ҲУНАРПЕША ОФАРАНДАИ ЗЕБОИСТ

Дар осорхонаи Устод Айнӣ дарси маҳорати кашидадӯзи номдор, соҳиби медали «Шуҳрат», иштирокчии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ Мавлуда Ҳамдамова баргузор гардид.

Дар он ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд иштирок намуда, асрори гулдӯзиро омӯхта, аз асарҳои тайёри мураббӣ нусхаҳо бардоштанд. 
– Дар асарҳои Устод Айнӣ нисбати санъати тасвирӣ маводи фаровон мавҷуд, – иброз дошт директори хона-музей Амриддин Пӯлодӣ, – барои ҳамин мо тасмим гирифтем, ки дар осорхона дарси маҳорат ташкил диҳем. Фаромӯш накунем, ки ҳунарпеша офарандаи зебоист. Бузургони мо насиҳат кардаанд:
Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест, 
Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест!
Аҷиб ва мояи ифтихор аст, ки ҳатто сайёҳони хориҷӣ ҳангоми зиёрати хона-музейи Устод Айнӣ ба касбу ҳунари гузаштагони мо мароқ пайдо карда, бо ҳавас ба матои гулдӯзӣ нигаристанд.
Таъкид бояд кард, ки ҳавасмандон метавонанд дар дарси маҳорати кашидадӯзӣ ширкат варзида, истеъдоди хешро сайқал диҳанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд. 
Дар акс: лаҳза аз тадбир.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: