БЕҲТАРИН ОИЛАИ ВИЛОЯТИ НАМАНГОН

Оила гаҳвораи қадриятҳо буда, расму оин, анъана, одобу ахлоқ, дӯстию рафоқат ва тарбияи фарзандон дар оила ба роҳ монда мешавад.

Солҳои охир дар мамлакатамон ба ҷузъи асосии мамлакат – оила эътибори алоҳида нигаронида мешавад, ки боиси серию фаровонии онҳо гардидааст.
Дар саросари кишвар бо ташаббуси Кумитаи давлатии оила ва занону духтарон озмун-азназаргузаронӣ таҳти унвони «Беҳтарин оилаи Ӯзбекистони Нав» баргузор мегардад.
Чанде пеш дар Маркази маданияти ноҳияи Давлатободи шаҳри Намангон марҳилаи вилоятии озмун баргузор шуд. Дар он 14 беҳтарин оилаи намунавие, ки дар зинаи шаҳриву ноҳиявӣ ғолиб шуда буданд, иштирок карданд. Иштирокчиён маводро аз рӯйи шартҳои шиносоӣ бо оила, силсилаи суратҳо, видеоролики седақиқаина таҳти номи «Ин оилаи ман» ба ҳукми ҳакамон ҳавола карданд.
– Мақсад аз гузаронидани чунин озмун ва чорабиниҳо баробари муайян кардани оилаҳои беҳтарин, байни дигар оилаҳои вилоят оммавӣ гардондани фаъолияти онҳо мебошад, – гуфт ҷонишини ҳокими вилоят Динора Ёқубова.
Дар ҷамъбаст оилаи Наримон Деҳқонов аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Орзуи ноҳияи Давлатобод беҳтарин оилаи вилоят эълон карда шуд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: