор вуҷуд надорад. Низоми «Ноҳияи бехатар» татбиқ гардид. Таъкид шуд, ки пас аз татбиқи ин лоиҳа имконоти хонаводаҳо барои ба даст овардани даромад ба андозаи назаррас зиёд гардид.
Президент либосҳои миллӣ ва маснуоти амаливу ороишии ҳунариро аз назар гузаронда, бо ҳунармандон суҳбат намуд.
Роҳбари давлат дар ҷашни суманакпазии маҳалла ширкат намуд. Занҳои солхӯрда аз сулҳ ва суботе, ки дар мамлакатамон ҳукмронӣ менамояд, изҳор намуданд. Шавкат Мирзиёев онҳоро бо моҳи Рамазон табрик намуд ва беҳтарин орзуҳоро изҳор кард. Барои сулҳ ва шукуфоии халқамон тиловат карда шуд.
Пешвои мамлакатамон ба шахсони масъул дар бобати идома додани рушди «ҳалқаи сайёҳӣ» ва бо шуғлфарогирии соҳаи сайёҳӣ супоришҳо дод.
– Маҷмааҳои замонавӣ дар ҳама ҷо вуҷуд дорад. Аммо мо сайёҳони хориҷиро бо таърихи бузурги мамлакатамон ба худ ҷалб менамоем. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ин маҳал ба маркази сайёҳии шабонарӯзӣ табдил дода шуда, теъдоди объектҳои этнографӣ афзуда, арзишҳои миллиамон намоиш дода шуда, ҷашнвораҳои гуногун баргузор карда шаванд, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
12 январи соли ҷорӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо оиди ба маротиб афзудани мавҷи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва минбаъд фаъолсозии сайёҳии дохилӣ» қабул гардида буд. Бинобар он кор бобати афзоиши теъдоди маҳалҳои сайёҳӣ, вусъат додани хидматрасонии фароминтақавии сайёҳӣ пеш бурда мешавад. Ба амал татбиқ намудани ин чорабиниҳоро дар мисоли маҳаллаи Гулбозор дидан мумкин аст.
Дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» дар маҳалла дарахтони боровар ва ороишӣ, гулҳо шинонда мешаванд.