Ба Президент Шавкат Мирзиёев 26 феврал дар бораи рафти иҷрои супоришҳое, ки дар ҷамъомади васеи Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода шудаанд, маълумот тақдим карда шуд.
Ҳисоботи вазири мудофиа оид ба рафти иҷрои вазифаҳои ба миён гузошташуда ва корҳо оид ба боз ҳам баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва қобилияти ҷангии қӯшунҳо, бо аслиҳа ва техникаи муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардонидани онҳо, такмили фаъолияти корпусҳои сержантии Қувваҳои Мусаллаҳ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон шунида шуд.
Аз ҷумла, дар муддати кӯтоҳ корҳо оид ба такмил додании ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба баланд бардоштани омодагии ҷангии қӯшунҳо ва омодасозии хидматчиёни ҳарбӣ, таҳкими интизоми ҳарбӣ дар қисмҳо ва зершуъбаҳо анҷом дода шуданд.
Ба чорабиниҳо оид ба рақамигардонии фаъолияти қӯшунҳо таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд. Кори тадриҷан ҷорӣ намудани низомҳои замонавии идоракунии автоматиконидашуда, инчунин такмил додани системаи алоқа қайд карда шуд.
Муҳимияти идомаи корҳо оид ба такмили сохтори Қувваҳои Мусаллаҳ, муҷаҳҳаз сохтани артиши миллӣ бо аслиҳа ва техникаи муосири ҳарбӣ, инчунин рушди маҷмӯи мудофиавӣ-саноатӣ қайд карда шуд.
Сарвари давлат вобаста ба ҷамъбасти маърӯза оид ба боз ҳам такмил додани фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар як қатор супоришҳо дод.