Ӯзбекистон - Тоҷикистон - Туркманистон: шарикони стратегӣ ва ҳамсояҳои боэътимод

Президент Шавкат Мирзиёев имрӯз, 4 август дар мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ки дар Ашқобод баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Мулоқоти аввал дар ин формат ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва эътимоди мутақобила, идомаи муколамаи созанда дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли қобили қабули масъалаҳои мубрами се кишвар ва дар маҷмӯъ минтақа нигаронида шудааст.

Тавре интизор меравад, он таҷассуми амалии саъй ба минбаъд таҳким ва амиқтар кардани робитаҳои ҳамаҷониба дар асоси дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, таърихи муштарак, анъанаҳо, фарҳанг ва наздикии тамаддунии халқҳои се давлат хоҳад шуд.

Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистонро на танҳо омилҳои ҷуғрофӣ ва геосиёсӣ, балки чолишҳои муштараки марбут ба амнияти экологӣ ва иқтисодӣ ва рушди устувор ба ҳам пайвастаанд. Тавре маълум аст, беҳбуд ва таҳкими муносибатҳо бо ҳамсояҳо самти афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвари мост. Ӯзбекистон барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ иқдомоти бесобиқа меандешад.

Ба шарофати ин фазои сиёсии Осиёи Марказӣ ба таври назаррас беҳтар шуда, рӯҳияи ҳамсоягии ҳақиқӣ ва эътимоди мутақобила ташаккул ёфт. Раванди ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавӣ ба марҳалаи нав ворид шуд.

Аз ҷумла, оид ба марзҳои байнидавлатии Ӯзбекистон бо Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқоти таърихӣ ҳосил шуда, иртиботи нақлиётӣ байни кишвару шаҳрҳо барқарор гардида, табодули сафарҳои мутақобилан судманд дар сатҳҳои гуногун фаъол гардид. Ғайр аз ин, роҳҳои ҳалли масъалаҳои мураккаб, ба монанди истифодаи об, убури сарҳад, истифодаи коммуникатсияҳои нақлиёт дар сатҳи минтақаҳо пайдо шуданд.

Ин ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳои ҳамсоя таъсири мусбат расонд. Дар охири соли 2022 ҳаҷми муомилоти савдои хориҷии минтақавии Ўзбекистон нисбат ба соли 2016 3 баробар зиёд шуда, 7,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон моҳи марти соли 2018 механизми нави бисёрҷониба – баргузории мулоқотҳои машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд. Ва ин формат самаранокии худро исбот кард. 21 июли соли 2022 дар чаҳорчӯби Мулоқоти чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чӯлпон-отаи Қирғизистон се давлат “Шартномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI»-ро имзо кард.

Бояд гуфт, ки кишварҳои мо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили СММ, ИДМ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ғайра ҳамкориҳои муассирро инкишоф дода, ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд.

Идома додани инкишоф ва амиқсозии муносибатҳои се давлат ба манфиатҳои куллии халқҳои онҳо мувофиқ буда, ба таҳкими сулҳу субот, амният ва рушди устувори минтақа мусоидат мекунад.

Имрӯз дар рӯзномаи ҳамкориҳо ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, обу энергетика, экологӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Бо дарназардошти имконоти бузурги се кишвар дар соҳаи нақлиёт, логистика ва транзит, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия аҳамияти махсус дода мешавад. Барои самаранок истифода бурдани зарфиятҳои мавҷуда Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба фаъол кардани хатсайрҳои убур аз қаламрави се кишвар барои таъмини дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ, аз ҷумла ба баҳри Каспӣ ва Халиҷи Форс ва ҳамчунин ба самти Чин манфиатдор мебошанд.

Илова бар ин, ҳар се кишвар бо Афғонистон ҳамсарҳад аст. Дар ин замина муттаҳидсозии талошҳо барои ҳалли масъалаи Афғонистон дар раванди таъмини субот ва амнияти тамоми минтақа аҳамияти калидӣ дорад. Афғонистон як ҷузъи ҷудонашавандаи минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

Чӣ хеле ки Президент Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, «идомаи ҳамкории зич барои мусоидат ба сулҳи дарозмуддат дар Афғонистон ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии он бояд авлавияти аввалиндараҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ монад».

Бешубҳа, мулоқоти қарибулвуқӯи раҳбарони се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар Ашқобод барои ташаккули нақшаҳои возеҳи рафъи хатарҳои иқтисодие, ки бар асари номуайянӣ дар ҷаҳон афзоиш меёбад, таҳкими иқтидори тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва логистикии Осиёи Миёна, инчунин риштаҳои бародарӣ ва ҳамсоягии нек дар тамоми минтақа замина мегузорад.

 

АИ “Дунё”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: