Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 феврал ҳайатро таҳти роҳбарии муовини Раиси Ҳукумат – вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Денис Мантуров ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози музокира муовини Раиси Ҳукумат Денис Мантуров саломи самимӣ ва орзуҳои беҳтарини Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро ба роҳбари давлатамон расонд.
Масъалаҳои татбиқи қарордод ва созишномаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки бинобар натиҷаи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Русия дар рӯзҳои 5-7 октябри соли 2023 қабул шуданд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки дар охири соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба 6,6 фоиз афзуд. Лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, металлургия, кимиё, дорусозӣ ва дигар соҳаҳои саноат амалӣ карда мешаванд. Ба натиҷаҳои пурсамари ҷаласаҳои комиссияи байниҳукуматӣ, форумҳои байниминтақавӣ, таълимӣ ва тиббӣ дар соли 2023 баҳои баланд дода шуд.
Ба аҳамияти нигоҳ доштани суръати афзоиши савдои мутақобила, инчунин пешбурди минбаъдаи лоиҳаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар майдони Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром. Осиёи Марказӣ», ки моҳи апрели соли ҷорӣ бори сеюм дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, таваҷҷуҳи махсус дода шуд.